Осиёи Марказӣ ягона минтақаест дар ҷаҳон, ки кишварҳои он ба уқёнуси роҳи баромад надоранд. Равуо ва логистика байни давлатҳо бо роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ сурат мегирад. Аммо сарфи назар аз сарҳадҳои умумӣ, дар чанде аз ҳолатҳо рафтан ба кишвари ҳамсояи наздиктарин хеле душвор ва баъзан ҳатто умуман ғайриимкон аст.
Дар бораи хусусиятҳои хатсайрҳо дар дохили минтақаи Осиёи Марказӣ маълумот манзуратон мегардонем.
Минтақаи Осиёи Марказӣ 5 кишвар: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистонро дар бар мегирад. Қаламрави он ба таври кофӣ васеъ - каме бештар аз 400 млн гектарро ташкил медиҳад. Ин ягона минтақаест дар ҷаҳон, ки кишварҳои он ба Уқёнуси ҷаҳон роҳи баромад надоранд.
Ҳар кадоме аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба ин ё он гунае бо сарҳадҳои умумӣ ба ҳамдигар пайваст мешаванд. Дарозтарин сарҳад байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон мегузарад, ки масофааш зиёда аз 2,3 ҳазор километрро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон - Ӯзбекистон: бо велосипед (дучарха) ҳам мешавад
Тоҷикистон бо ду кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳаммарз аст.
Аз соли 2018, пас ифтитоҳи деринтизори сарҳад байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва бекор шудани реҷаи раводид (виза), сокинони ду кишвари ҳамсоя метавонанд бидуни монеъа ба давлатҳои ҳамдигар равуо кунанд.
Имрӯз аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва бозпас баргаштан метавон бо тарзу воситаҳои гуногун сафар кард. 16 гузаргоҳи амалкунандаи сарҳадӣ имкон медиҳанд, ки ҳам бе мошини шахсӣ ва ҳам тариқи он ё автобуси мусофирбар сафар кард.
Хатсайри заминӣ бахусус барои сокинони вилояти Суғд қулай аст, зеро дар он ҷо 12 гузаргоҳ байни кишварҳо амал мекунад. Ҷолиб аст, ки сокинони минтақаи шимоли Тоҷикистон нисбат ба пойтахти кишвари худ, ба пойтахти кишвари ҳамоя тезтар мерасанд.
Масалан, аз Хуҷанд ба Тошканд бо убури гузаргоҳи “Фотеҳобод-Ойбек”, ки гузаргоҳи нисбатан сермошину сермусофир аст, дар се соат расидан мумкин аст.
Автобусҳои мусофирбар натанҳо байни Хуҷанд ва Тошканд, балки миёни Хуҷанд ва Қӯқанд, Душанбе ва Тирмизу Деҳнав, Панҷакент ва Самарқанд равуо мекунанд.
Байни давлатҳои минтақа хатсайрҳои ҳавоӣ низ роҳандозӣ шудаанд, лекин онҳо танҳо байни ду пойтахтҳо амал мекунанд.
Ҳамчунин дар як ҳафта як маротиба байни Душанбе ва Тошканд қатораи мусофирбар равуо мекунад. Дуруст аст, ки дар ин роҳ қариб як шабонарӯз вақт сарф мешавад. Қатора тариқи тамоми вилояти Суғд ва якчанд шаҳрҳои Ӯзбекистон мегузарад.
Кушода будани сарҳад натанҳо ба рушди сайёҳии байнулмилалӣ, балки таҳкими шарикии иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни кишварҳо мусоидат мекунад.
Бино ба маълумоти Агентии омори Ӯзбекистон, соли 2023 сайёҳон ба ин кишвар аз ҳама бештар аз Тоҷикистон (зиёда аз 2 млн нафар) омадаанд. Соли гузашта ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо беш аз 750 млн долларро ташкил дод.
Тоҷикистон - Қирғизистон: начандон осон аст
Аммо вазъият бо кишвари дигари ҳамсояи Тоҷикистон чандон хуб нест. Соли 2021 баъди даргириҳои хунин дар марзи Тоҷикистону ҳамсоякишвар, Қирғизистон якҷониба тамоми марзҳояш бо Тоҷикистонро баста буд.
Имрӯз аз Тоҷикистон ба Қирғизистон бо ягон намуди нақлиёт бевосита рафтан имкон надорад. Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон ба таври истисно танҳо ба як гурӯҳи муайяни шахсон иҷозаи вуруд медиҳад.
Ҳатто тавассути кишварҳои сеюм низ ба ин кишвар рафтан ғайриимкон аст. Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар сомонаи худ ҳушдор додааст, ки "вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қирғизистон ва ё транзити онҳо ба кишварҳои дигар тавассути қаламрави Қирғизистон ҳамчунон манъ боқӣ мемонад".
Дар ҳамин ҳол, барои шаҳрвандони Қирғизистон чунин манъкуниҳои мутақобила вуҷуд надорад. Онҳо метавонанд тавассути кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон биёянд ва роҳи осонтарини он аз Тошканд ё Алмато аст.
Сарҳадҳои баста ба муносибатҳои дуҷониба таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳаҷми савдои дуҷониба миёни кишварҳо беш аз 3 баробар коҳиш ёфт: аз 49,6 млн доллар дар соли 2018 то 15 млн доллар дар соли 2022.
Тоҷикистон - Қазоқистон: бо мошин ҳам мешавад
То Қазоқистон тоҷикистониён бо якчанд роҳу восита сафар карда метавонанд. Масалан, сафар кардан аз Хуҷанд ба қисмати ҷанбуии ин кишвар - шаҳри Чимкент он қадр душвор нест: метавон бе мошин ё воситаи нақлиёти шахсӣ сафар кард. Танҳо шуморо лозим меояд, ки иловатан сарҳади Ӯзбекистонро ҳам гузаред.
Дар омади гап, аксари тоҷикистониён, ки асосан муҳоҷирони корӣ мебошанд, бинобар сабаби арзон афтиданаш, маҳз ҳамин хатсайрро интихоб мекунанд.
Ба шаҳрҳои Алмато ва Остонаи ин кишвар бо ҳавопваймо ҳам сафар кардан мумкин аст, лекин танҳо аз шаҳри Душанбе.
Айни замон аз Тоҷикистон ба Қазоқистон автобусҳо ва қатораҳои мусофирбар равуо намекунанд.
Ӯзбекистон: ҳамсояе, ки бо ҳама кишварҳо ҳамсарҳад аст
Ӯзбекистон ягона кишваре дар минтақа аст, ки бо ҳамаи давлатҳои ҳамсояи худ сарҳади умумӣ дорад.
Аввали соли 2023 Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҷараёни аломатгузориро дар марзҳо ба охир расониданд. Имрӯз байни кишварҳо 9 гузаргоҳ амал карда, ба сокинон имкон медиҳад, ки бидуни монеъа марзро ҳатто бо шиносномаи дохилӣ гузаранд.
Сафар аз як кишвар ба кишвари дигар бо мошин асосан барои сокинони вилояти Андиҷони Ӯзбекистон ва вилояти Ӯши Қирғизистон қулай аст.
Аз Тошканд ба Бишкек тариқи автобуси мусофирбар дар 10 соат расиданн мумкин аст. Байни пойтахтҳои ду кишвар хатсайри ҳавоӣ ҳам амал карда, вақт дар роҳ каме бештар аз 1 соат аст.
Ҳамагӣ чанд рӯз пеш раванди аломатгузории сарҳади давлатӣ байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон, ки 19 сол давом кард, ба анҷом расид.
Барои убури дарозтарин марзи минтақа байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон 5 гузаргоҳ фаъолият дорад ва яке аз сермошину сермусофири он гузаргоҳи «Жибек-Жоли – Гишт-Куприк» (собиқ Черняевка) мебошад, ки дар наздикии шаҳрҳои бузурги Сариагач (дар Қазоқистон) ва Тошканд (дар Ӯзбекистон) воқеъ аст.
Тариқи гузаргоҳи мазкур, ки шабонарӯзӣ кор мекунад, ҳамарӯза ҳазорон шаҳрвандон, садҳо мошину даҳҳо автобусҳои байнулмилалӣ мегузаранд.
Тариқи автобус аз Тошканд метавон ба Алмато, Қизилорда, Остона, Туркистон ва Чимкент сафар кард. Ҳамчунин байни Тошканд ва Алмато қатораи мусофирбар равуо мекунад. Вақт дар роҳ қариб 18 соатро дар бар мегирад.
Байни пойтахти Ӯзбекистон ва шаҳрҳои Алмато ва Остонаи Қазоқистон хатсайрҳои ҳавоӣ роҳандозӣ шудаанд.
Бо Туркманистон чӣ хел?
Туркманистон ягона кишвари пӯшида (баста) дар минтақа аст. Барои сафар ба он ҷо натанҳо раводид, балки даъватнома ва иҷозаи вуруд ҳам гирифтан лозим аст.
Туркманистон бо ду кишвари минтақа - Ӯзбекистон ва Қазоқистон ҳамсарҳад аст. Байни онҳо хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ амал намекунанд.
Бе ин ҳам Туркманистон бо ҳеҷ кадоме аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ надошта, қатораҳо ҳам равуо намекунанд. Аз Ашқобод ба Алмаато, Тошканд ё Душанбе тавассути Истанбул сафар кардан имкон дорад.
Ба Туркманистон аз кишварҳои ҳамсоя танҳо тариқи гузаргоҳҳои заминӣ, ки онҳо ҳам танҳо рӯзона кор мекунад, ворид шудан мумкин аст. Лекин дар ин ҳолат ҳам барои вуруд ба Туркманистон раводиди амалкунанда доштан лозим аст.
Бо Ӯзбекистон 3 гузаргоҳ амал мекунад: аз вилояти Лебоб ба Бухоро, аз ноҳияи Дашогуз - ба Ургенҷ ва аз вилояти Кёнеургенҷ - ба Нуқус.
Сарҳади Туркманистон ва Қазоқистон кӯтоҳтарин барои ҳарду кишвар аст. Байни онҳо ҳамагӣ 1 гузаргоҳ амал мекунад, ки вилояти Балкани Туркманистонро бо вилояти Мангистауи Қазоқистон пайваст мекунад.
Мебояд гуфт, ворид шудан ба кишвари пӯшидае, ки дар наздикии баҳри Хазар воқеъ аст, танҳо барои сайёҳон душвор аст. Айни замон Туркманистон дар ҳамдастӣ бо ҳамсояҳои минтақаи худ дар якчанд лоиҳаи бузург дар соҳаи нақлиёт иштирок карда, ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика ва тиҷоратро тақвият медиҳад.