Дар шаҳри Истаравшан як ҷавон хоҳарбузургашро бо корд кӯшта, “хушдор”-и ӯро захмӣ кардааст. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст.
Манбаъ аз ин ҷавон Ҳукмиддин Салоҳиддинови 38-сола, сокини ҷамоати Гули сурхи шаҳри Истаравшан ном бурдааст, ки барои куштори хоҳарбузурги худ Шодиой Салоҳиддинова ва қасди куштори Шаҳзод Раҳимови 30-сола, марде, ки бо хоҳараш муносибат дошт, боздошт шудааст.
Ҳодиса 26-уми августи соли ҷорӣ дар хонаи саҳроӣ рух дода, ҷавон бо мақсади муҳокимаи муносибати хоҳараш бо Шаҳзод Раҳимови 30-сола ӯро ба мавзеи мазкур мебарад ва ӯро бо 9 зарби корд ба ҳалокат мерасонад.
“Гумонбаршуда махсус ин макони хилвати аз чашми мардум дур воқеъбударо интихоб мекунад, то бо Шаҳзод Раҳимови 30-сола муносибати ошиқона доштани хоҳарбузургашро муҳокима намояд. Аммо баҳси лафзӣ миёни апаву додар ба фоҷеаи хунин анҷомидааст” – шарҳ додааст ин ниҳод.
РВКД дар вилояти Суғд мегӯяд, худи ҳамон рӯз, 26-уми август Ҳукмиддин Салоҳиддинов дар канори роҳи хиёбони Истиқлоли шаҳри Истаравшан бо корд ба гардани Шаҳзод Раҳимов мезанад ва ӯ аз дасти ҷавон раҳо хурда, ҷон ба саломат мебарад.
“Аз сабаби муносибати наздики “дӯстӣ” доштани онҳо оилаи хоҳарам вайрон шуд ва шавҳараш ӯро талоқ дод. Ман пеши худ мақсад гузоштам, ки он ҷавонро ҷазо диҳам”, -иқрор мешавад Ҳукмиддин Салоҳиддинов дар наворе, ки Раёсат пахш кард.
Нисбати Салоҳиддинов барои одамкушӣ ё моддаи 104-и парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ин ҳодисаи хунини дуюм аст, ки ҳафтаи мазкур дар шаҳри Истаравшан рух додааст. Санаи 31-уми август Илҳом Раззоқови 26-сола ҳамсараш Баҳринисо Боқиеваи 22-соларо дар таҳхонаи манзили истиқоматиаш бо роҳи буғӣ кардан ба қатл расонида, талош менамояд, ки ҳодисаро худкушӣ вонамуд созад.
Сабаби куштор фишори хушдоман ва фазои носолими оилавӣ гуфта мешавад.
Раззоқов ҳам дар боздошт буда, маълум нест, ки бар зидди ӯ бо кадом модда парванда боз шудааст.
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакплулӣ ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
“Лағви комили раводид”. Сафири Тоҷикистон дар Эрон омили асосии рушди тиҷоратро гуфт
Заминҳои номуносиб барои зиндагӣ. Ҳолати 30%-и заминҳои кишт дар Тоҷикистон хуб нест
Ҷаримаи як сокини Душанбе барои парвариши асп
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ташнаи об болои дарахти чормағз”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста