Бисту панҷ сол муқаддам, замоне, ки кишвар акнун андак-андак худро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ берун мекашид, вале ҳанӯз ҳам дар кӯчаҳои Душанбе камондорон гашту гузор мекарданд, замоне ки ҳанӯз ҳам сӯйқасдҳо ба ҷони журналистон идома дошт, бо ибтикори чанд тан аз ҷавонони бедори миллат Анҷумани миллии расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) арзи ҳастӣ кард.
Ин созмон аз ҳамон рӯзи таъсисаш пеши худ ҳадаф гузошт, то дар таҳкими решаҳои озодии сухану матбуот, дифои журналистон дар ҳолатҳои муқаррарию изтирорӣ, тарбияи журналистон аз рӯйи талаботи журналистикаи байналмилалии муосир саҳмгузор бошад. Роҳи тайкардаи Анҷумани мазкур баёнгари он аст, ки пайваставу пайгирона аз пайи амалӣ намудани ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии хеш аст.
Домани фаъолияти НАНСМИТ (номи русии АМВАОМТ) бисёр фароху бисёрҷабҳа аст. Онро шартан, метавон ба шаш самт тақсимбандӣ кард.
Нахуст, саъю талош дар роҳи таҳкими ҳамбастагӣ, якпорчагӣ такомули инсонию касбии журналистони кишвар. Анҷуман бо ҳар роҳу шева, бо ҳар сабабу баҳона, яъне семинар, тренинг, пресс-тур, сафарҳои дохиливу хориҷӣ журналистонро бо ҳам меорад, то онҳо муттафиқ, дорои ахлоқи ҳамида, рафтори нек, ба идеалҳои олии пешаи рӯзноманигорӣ, чун бағаразӣ, бекинагӣ, дастгирии ҳамдигарӣ, ҳимматбаландӣ, башардӯстӣ содиқ бошанд.
Дуввум, Анҷуман дар таҳияи қонунҳо ва асноди ҳуқуқию меъёрӣ фаъолияти муваффақ доштааст. Аз ҷумла, дар таҳияи тарҳи Қонун «Дар бораи матбуот ва васоити дигари ахбори омма» ва дар таҳриру иловаҳо ба он раиси Анҷуман шомили гурӯҳи корӣ буда, дар баррасӣ ва такмили он ширкати мустақим ва фаъол доштааст.
Маҳз бо ибтикори Анҷуман тайи соли 2008-2009 «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» таҳия гардид. Ҳамзамон Созмони танзимкунандаи фаъолияти журналистон бо номи Шӯрои васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид.
Саввум, фаъолияти Анҷуман дар самти дифоъ аз озодии сухан ва ҳуқуқи журналистон аст. Ҳар куҷое болои журналисте фишоре эҳсос мешавад, ҳар куҷое хавфу хатаре барои ба ҳампешагон ба назар мерасад, Анҷуман аз пайи ҳимояи манфиатҳои ӯст. Раиси Анҷуман ё худаш бо мақомоти зидахл вориди баҳсу гуфтушинид мешавад ё тавассути адвокати хеш ба ҳимояи ҳампеша худ мехезад. Дар ин маврид метавон даҳхо мисолҳо овард. Мо худ борҳо шоҳиди чунин ҳодисаҳо ҳастем. Алҳол Анҷуман дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар намояндагии хешро ифтитоҳ кардааст, ки дар ҳайати хеш вакилони дифоъ доранд.
Чаҳорумин, коре, ки Анҷуман анҷом медиҳад ин баргузории семинару тренингҳои омӯзишӣ барои журналистон аст. Мавзуъҳои омӯзиш рангоранг ва дархури фаъолияти рӯзмарраи журналистҳо ҳастанд: «Дастрасӣ ба иттилоот», «Таҳқиқоти журналистӣ», «Амнияти журналист», «Журналистика ва низоъҳои марзӣ», «Этикаи журналистӣ», «Журналистикаи позитивӣ», «Далелсанҷӣ», «Ҳуқуқ ва масъулиятҳои журналист», «Журналист ва маҳкамаҳои додгоҳӣ», “Журналистикаи экологӣ” ва даҳҳо мавзуъоти мубраме ҳастанд, ки Анҷуман перомуни онҳо дарсҳои омӯзишӣ баргузор намуда, дар такомули донишҳои ҳурфавии рӯзноманигорон саҳми бориз гузоштааст.
Панҷумин самти фаъолияти Анҷуман- ин иштирок дар конфаронсҳо ва ҳамоишҳои ватаниву байналмилалӣ ва навиштани мақолаҳову гузоришҳо, доир намудани пурсиши афкор, баргузории мониторингҳост.
АМВАОМТ-ро бе номи сарвари он Нуриддин Қаршибоев наметавон тасаввур кард. Яъне НАНСМИТ ва Нуриддин Қаршибоев тавъам ҳастанд ва яке дигарро комил мекунанд. Ҳанӯз даҳ сол қабл созмони ҷамъиятии байналмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» Нуриддин Қаршибоевро ба феҳрасти 100 нафар қаҳрамони иттилоотӣ шомил карда буд.
Ба қалами Нуриддин Қаршибоев беш аз 700 мақола мансуб буда, шояд дар беш аз ҳазор маҳфил гӯяндагӣ ва сарварӣ кардааст. Ба вижа, навиштан ва интишори мақолаҳои аксар таҳлилӣ худ баёнгари он аст, ки ин кас сад дар сад ҳаққи маънавии арзёбӣ намудани матлабу гузоришҳои матбуотӣ ва радиоиву телевизионӣ ҳастанд.
Яъне худашон чун улгу навиштанро ба дигарон бо қалами хеш нишон додаанд. Зеро, мутаассифона, нафарони зиёде ҳастанд, ки дар суханварӣ баландпарвоз ҳастанд, дар сухан осмонро оварда, ба замин мечаспонанд, вале дар амал ҳеч нерӯе, қудрате, тавоне, ҳунаре надоранд. Аз ин ҷост, ки шогирдҳо ба чунин носеҳон ва суханпардозон камтар бовар мекунанд. Хушбахтона, Қаршибоев назарияро бо амалия тавъам, кардаанд.
Шашум, тадвин ва омода намудани китобҳои гуногуни раҳнамои марбут ба паҳлӯҳои журналистикаи байналмилалии муосир бо забонҳои гуногун. Як қисм аз ин китобҳо китобҳои тарҷумашуда ҳастанд, ки такмили дониши назариявии хабарнигорон аҳамияти бузург доранд.
Вале сабаби муваффақ шудани Анҷумани расонаҳои миллии хабарии мустақили Тоҷикистон ҳатто дар донишҳои комили назариву амалии раҳбари он нест. Рози чунин маҳбубият дар шахсият ва одамияти сарвари Анҷуман нуҳуфтааст. Нуриддин Қаршибоев чун писари оҳангар, ҳунарманде, ки аз оҳан табару тешаву досу каланду путку шамшер месозад, як шахси заҳматкашу хоксору ботамкин, дар дӯстӣ устувор аст. Барояш мафҳуми маҳал вуҷуд надорад. Бо ҳама ҳамкорону дӯстону рафиқону шогирдон бархӯрди яксон, мутавозин ва эҷодиву корӣ дорад. Ҷаҳонгашта аст. Кишваре дар қитъаи Осиёву Амрико намондааст, ки вай нарафта, надида ва паёми Тоҷикистонро онҷо набурда бошад.
Нуриддин Қаршибоев асосгузори мактаби журналистикаи позитивӣ дар Тоҷикистон аст. Бо дастуру ҳидоят ва раҳнамоии ӯ тайи даҳ соли ахир садҳо маводи ҷолибу хонданӣ дар мавзуъи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Қирғизистон омода ва нашр шуданд. Ин худ баёнгари рисолати башардӯстӣ, сулҳофаринӣ, таҳаммулпазирӣ доштани матлабҳо ва фаъолияти созандаи хабарнигорони тоҷик аст. Интишори ин матлабҳо дар расонаҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ дар коҳиш ёфтани низоъ ва ташаннуҷ дар минтақаҳои доғи марзӣ нақши муассир бозиданд.
Яке аз бартариятҳо, афзалиятҳо ва вижагиҳои Нуриддин Қаршибоев ба тафовут аз дигарон дар он аст, ки ӯ ҳамеша дар ҳама ҷо, дар ҳама маврид, ҳангоми омода кардани гузоришҳо, мақолаҳо ва матни суханрониҳо пеш аз ҳама манфиатҳои миллиро дар қадами аввал мегузоранд. Дар маҳфилҳо, ҷаласаҳо, мусоҳабаҳо, ҳамоишҳое, ки дар дохили кишвар баргузор мегарданд, бо забони ноби форсии тоҷикӣ суҳбат мекунад. Ба мақом ва рисолати забони миллӣ арҷ мегузорад. Ин дар ҳолест, Нуриддин Қаришибоев забонҳои русиву тоҷикиву англисиро хуб балад ҳастанд.
Нуриддин Қаршибоев ҳамеша хушлибос, хуштабъ, хушмуомала, хушчеҳра, хушсимо, хушдилу хушгил аст.
Ӯ як шахси дилогоҳ аст. Ҳамеша аз ҳоли ҳампешагон хабар мегирад ва ба ҳангоми зарурат ба эшон дасти ёриву муҳаббат дароз мекунад.
Нуриддин Қаршибоев тавонистааст мактаби сарварӣ ва донишандӯзии худро таъсис бидиҳад. Умед бар он дорем, ки шумораи шогирдони ин мактаб пайваста афзун мегардад.
Роҳе, ки тайи 25 сол АМВАОМТ тай кардааст, бидуни шак, ҳаргиз роҳи суфтаву ҳамвор набудааст. Шахсе, ки ҳаракат мекунад, дар ҷустуҷуву дар такопӯст, шебу фарозро мепаймояд, пойҳояш силиҳои сангҳои сари роҳро кам намехӯрад. Ин як амри воқеист. Мутмаинем, ки Анҷумани мазкур шоҳроҳеро, ки интихоб кардааст, сарфи назар аз сангу харсангҳои сари роҳ, бидуни калавишу инҳироф идома медиҳад. Ба ин мусофири роҳи ҳақ, пуштибони озодии сухану адолату шукуфоӣ сарбаландӣ ва тавфиқ таманно дорем ва мегӯем: “Хаста набошӣ, ай марди роҳ!”
Дар Тоҷикистон ҷувории худӣ намерасад. Барои харидани он миллионҳо сарф мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳомони ҳилагар”
“Истиқлол” дар бозии панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 ҳам шикаст хӯрд
Ваъдаи берун кардани Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ дар Русия. Шойгу дар Кобул чӣ гуфт ва чӣ шунид?
Роҳбари ВТБ: Бе муҳоҷирон иқтисоди Русия аз нафаскашӣ бозмемонад
Хатсайри автобус миёни Хуҷанд ва Новосибирск. Ҷадвали ҳаракат ва арзиши чиптаи онро муайян кардем
Дар Тоҷикистон лимону сабзӣ арзон ва гӯшту шир қимат шуданд
“Модарам мехонд, ман ҳифз мекардам”. Фараҳбахш бо вуҷуди нобино будан, чӣ тавр дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ғолиб шуд?
Тоҷикистон ҳам аз хидматрасонӣ ба корти UnionPay-и “Газпромбанк” даст кашид
“Онҳо моро одам ҳисоб намекарданд”. Чаро тоҷики хориҷшуда дигар ба Русия рафтан намехоҳад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста