Чанд вақти охир корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ мекунанд, ки баъди насби ҳисобкунакҳои нав ва гузаштан ба низоми биллингии барқ ба онҳо паём меояд, ки аз истифодаи барқ маблағҳои зиёд қарздоранд. Дар ҳоле, ки онҳо аз барқ қарздор набуданд ва дар моҳҳои аввали пайваст шудан ба низоми биллингӣ ҳам дар бораи қарздор буданашон паёмак намеомад.
Дар нишасти матбуотии “Барқи тоҷик”, ки имрӯз, 6-уми август баргузор шуд, масъулини ҶСК “Шабакаҳои тақсимот барқ” ин муамморо шарҳ доданд.
Муҳаммад Ғуломов, менеҷери Раёсати назорати тақсимоти барқи ҶСК “Шабкаҳои тақсимоти барқ” сабаби қарздор шудани бархеҳоро ба он рабт дод, ки онҳо то пайваст шудан ба низоми биллингӣ қарздор буданд ва то пайваст шудан ба ин низом қарзи худро насупориданд.
“Вақте дар шаҳри Душанбе ин система ҷорӣ шуд, қарзҳои солҳои пеши муштариёнро барои баррасӣ кардан гузоштем... Ин қарзҳо зиёда аз 40 млн сомонӣ аст, ки ҳам ба аҳолӣ ва ҳам ба корхонаҳо дахл дорад. Мо дар аввал хостем, ки ҳамаи қарзҳоро ба барнома ворид кунем. Вале аз сабаби он ки шояд бархе қарзҳо нодуруст аст, хостем аввал баррасӣ кунем. Дар навбати аввал ба 10 ҳазор муштарӣ смс-паёмак исрол кардем. Дар маҷмуъ, беш аз 50 ҳазор муштарӣ қарздоранд, ки давра ба давра кӯшиш мекунем бо ирсоли смс-паёмак қарзҳоро пурра баррасӣ ва талофӣ кунем”, - гуфт ин масъули ҶСК “Шабкаҳои тақсимоти барқ”.
Номбурда афзуд, муштариёне, ки дар бораи қарздор будан смс-паёмак дарёфт карданд, бояд дар муддати 10 рӯз ба шабакаҳои тақсимоти барқи маҳалли зисташон муроҷиат кунанд, бо кормандон қарзро баррасӣ кунанд, дар сурати воқеан қарздрор будан онро пардохт ва дар суртаи қарздор набудан онро аз барнома берун кунанд. Дар акси ҳол бо гузашти 10 рӯз барқи муштарӣ ба таври худкор қатъ карда мешавад.
Ба таъкиди Муҳаммад Ғуломов, ҳадафи ин тасмим кам кардан ё аз байн бурдани қарзи аҳолӣ ва корхонаҳо аз истифодаи барқ аст, ки то насби системаи биллингӣ ҷой дошт.

Низоми биллингӣ - низоми автоматишудаи баҳисобгирии хизматрасонӣ, тарофабандии он ва пешниҳоди ҳисоб барои пардохт аст. Ҳисобкунакҳои барқии бо усули билинг коркунанда ҳамаи маълумоти марбут ба интиқол ва тақсимоти барқро ҷамъоварӣ ва ба ширкати таҳвилгар пешниҳод мекунанд.
Ин низом аввал ба таври пилотӣ дар шаҳри Хуҷанд амалӣ гардид ва ба гуфтаи масъулини соҳаи энергетикаи кишвар натиҷаи хуб дод. Сар аз соли 2020 ин низом дар Душанбе ҳам ҷорӣ шуда истодааст.
Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ “Авеста Групп”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ҶДММ “Душанбе Сити” муддати 5 сол ният доранд, лоиҳаи насби ҳисобкунакҳои барқиро, ки бо усули биллингӣ кор мекунанд, дар шаҳри Душанбе татбиқ созанд.
Арзиши умумии лоиҳа 88 млн. долларро ташкил дода, аз ҷумла, дар доираи он беш аз 250 ҳазор ҳисобкунакҳои нави барқ харида мешаванд.
Ҳисобкунакҳои нави барқ дар манзилҳои сокинони Душанбе бепул насб карда мешавад.
Зикр шудааст, ки пас аз амалисозии лоиҳа талафоти техникии нерӯи барқ дар шабакаҳои шаҳр аз 19%-и ҳозира то ба 12% поин меравад.
Ҳамзамон ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ аз 81%-и ҳозира то ба сатҳи 99% боло меравад.
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста