Пагоҳ, 27-уми август дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бинои нави Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошимро баъди азнавсозӣ ба истифода медиҳад.

Дар ин бора як манбаъ аз мактаби мазкур ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод.

Ин мактаби санъат қаблан номи Муҳиддин Аминзодаро дошт. Вале чанде қабл бо қарори раиси шаҳри Душанбе "Мактаби бачагонаи санъати ба номи Муҳиддин Аминзода" ба "Муассисаи давлатии мактаби бачагонаи санъати ба номи Одина Ҳошим" ивази ном кард.

Дар ин бора саҳифаи "Фейсбук"-и рӯзномаи "Паёми Душанбе", нашрияи расмии шаҳрдорӣ хабар медиҳад.

Одина Ҳошим овозхон, навозанда ва оҳангсози шинохтаи тоҷик аст, ки соли 1937 таваллуд шудааст. Ӯ унвони Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистонро дошт ва барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар бахши адабиёт, ҳунар ва меъморӣ буд.

Одина Ҳошим
Намогирифт

Одина Ҳошим мактаб ва сабки хосси сурудхонӣ дошт. “Гулъизори ман куҷост?”, “Рафтӣ”, “Охир эй сарви хиромон, зи кадомин чаманастӣ?”, “Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро”, “Хиҷил аст сарви бӯстон бар қомати баландаш”, “Куҳандиёро”, “Ало, хамзада кокул”, “Ҷингилак мӯй дорӣ”, “Дилфиребам аз ғамат сабзинае”, “Хирмани гул”, “Моҳи ман”, “Хами зулф”, “Мадоро накунӣ” аз машҳуртарин сурудҳои ӯ аст.

Одина Ҳошим соли 1993 оламро тарк карда дар қабристони Лучоби шаҳри Душанбе дафн шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.