Ҳафтаи ҷорӣ дар як қатор минтақаҳои Русия барои кори муҳоҷирон дар чанде аз соҳаҳои иқтисод як силсила маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карда шуданд.

Волӣ (губернатор)-и вилояти Иркутск Игор Кобзев фармоне имзо кард, ки мувофиқи он ба шаҳрвандони хориҷӣ бо патенти кор фаъолият намудан дар якчанд соҳаҳои калидӣ манъ мешавад. Ин тағйирот аз соли 2025 эътибор пайдо карда, соҳаҳое, аз қабили мусофирбарӣ, тиҷорат ва маорифро дар бар мегирад.

Маҳдудиятҳои ба ин монанд дар вилояти Омск низ эълон шуданд. Тибқи қарори волии минтақа, ба муҳоҷирон кор дар таксӣ, соҳаҳои мусофирбарӣ, тиҷорати маводи ғизоӣ ва нӯшокиҳои спиртӣ, инчунин дар хоҷагии ҷангал ва истеҳсоли доруворӣ манъ мешавад. Интизор меравад, ки чунин маҳдудиятҳо ба иқтисод таъсири манфӣ хоҳанд расонд, зеро қисми зиёди кормандони ин соҳаҳо муҳоҷирон мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Санкт-Петербург ташаббуси манъи кори муҳоҷирон дар соҳаи нақлиёт дастгирӣ наёфт. Аъзои комиссияи доимӣ оид ба нақлиёт зикр карданд, ки чунин чораҳо метавонанд фаъолияти корхонаҳои шаҳрро, ки дар онҳо бисёре аз хориҷиён кор мекунанд, халалдор кунанд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Ин лоиҳаи қонун, ки ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар кори муҳоҷиронро пешбинӣ мекунад, моҳи ноябри соли 2024 дар палатаи поёнии парлумон баррасӣ мешавад.

Зимни ҷаласа аъзои комиссия лоиҳаи қонунеро, ки ҳуқуқи муҳоҷиронро ба кор дар соҳаҳои муайян, аз ҷумла нақлиёт маҳдуд мекунад, баррасӣ карданд. Онҳо изҳори назар карданд, ки чунин маҳдудият ба фаъолияти корхонаву ташкилотҳои шаҳр, ки дар онҳо қисми зиёди кормандон муҳоҷирон мебошанд, таъсири манфӣ хоҳад расонд.

Сурат аз торнамои theins.ru

Боз дар кадом минтақаҳо маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд?

Қобили зикр аст, ки қаблан дар зиёда аз 10 минтақа, аз ҷумла вилоятҳои Новосибирск, Самара, Тула, Магадан ва Челябинск ба кори шаҳрандони хориҷӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд.

Ин чораҳо пас аз ҳамлаи террористӣ дар «Крокус Сити Холл» 22 марти соли ҷорӣ, ки дар содир кардани он шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳам шуданд, пурзӯр шуданд. Моҳи апрел дар вилояти Новосибирск кор дар 35 соҳаи иқтисод манъ шуд. Манъи кор ба соҳаҳои маориф, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, моҳидорӣ, тиҷорати яклухт, нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксӣ дахл дорад.

Дар вилояти Тула маҳдудиятҳо ба таксӣ ва хидматрасонии хӯроки умумӣ дахл карданд. Дар вилояти Амурск ба кор дар 27 соҳа, аз ҷумла тиҷорат, мусофирбарӣ, истеҳсоли нӯшокиҳо ва тамоку, инчунин кишоварзӣ маҳдудият ҷорӣ шуд. Корфармоён бояд дар муддати се моҳ ҳайати кормандон (штат)-и худро ба талаботи нави қонун мутобиқ кунанд, вагарна барои риоя накардани маҳдудиятҳо ҷавобгар хоҳанд шуд.

Дар солҳои пеш манъи кор барои муҳоҷирон дар соҳаҳои гуногун дар вилояти Калуга, Ҳавзаи Мухтори Ханти-Мансийск, вилоятҳои Тюмен ва Калининград (аз моҳи октябри соли 2021) ҷорӣ шуда буд.

Дар баъзе минтақаҳои Русия инчунин барои ҷалби муҳоҷирон ба касбҳои манъшуда ҷаримаҳои зиёд муқаррар шудаанд. Шахсони ҳуқуқӣ метавонанд то 1 млн рубл, шахсони мансабдор – то 50 ҳазор ва шахсони воқеӣ, ки муҳоҷирро киро кардаанд, то 4 ҳазор рубл ҷарима шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.