Аксаран аз рӯзгору фаъолияти шахсони муваффақ ва соҳибони ин ё он истеъдоди вижа гузориш дода мешавад. Ин дафъа ба рӯзгори одамоне таваҷҷӯҳ мекунем, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ имконияти маҳдуд доранд, вале бо ин ҳама ба зиндагӣ нигоҳи гарм доранд ва баҳри пешбурди рӯзгор касберо ихтисос кардаанд.
Оилае, ки мо имрӯз пиромунаш қисса мекунем, зану шавҳари нобино, вале дар касби худ муваффақ ва дар зиндагии оилавӣ хушбахтанд. Ин зану шавҳар Мирзоанвар Мунавваров ва Лутфинисо Мунавварова дар “Маркази тавонбахшии иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” 30 сол инҷониб ба ҳайси кафшергар кор мекунанд. Бо вуҷуди мушкилоте, ки дар аввали кор пеш омада буд, ин оила тавонист имрӯз ҳам соҳибтахассус ва ҳам соҳиби зиндагии арзанда гардад.
“Интихоб аз волидон буду якдигарфаҳмӣ аз мо”
Мирзоанвар Мунавваров ва Лутфинисо Мунавварова ҳарду нобинои модарзодӣ будаанд. Ба гуфти Мирзоанвар, дар оилаи онҳо, ки шаш фарзанд будаанд, ду нафар - ӯ ва бародараш модарзод нобино таваллуд шудаанд. Дар оилаи ҳамсараш Лутфинисо низ вазъ айнан чунин аст. Онҳо низ дар оила ду фарзанди нобино доштаанд.
Мирзоанвар, ки маъюби гурӯҳи якум аз ҷиҳати биноӣ аст, падару модар ва 5 фарзанди падарро аз садо ва бӯяшон мешинохтааст ва ба ин ваҷҳ интихоби ҳамсарро имконнопазир меҳисобидааст. Ӯ мегӯяд, “интихоби ҳамсар иқдоми волидонам буд. Ман хуб медонистам, ки ҳеҷ гоҳ падару модар бадбахтии фарзандро намехоҳад ва ҳамсари нолоиқ интихоб намекунад”.
Инак 31 сол инҷониб онҳо якҷо бо ҳам зиндагӣ доранд ва якдигарро хуб дарк мекунанд.
“Ҷанҷол, нофаҳмӣ ё хушунат дар оилаи мо тамоман ҷой надорад”, - қаноатмандӣ кард Мирзоанвар.
Меваи умри ин зану шавҳари нобино як духтари комилан солим аст, ки панҷ сол пеш оила барпо намуд ва имрӯз соҳиби 3 фарзанд аст.
Мирзоанвар мегӯяд, то дами ба камол расидану ба шавҳар додани духтараш аз он ки мабодо ягона фарзандаш низ мисли волидонаш нобино набошад, ҳисси тарс ӯро фарогир буд.
“Азбаски худам нобинои модарзодам, аз ояндаи духтарчаам нигаронӣ доштам ва садбораҳо ба духтури чашм бурда будам, ки мабодо иллате дар чашмонаш бошад”, - бо гиря нақлашро идома дод ӯ.
“Бештар аз 1100 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирем”
Манбаи асосии пешбурди рӯзгори ин оила нафақаи маъюбии зану шавҳар будааст. Мирзоанвар, ки маъюби гурӯҳи якум аз ҷиҳати биноӣ аст, 780 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирад. Ҳамсари ӯ Лутфинисо Мунавварова бошад, маъюби гурӯҳи дуюм буда, ҳаҷми нафақааш 378 сомонӣ аст. Дар умум зану шавҳари нобино бештар аз 1150 сомонӣ нафақа мегиранд.
Манбаи дигари зиндагии онҳо аз ҳисоби маошест, ки аз корхонаи васлгарии Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Хуҷанд мегиранд. 30 сол аст, ки ин зану шавҳар дар ин корхона фаъолият доранд. Онҳо дар як ҳафта се рӯзи корӣ дошта, ҳаҷми маошашон аз рӯйи кори кардаашон муайян карда мешавад. Дар як моҳ ҳарду аксаран 500 ва ё бештар аз он моҳона мегиранд.
“500 сомонӣ маош ва 1100 сомонӣ нафақа барои зиндагии ду маъюби нобино дар ин замон, ки нарху наво дар бозорҳо осмонгир аст, кофӣ нест”, - бо нигаронӣ мегӯяд Мирзоанвар.
Илова бар ин, Мирзоанвар аз бародараш ҳунари карнайнавозиро низ омӯхтааст. Гоҳо дӯстонаш ҳамроҳи худ ба тӯйҳо мебаранд ва 50-100 сомонӣ кор мекунад.
Бо асбоби барқӣ кор кардани нобиноён ҷолиб, аммо мушкил аст
Мирзоанвар ва Лутфинисо ҳамроҳи 16 тан аз ҳамтақдирони худ дар корхонаи васлгарӣ дар қисми истеҳсоли таҷҳизоти васлкунии барқӣ (подрозетник) кор мекунанд.
Кор бо асбобҳои барқӣ ҳатто барои одамони бино ва солим мушкил ва хатарнок аст. Аммо қаҳрамонҳои гузориши мо дар се рӯзи корӣ кӯшиш мекунанд, як дақиқа ҳам бекор нанишаста, кор кунанд, то ҳаҷми маошашон зиёдтар шавад.
“Зиндагӣ маҷбур кунад, мафҳуми “намедонам” ва “наметавонам” аз забони одамӣ дур мешудааст. Ману ҳамсарам ҳам вақте ба корхонаи васлгарӣ омадем, бо парма (дрел) борҳо ангуштони дастони худро захмӣ ва хуншор карда будем. Бо гузашти 30 сол инак метавонем мисли одамони бино истифода барем”, - нақл мекунад қаҳрамони мо.
“Истилоҳи “кӯр” ва “нобино” барои мо ду мафҳуманд”
Гоҳо “кӯр” гуфта муроҷиат кардани мардум ва паст задани баъзе ашхос ӯро дилшикаста мекунад. Мирзоанвар мегӯяд, дар наврасию ҷавонияш гоҳо одамон бо лаҳни тамасхуромез “ин кӯр”, “ана кӯр омад”, “ана кӯр рафт” гуфта, боиси озурдахотирияш мегаштанд.
“Пештар бо шунидани ибораи “кӯр” хеле паршикаста ва аз худу аз ҳаётам норизо мешудам. Гоҳо пинҳонӣ ашк мерехтам, ки чаро мисли ҳама бино нестам? Чаро бо чашми сар зиндагиро дида наметавонам? Аммо баъди он ки рӯй ба масҷиду хондани намоз овардам, фаҳмишам куллан дигар шуд. Шукр кардан ва ба суханони атрофиён сабр карданро омӯхтам. Зеро онҳое, ки маро “кӯр” мегӯянд, худ кӯрдил ҳастанд. Агарчи “кӯр” ва “нобино” ифодагари як маъноянд, аммо барои мо онҳо ду мафҳуманд. Истилоҳи “кӯр” ҳам дил ва ҳам гӯши инсонро мехарошад”, - ба нақлаш хотима бахшид Мирзоанвар Мунавваров.
Зиндагии ин ду қаҳрамони мо бо хушиву хурсандӣ мегузарад ва онҳо ҷаҳонро бо чашми дил зебо мебинанду дар ангораҳо рангин тасвир мекунанд. Қаҳрамонҳои мо мақсади зиндагонии худро дарк кардаанд ва метавонанд барои “кӯрдилон” ва дигар нобиноён намоди ибрат бошанд.
“Барои хӯрок ва роҳкиро”. Донишҷӯёни тоҷик бештар барои чӣ пул сарф мекунанд?
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста