Имрӯз мавлуди Бозор Собир, Шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз фарҳангиёни номвари тоҷик аст, ки рӯзгори пурбаҳс ва зиддунақизро аз сар гузаронид. Ӯ аз чеҳраҳои саршиноси даврони шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон буд ва дар назм бо ҳамтоёнаш инқилоби фарҳангие кард.
Аммо дар моварои зиндагиаш басе ранҷ кашид, зиндонӣ шуд ва аз диёраш ҳиҷрат кард. Наздики 20 сол дар Амрико зиндагӣ кард, вале ҳамвора дар ёди Ватан ва диёри аҷдодиаш буд. Бозор Собир мегуфт, солҳое дар Амрико буд, он ҳама вақт зиндагӣ накард, танҳо рӯз гузаронид.
Зиндагӣ дар яке аз ободтарину пешрафтатарин кишварҳои олам барои ин шоири аламкашида “ғурбат” ҳисоб меёфт ва борҳо гуфта буд, ки “биҳиштро аз даст додаву ба дӯзах афтодааст”.
Мо ба муносибати мавлудаш нигоҳе ба рӯзгори дар ҳиҷрат ба сар бурда, андешаҳои тағйирёфта ва ашъори дар он солҳо эҷодкардаи Бозор Собир андохтем.
Заминаҳои сиёсии ҳиҷрати Бозор Собир
Бозор Собир дар натиҷаи муқовимати сиёсӣ дар аввали солҳои 90-ум маҷбур шуд ватанро тарк кунад. Ӯ рӯзи 26-уми марти соли 1993 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ғайриқонунӣ боздошт карда шуд. Пас аз як ҳафта алайҳаш парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардид ва рӯзи 23-уми декабри ҳамон сол нисбаташ ҳукми зиндон содир шуд.
Баъди нӯҳ моҳу нӯҳ рӯзи боздошту зиндон, Бозор Собир бо фишори байналмилалӣ, аз ҷумла “Amnesty International” 29-уми декабри соли 1993 озод карда шуд. Шоир пас аз ба озодӣ баромадан, бо тавсияи дӯстонаш, ба Маскав муҳоҷир шуд.
Бозор Собир дар ҳиҷрат фаъолияти адабӣ ва сиёсии хешро идома дод. Соли 1995 Иттиҳодияи нависандагони Норвегия ӯро ба симпозиуми озодии баён даъват кард ва дар он ҳамроҳи ҳафт нависандае, ки зиндонӣ ё бадарға шудаанд, иштирок ва баромад намуд. Баъд аз ин, охирҳои соли 1995 ҳамроҳи оилааш аз Русия ба ИМА кӯчид.
Аммо, ба гуфтаи худи шоир, шеър дар ҳалқаш ба ғурбат рафт ва дар роҳи ҳиҷрат ҳам бар ёди Ватан буд:
Аз Ватан вақте ки мерафтам,
Ёдам аз ӯ дар фазо мерафт,
Додам аз ӯ дар ҳаво мерафт.
Гуфтам аз рӯи ҳаво хат мекашам рӯи Ватанро,
Баъд аз ин бигзор, бигзор!
Ман набинам рӯи ӯро,
Ӯ набинад рӯи манро.
Хостам дар шишаи танги ҳавопаймо ба ин маънӣ
Хат кашам инак,
Вале он шишаро нохост бӯсидам,
Чун дилам мехост – бӯсидам...
“Фарёди маро кӣ мешунавад?”
Бозор Собир аз соли 1995 дар Донишгоҳи Вашингтон дар шаҳри Сиэтл ба фоъолияти омӯзгорӣ пардохт ва дар кафедраи забонҳо ва тамаддуни Шарқи Наздик аз забони тоҷикӣ дарс медод. Аммо зиндагӣ дар Амрико, яке аз ободтарин ва пешрафтатарин мамолики олам, барои шоири муҳоҷири тоҷик фоҷеа ҳисобида мешуд.
Дар солҳои 90-ум, дар баробари халқи заҳматкашу ҷафодида, басо зиёиёну фарҳангиён ҳам тарки Ватан карданд, вале қариб касе мисли Бозор Собир аз дарду ранҷи ғарибӣ ошкоро ва таъсиргузор нагуфту нанавишт.
Ин шоири тоҷик баъди чанд сол дар Амрико умр ба сар бурданаш, соли 1998 дар мусоҳибае бо ёди Ватан гуфт, “дар дунё биҳишт вуҷуд надорад, ман дар кишварҳои гуногуни дунё будам, вале биҳиштро наёфтам. Биҳишти ман ҳамон Ватани ман, ҳамон зодгоҳи ман аст”.
Бозор Собир зиндагии дар Амрико ба сар бурдаашро “ғурбат” ном мебурд ва мегуфт, “агар бармегаштам, хасу хори ватанамро бӯса мекардам” ва бо ишора ба рӯзгори танги солҳои 90-ум бо эҳсос таъкид медошт, “медонам, ки мардум қашшоқанд, бечораанд, лучу бараҳнаанд, нони хӯрдан надоранд, вале ҳамаи ин назди ғарибӣ чизе нест охир”.
Зиндагӣ дар Амрико барои Бозор Собир сахт буд, ӯ ин рӯзгорашро ба “моҳии аз об берун монда” шабеҳ медод ва мегуфт, ки “аз осмон ба замин афтодаам”.
“Ман нон дорам, хона ҳам дорам. Амрико барои ман кумак ҳам мекунад. Ҳамаашро муфт ҳам ба даст овардаам. Вале чизе, ки ман надорам... Мисле, ки ман биҳиштро аз даст додам, ба дӯзах омадам... Дӯзахи ман чӣ хел дӯзах аст? Дӯзахи ман бо ҳама ашёи лозима таъмин аст, фаровонӣ аст, замин ҳам дорад. Вале ман дар байни замину осмон мувозинат надорам. Мисле, ки муаллақ ҳастам... Мисли гарди гуле, ки пуф мешавад дар ҳаво... Пойи ман дар замин нест. Ҷойи помонӣ надорам...”, - мегуфт шоири муҳоҷири тоҷик.
Новобаста аз ҳама дардҳои рӯзгораш, Бозор Собир мегуфт, “худамро ҷабрдида намешуморам, шикастхӯрда ҳам намеҳисобам, вале ҳамеша ҳодисаҳо ба раванди зиндагиам таъсир расонидааст”.
“Имрӯз мехоҳам фарёд занам, вале ин ҷо фарёди маро кӣ мешунавад?”, - чунон мегуфт, ки овозаш меларзид ва дилҳоро ба ларза меовард.
Ва боз Бозори муҳоҷир мепурсид:
Бо чӣ бандам ин даруни пурхарошамро?
Бо чӣ бандам ин даруни реш-решамро?
Яқин, Бозор Собир дар ҳиҷрат на танҳо як шоир, балки як рӯҳи саргардон буд, ки ҳар лаҳзаву ҳар соате аз ёди ватан афғон мекард.
Он кӯҳ, ки менамояд, андӯҳи ман аст,
Он абри ҳаво хаёли анбӯҳи ман аст.
Борони сиришк мебарад бар ватанам,
Он бод, ки мевазад дар он оҳи ман аст,
Оҳ, ватанам, ҷон ватанам, ҷон ватанам.
Ду рӯйи демократияи Бозор Собир
Бозор Собир дар солҳои 80-ум ва ибтидои 90-ум дар сафи пеши мубориза барои демократия қарор дошт ва роҳи пурпечутоберо тай кард. Аввал бо шеърҳояш мардумро ба озодихоҳӣ даъват мекард, баъд ба парлумон рафт, то дар он ҷо барои ҳуқуқи мардум мубориза барад. Вале парлумон ба умедҳои ӯ ҷавоб нагуфт ва ӯ бо нишони эътироз истеъфо дод - амале, ки дар он замон ва то кунун бесобиқа боқӣ монд.
Тақдир Бозор Собирро ба Амрико бурд - кишваре, ки бояд ормонҳои демократихоҳиаш дар он ҷо таҷассум меёфтанд. Аммо маҳз дар ҳамин ҷо, дар “пойтахти демократияи ҷаҳон”, ақидаи ӯ комилан тағйир ёфт.
Шоире, ки умре барои демократия мубориза бурда буд, акнун мегуфт: “Дар ҳеҷ гӯшаи ҷаҳон демократия вуҷуд надорад. Демократия сафсата аст. Шиори подарҳавост”.
“Мо ҳам аз пушти ҳамин демократия, ҳамин шоири дурӯғин, дар майдони Озодӣ давида будем. Вале баъд фаҳмидем, ки шиоре беш набудааст. Шоире, ки барои майдон - нағз, барои зиндагии мардум - ҳеҷ чизе нест”, - баъди солҳо дар маркази демократия зистан гуфта буд Бозор Собир.
Бозор Собир дар сафи пеши истиқлолхоҳони солҳои 80-90-ум буд ва барои аз шӯравӣ ҷудо кардану истиқлол ба даст овардани Тоҷикистон басо ҷонбозиҳо кард. Ӯ ҳамроҳи чанде аз ҳамовардонаш барои бедор кардани ҳисси миллӣ ва ҳувияти тоҷикон шеър гуфту ба озодихоҳӣ ва худшиносии миллӣ даъват кард.
Вале ин назари Бозор Собир баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳиҷрат ба Амрико комилан тағйир кард. Бозор Собир баъдҳо мегуфт, “демократияи ҳақиқӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки ба мардум табобат, таҳсил, манзили ройгон медод ва баробарии инсонҳоро таъмин карда буд”.
Ин тағйири куллии ақида - аз мубориз барои демократия то такзиб кардану сафсата хондани он - яке аз паҳлӯҳои чолишбарангези зиндагии Бозор Собир аст, ки ба қавли худаш, “бо дидани кишварҳои демократхоҳи олам ва ҳаводиси аз сар гузаронида”-аш хулоса кардааст.
“Ба рафтанат чӣ қадар шуд, чаро намеоӣ?”
Ҳамвора бар ин, муҳоҷират саҳифаи нави ашъори Бозор Собирро боз кард ва кунун бо таҳлили ашъори дар давраи муҳоҷират навиштаи шоир метавон гуфт, ки ин марҳила боиси таҳаввули амиқ дар эҷодиёти ӯ гардид. Шоир дар ин давра ашъори ватандӯстона ва пур аз дарду ҳасрат эҷод кард.
Аммо дар авоили муҳоҷират касе набуд, ки шеърҳои пурдарди варо хонад, ба гуфтаи худи шоир, замоне рӯбарӯи оина меистод ва алами дур аз ватанашро бо василаи оина мебаровард.
Дар шеъри “Тирамоҳ” ӯ танҳоии муҳоҷиратро бо образи хирмани гандум ва хирмани моҳ тасвир мекунад. Шеър пур аз ҳасрат ва дарди ҷудоӣ аст:
Справка по теме
Бозор Собир (20 ноябри 1938 – 1 майи 2018) шоири машҳури тоҷик буд, ки бо шеърҳои ватандӯстонааш маъруф аст. Ӯ дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод таваллуд шуда, факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кард. Асарҳои ӯ бештар мавзӯъҳои Ватан, ишқ ва адолатро фаро мегиранд. Бозор Собир солҳои 1995-2013 дар ИМА зиндагӣ кард ва дар ниҳоят 1 майи соли 2018 дар Сиэтл даргузашт.
На дигар хирмани гандум, на дигар хирмани моҳам,
Ба ҳаво тӯдаи абрам, ба замин тӯдаи коҳам.
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам, ҳама дардам, ҳама сардам.
Дар шеъри “Ҷои ту холист” низ ҳамин рӯҳияи ҷудоӣ ва ҳасрат ҳувайдо аст. Шоир дарди дурии худро дар фазои хонаи холӣ ва ойинаи беҷило нишон медиҳад:
Фарёд, ки дар хонаи ман ҷои ту холист,
Дар лавҳаи ойинаи ман ҷои ту холист.
Ва боз шоир худро бозхонд мекунад:
Дубора моҳ бадар шуд, чаро намеоӣ?
Дубора моҳи дигар шуд, чаро намеоӣ?
Бародарони мусофир ба хона баргаштанд,
Дубора қаҳ-қаҳа сар шуд, чаро намеоӣ?
Гули пиёда ба манзил пиёда боз омад,
Ба рафтанат чӣ қадар шуд, чаро намеоӣ?
Муҳоҷират барои ӯ на танҳо ранҷи инфиродӣ, балки дарке нав аз миллат ва ватан буд. Шеърҳои ӯ дар ин давра гувоҳи он аст, ки муҳоҷират як боби комилан навро дар эҷодиёти Бозор Собир кушод, ки дар он дарду ҳасрат, ватандӯстӣ ва тафаккури амиқи иҷтимоию сиёсӣ ба ҳамдигар омезиш ёфт.
Пасон маҷмааи ашъори дар муҳоҷират навиштаи Бозор Собир, аз ҷумла “Симхор” ва “Аз ватан вақте, ки мерафтам”, рӯи чоп омад ва ҳамзамон овозхонони тоҷик, ба вижа Саидқул Билолов онҳоро суруданд.
Бозор Собир дар муҳоҷират “озодтару шоиртар” шуд
Ононе, ки замони муҳиҷират бо Бозор Собир дар иртибот буданд ва ҳатто рӯзгори ғурбати ӯро аз наздик диданд, ӯро “озодтар”-у “шоиртар” ёфтаанд.
Саидқул Билолов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар замони ҳиҷрати шоир бо ӯ ҳамкории эҷодӣ ва иртиботи зич дошт ва ба беш 50 шеъри Бозор Собир оҳанг баст. Ӯ бо ёдоварӣ аз солҳои дарoзи ҳамкорӣ мегӯяд, “Бозор Собир дар Ватан шоир буд, дар муҳоҷират шоиртар шуд”.
“Вақте шеъри “Дар дили ман монд”-и варо мехонед, дардашро дарк мекунед ва гиря накардан ногузир мешавад. Ё “Гулҳои Ватан начидаам даҳ сари сол” ҳар ватандорро такон медиҳад”, - таъкид мекунад Билолов.
Дар бораи ҳиҷрати Бозор Собир ба Амрико ва иваз шудани ақидаи ӯ, Саидқул Билолов мегӯяд: “Бозор мард буд, ки чанд хатои кардаашро ба гардан гирифт, ба Амрико рафт, дид демократияи он ҷоро ва омаду ба ин мазмун гуфт, “ман нав фаҳмидам, ки демакратияи ғарб дар шарқ лозим набудааст”.
Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос ва шоири тоҷик, ки соли 2007 дар Амрико бо Бозор Собир мулоқот дошт ва рӯзгори ғурбати шоирро аз наздик дид, мегӯяд, ки Бозор дар муҳоҷират озодтар шуд: “Шояд бахше аз озодии ӯ аз он буд, ки дар ҷомеае орӣ аз қолабҳо ба сар мебурд”.
Он вақт Раҳнамо ҳатто тахмин мекард, ки агар Бозор баргардад, наметавонад дар муҳити қолабии тоҷикӣ зиндагӣ кунад: “Рӯшан аст, ки агар ӯ баргардад, чун як шоири зиндаи иҷтимоӣ ҳатман мебинад ва мегӯяд ва менависад...”.
Абдуллоҳи Раҳнамо кунун мегӯяд, ки “хушбахтона, бо беҳбуди вазъ ва талошҳои бузургони кишвар дар ниҳоят устод Бозор Собир ба Ватан баргашт, дидори Ватан дид ва дар ниҳоят дар оғӯши хоки Ватан ором гирифт”.
Ба Ватан баргашт, вале боз дар ғурбат ҷон дод
Дар замони ҳиҷрат Бозор Собир ҳарчанд ҳамвора бо ёди Ватан буд ва дар ин баробар борҳо зиёиён шоирро ба Ватан даъват карданд, вале барнагашт. Фақат соли 2013 марҳилаи тозаи зиндагӣ оғоз шуд, бо даъвати расмии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва бо миёнҷигарии Абдуҷаббор Раҳмонзода (он замон Ёрдамчии президент), Низом Қосим (шоир) ва Саидқул Билолов пас аз қариб 20 соли ҳиҷрату ғурбат ин шоири муҳоҷири тоҷик ба Ватан баргашт.
Дар ин давра, Бозор Собир иқрор шуд, ки дар гузашта бархе шеърҳое эҷод кардааст, ки аз нуктаи назари имрӯзаи ӯ қобили қабул нестанд ва камбуди саводи сиёсии он замонро сабаби асосии ин иштибоҳот донист.
Бозгашт ва зиндагӣ дар Ватан барои Бозор Собир давраи кӯтоҳ, вале пурмуҳаббат буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ӯро бо ордени “Ситораи Президент” сарфароз гардонид ва дар сафарҳову суҳбатҳои ғайрирасмӣ бо ӯ ҳамроҳ шуд.
Аммо дер напоид, ки Бозор аз обу хоки Ватан баҳравар шавад ва хумори дуриҳову дардҳои ранҷҳоро шиканад. Наздики 3 сол дар зодгоҳаш – деҳаи Сӯфиёни Файзобод ва дар Душанбе зиндагӣ кард ва соли 2016 дигарбора, ба мақсади дидори фарзандону наберагон, ба Сиэтли Вашингтон рафт.
Бемории қалб ӯро аз по афтонд, дар бемористони Сиэтл муддате бистарӣ гардид ва билохира дар 79-солагӣ ва боз дар муҳоҷират аз олам даргузашт. Ӯро ба ватан оварданд ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурданд. Бозор Собир бо ҳама сарсахтиҳо ба орзуяш расид, ки мегуфт:
Розиям бадбахт бошам, лек бошам шоире,
Розиям сарсахт бошам, лек бошам шоире.
Розиям мирам маро дар хок нагзоранду лек,
Шеър дар ҳалқам бимирам,
Шоири халқам бимирам!
Афзалият ва имконияти таҳсил дар хориҷа. Дар Душанбе ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ ҷараён дорад
Ӯзбекистон осонтар кардани гузаштани сарҳад бо Тоҷикистонро дар нақша дорад
Президент корхонаи истеҳсоли мотороллерро дар Хуҷанд ба истифода дод
“Дарвозаҳои электронӣ”. Интизории тӯлонӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба поён мерасад?
Иштироки ҷудокорони тоҷик дар охирин мусобиқаи ҷаҳонии мавсими имсола
Муҳлати ҳабси тоҷикистониёни гумонбар ба амали террористӣ дар “Крокус” тамдид шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Имон овардани Билқис”
Як куштаву чор захмӣ. Чин аз Тоҷикистон таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба шаҳрвандонашро дархост намуд
Ҳоҷатхона дар куҷост? “Азия-Плюс” харитаи ҳоҷатхонаҳои Душанберо омода кард
Мактаберо дар Рӯдакӣ ба номи забоншинос Ҳомид Маҷидов гузоштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста