Вазорати корҳои хориҷии Чин дар робита ба ҳодисае, ки рӯзи 18 ноябр рух дод, изҳорот пахш кард. Бар асари ҳамла дар наздикии сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон 1 шаҳрванди Чин ҳалок ва боз 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора ВАО бо истинод ба изҳороти ВКХ Чин аз 19 ноябр хабар медиҳанд.
“Рӯзи 18 ноябр мавзеи корхонаи хусусии Чин дар минтақаи наздимарзӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар ҷониби Тоҷикистон ҷойгир аст, мавриди ҳамла қарор гирифта, дар натиҷа 1 шаҳрванди Чин ҳалок ва 4 нафари дигар захмӣ шуданд. Чин қотеъона ин ҳамлаи бераҳмонаро маҳкум намуда, нисбати қурбониён андуҳи амиқ ва ба хонаводаҳои ҷабрдидагон ва ҳалокшудагон тасаллияти самимии худро изҳор мекунад”, - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Чин.
Ба иттилои хабаргузории «Франс-Пресс», кормандони сафорати Чин дар Душанбе ба минтақаи ҳамла омадаанд, то ки «корҳоро барои ҳалли масъала ҳамоҳанг созанд». Сафири Чин аз Тоҷикистон даъват кард, ки «ҳарчи зудтар ҳодисаро таҳқиқ намояд».
«Дар робита ба вазъият дар минтақаи сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, мо ба шаҳрвандон ва корхонаҳои Чин хотиррасон мекунем, ки ба масъалаи амният диққати махсус диҳанд», — зикр мешавад дар изҳорот.
Кӣ ва бо кадом мақсад ба шаҳрвандони Чин ҳамла кард?
Ду манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ҳамла шаби 17 ба 18-уми ноябр дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин "аз тарафи шахсони мусаллаҳ ва аз он сӯйи марз" сурат гирифтааст.
Мақсади ҳамла, шаххсият ва теъдоди ҳамлагарон маълум нест. Ҳоло ҳеҷ касе масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.Дақиқ маълум нест, ки ҳодиса кори қочоқчиёни маводи мухаддир будааст ё гурӯҳҳои ҷангҷӯ.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ба ҷуз шаҳрвандони Чин як сокини маҳаллӣ низ захмӣ шуда, ҳамаи ҷабрдидагон ба беморхонаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бурда шудаанд.
“Мақомоти интизомӣ дар ҷойи ҳодиса ҳастанд ва таҳқиқ мекунанд", - гуфтааст яке аз манбаъҳо ба Радиои Озодӣ.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Ширкати Чин дар марз бо Афғонистон ба чӣ кор машғул аст?
Тибқи маълумоти манбаи Радиои Озодӣ, корхонаи истихроҷи Чин дар дараи Зарбузи ҳаммарз бо Афғонистон корҳои иктишофӣ анҷом медиҳанд. Дара як қисмати мамнуъгоҳи Даштиҷум буда, камее дуртар аз мавзеи Сари Ғор воқеъ аст. Дар ин ҷо комендатураи сарҳадӣ низ ҷойгир аст.
Қобили зикр аст, ки ширкатҳои Чин дар Тоҷикистон фаъолона дар истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла тилло иштирок мекунанд. Дар ҷумҳурӣ якчанд корхонаҳои истихроҷи тилло бо қисман ё пурра сармоягузории чиниҳо амал мекунанд.
Масофаи умумии сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон 1344 километрро ташкил дода, қисмати зиёди он тариқи дарёи Панҷ дар мавзеи душворгузори кӯҳистон мегузарад.
Қитъаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо масофаи зиёда аз 100 километр яке аз қитъаҳои мушкилтарин маҳсуб меёбад. Солҳои пеш дар ин ҷо чандин маротиба гаравгонгирии одамон, ҳамла ба шаҳрвандон ва сарҳадбонони Тоҷикистон сурат гирифта, лекин ҳамла ба шаҳрвандони Чин бори аввал аст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кор дар Қатар. Музди кор чанд аст ва барои сафар ба куҷо муроҷиат бояд кард?
Шӯрои уламои Русия фатвои иҷозаи бисёрзаниро бозхонд кард
Даҳ варзишгари тоҷик ба сафи беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон шомил шуданд
Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад. Ӯ бо Владимир Путин мулоқоти як ба як мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста