Дар се моҳи якуми соли 2025 1,3 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ (20,5%) дар Тоҷикистон талаф ёфтааст.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки субҳи имрӯз дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, талафоти қувваи барқ дар соли 2024 ба 4,5 миллиард киловатт-соат (20%) баробар будааст.
“Талафоти нерӯи барқ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, бахусус, дар шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ 69%, Ҳисор 51%, Вахш 36%, Данғара 35%, Восеъ 34%, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҳамадонӣ 33%, Ховалинг ва Кушониён 32%, Шаҳринав 31%, Левакант 30%, Ваҳдат ва Фархор 29%, Ёвон ва Муъминобод 28%, Истаравшан ва Хуросон 27%, Панҷ ва Файзобод 26%-ро ташкил додааст, ки баландтарин дар кишвар ба ҳисоб меравад”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ аз зиёд будани талафоти нерӯи барқ, хусусан, талафоти ғайритехникӣ ва истифодаи ғайриқонунии он изҳори нигаронӣ карда, ба ниҳоҳои дахлдор гуфтааст, ки ба масъалаи сарфаҷӯии нерӯи барқ аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд.
Раиси ҷумҳури кишвар ҷамъоварии маблағи истифодаи барқро дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ғайриқаноатбахш хонда, гуфтааст, ки он 83,5%, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 89,9% иҷро гардидааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста