Ширкати ҷаҳонии таҳиягари дастгоҳҳо бо ҳуши маснӯи HONOR дастгоҳи деринтизори HONOR X9d — иловаи навтарин ба силсилаи маъруфи X Series-ро муаррифӣ кард. Бо таъйини меъёри нави сифати смартфони пурқуваттарини синфи миёна дар бозор, HONOR X9d устувории беназир, батареяи пурқувват бо 8300 мА•ч ва имкониятҳои муассири аксбардориро ба ҳам меорад. Ба туфайли танаи сабук ва маҳсулнокии беҳтаршуда, ин дастгоҳ барои корбарон, ки смартфони мутавозини сатҳи миёнаро ҷустуҷӯ доранд, интихоби беҳтарин хоҳад буд.

 

Устувории дараҷаи премиум ва ҳифзи комил

HONOR X9d ҳамчун қавитарин смартфон дар бозор мавқеъ дорад. Он ба гувоҳномаи секаратаи SGS Triple Resistant Premium Performance барои ҳифз аз афтодан, об ва чангу ғубор, ҳамчунин гувоҳномаи маъруфи SGS 5-Star Comprehensive Reliability соҳиб шуд, ки устувории дастгоҳро ба афтодан аз баландии то 2,5 метр тасдиқ мекунад. Танаи смартфон бо технологияи HONOR Ultra-Bounce Anti-Drop, моеи ненютоновӣ ва шишаҳои тобоварии амиқ мустаҳкам шудааст, ки смартфонро ҳатто аз зарбаҳои санг ва тири таппончаи пневматикӣ муҳофизат мекунад.

Ба туфайли сохтори сеқабатаи обногузар 2.0 ва дастгирии IP69K, дастгоҳ сатҳи муҳофизат аз намӣ ба дараҷаи олӣ ва пешрафтаро таҷассум мекунад. Смартфон ба таъсири навъҳои гуногуни об — қатра, оби ифлос ё гарм (то 10 сония), фаввора зери фишори баланд ва ҳатто ғарқшавӣ то чуқурии 1,5 метр дар тӯли 30 дақиқа тобовар аст. Корбурдҳои AI Heavy Rain Touch ва AI Glove Touch идоракуниии бароҳатро ҳатто зери борон ё бо дастпӯшакҳо таъмин мекунанд.

 


Вақти рекордии истифода ва нерӯгирии тез

HONOR X9d бо батареяи кремний-карбон 8300 мА•ч муҷаҳҳаз буда, «Эра 8»-ро оғоз  ва бузургтарин иқтидору давомнокии кори батареяро байни тамоми смартфонҳои синфи миёна пешниҳод мекунад. Ба туфайли сохтор (алгоритм)-и муҳофизат аз кӯҳнашавӣ, давомнокии кори батарея то 6 сол мерасад. Бино ба натиҷаи санҷишҳо, смартфон то 52,5 соат садо додани мусиқӣ, 23,8 соат видеои онлайн, 16,8 соат бозӣ ва 12,3 соат видеосуҳбатро дар як нерӯгирӣ таъмин мекунад.

Ҳамчунин HONOR X9d дастгирии нерӯгирии баръакси 7,5 Вт дошта, ба як дастгоҳи нерӯдиҳии сабуку осон табдил меёбад. Батарея дар ҳудуди ҳарорати аз –30°C то +55°C қобилияти корро нигоҳ медорад. Дар реҷаи Ultra Power Saving, дастгоҳ бо сатҳи 2% нерӯ метавонад то 60 дақиқа гуфтугӯро таъмин кунад.Технологияи 66W HONOR SuperCharge нерӯгирии хеле тезро таъмин мекунад.

 

Ҳуши маснӯӣ барои наворгирӣ ва таҳрир

Камераи асосӣ бо 108 МП ва сенсори калон 1/1,67 ба аксбардории ҷузъӣ ва ҷолиб дар ҳама гуна сатҳи равшанӣ имкон медиҳад. Системаи OIS + EIS ба таври муассир таркиш ва ларзишҳои тасвирро бартараф мекунад.

Ба туфайли технологияи HONOR Connection, смартфон интиқоли HD тасвирҳоро байни дастгоҳҳо дар iOS дастгирӣ карда, корбурди 4K HD Moving Photo Collage ба таҳияи коллажҳои серамал ёрӣ мерасонад.

Ҳамчунин, барои таҳрири зеҳнии тасвирҳо абзору воситаҳои AI Eraser, AI Cutout ва AI Outpainting дастрасанд. Корбурдҳои AI Upscale ва AI Remove Reflection сифати тасвирро беҳтар ва инъикоси тасвирҳоро бартараф намуда, ҳар кадоме аз аксҳои бештар воқеӣ месозанд.

 


Дисплейи муассир

HONOR X9d бо дисплейи OLED 6,79 дюйми бароҳат барои чашмон бо дастгирии 1,07 миллирад рангҳо ва иҷозаи 1.5К муҷаҳҳаз аст. Ба туфайли чаҳорчӯбаҳои хеле тунуки 1,3 мм, смартфон ба таносуби 94,6% тасвир бо тана мерасад.

Экран ҷараёни 120 Гтс, равшании баландтарин 6000 нит (HDR) ва технологияҳои муҳофизати бинишро дастгирӣ мекунад: 3840 Гтс PWM Dimming, Circadian Night Display, AI Defocus Display, Dynamic Dimming ва Low Blue Light дар сатҳи дастгоҳ. Натиҷа — тасвири дақиқ ва эҳсоси бароҳатӣ ҳангоми истифодаи дарозмуддат.

 

Маҳсулнокии баланд

Дар муқоиса бо насли пешин протсессори Snapdragon 6 Gen 4 афзоиши самаранокиро  барои GPU ба андозаи 29% ва CPU - 11% таъмин мекунад. Технологияи HONOR RAM Turbo (12 ГБ хотираи физикӣ + 12 ГБ хотираи виртуалӣ) муодили 24 ГБ ОЗУ аст, ки кори бомаромро дар ҳоли иҷрои вазифаҳои бисёр таъмин мекунад. Ҳаҷми ҳадди аксари хотираи дохилӣ — 256 ГБ, ки барои нигоҳдории миқдори зиёди аксу наворҳо кофист.

 


Рангу нарх ва дастрасӣ

Смартфон дар се рангҳо бо услуби хос дастрас хоҳад буд: Sunrise Gold (дурахши тилло), Midnight Black (сабзи сиёҳи нимшабӣ) ва Reddish Brown (қаҳваранги сурх).

Рӯзи оғози фурӯш ва нарх баъдтар эълон хоҳанд шуд.

 

Дар бораи ширкати HONOR

HONOR аз пешсафони ҷаҳон дар самти таҳияи дастгоҳҳои зеҳнӣ маҳсуб меёбад. Ширкат бо бунёди системаи кушоди экологии  AI-дастгоҳҳо бо шумули смартфону компютери шахсӣ (ПК), планшет ва электроникаи ҳамроҳ талош дорад, ки ҳамкории мутақобилаи инсон ва технологияҳоро тағйир диҳад. Ҳадафи HONOR дар пешниҳоди истифода аз афзалиятҳои ҷаҳони зеҳнӣ ба ҳар кадоме аз шахсон ифода меёбад.

Муфассалтар дар сомонаи: https://www.instagram.com/honortajikistan_official?igsh=ejllOHdiYTBmeW9x

https://www.tiktok.com/@honortajikistan?_t=ZS-8xxbjTJLzQW&_r=1

https://t.me/HONORTajikistan