Як қатор минтақаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамоно дар муҳосираи обхезии шадид қарор доранд. Вазъияти аз ҳама душвор дар қисми шарқии музофоти Анхойи мамлакат ба назар мерасад.
Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар ин робита менависад, бориши зиёди борон дар баъзе минтақаҳои ин вилоят ба лағжиши қитъаҳои замин боис гардида, бар асари офати табиӣ 2 кас ҳалок ва 6 нафари дигар бедарак гардидаанд.
Гуфта мешавад, аз ин обхезии шадид зиёда аз 120 ҳазор нафар зарар дида, 2 ҳазору 500 каси дигар ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудаанд. Лағжиши қитъаҳои замин ба хароб шудани роҳҳои нақлиётгард боис гардидааст.
Зикр мегардад, ки гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва кумак ба сокинони зарардида ба минтақаҳои офатзада сафарбар шудаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ ҳаҷми хисороти расида аз ин офати табиӣ дар вилояти Анхой ба 135 миллион юан баробар аст.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста