Дар ноҳияи Глдански пойтахти Гурҷистон - шаҳри Тифлис бинои истиқоматии 9-ошёна фурӯ рафт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «ҷаҳоннамо, ҳодисаи мазкур 5 қурбонӣ бар ҷой гузошта, айни замон дар ҷойи ҳодиса амалиёти ҷустуҷӯйӣ идома дорад.

Гуфта мешавад, ба иқрори шоҳидон ин бинои истиқоматӣ бар асари ихроҷи газ, ки таркишро барангехтааст, фурӯ рафтааст.