Ҳукумати Олмон тасмим гирифтааст, ки муҳлати ҳузури низомиёни ин кишвар дар Афғонистон бо шумори 980 нафар то охири соли 2017 дароз карда шавад.

Бино ба маълумоти хабаргузории Афганистан.ру, айни замон Олмон ба рисолати НАТО дар шимоли Афғонистон таҳти унвони «Дастгирии қатъӣ» роҳбарӣ карда, қисмати асосии низомиёни ин кишвар дар канори шаҳри Мазори Шариф мустақар ва боз 150 нафар хизматчиёнии ҳарбии бугдесвер дар Кобул ҳузур доранд.

«Бо низомиёни иборат аз то 980 нафар хизматчиёни ҳарбии Олмон минбаъд ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғониситон аз нигоҳи машварату дастгирӣ ва таълими ҳарбӣ кумак мекунанд», - қайд мешавад дар ҳисоботи ҳукумати Олмон.

Қобили зикр аст, ки ҳудуди як ҳафта пеш консулгарии генералии Олмон дар шаҳри Мазори Шариф мавриди ҳамлаи ҷангиён қарор гирифта, бар асари он 4 нафар ҳалок ва боз наздики 115 нафар захмӣ шуданд, ки ҳамааашон шаҳрвандони Афғонистон буданд.