Дар шаҳри Ухани Чин, ки дар қисмати марказии ин кишвар воқеъ аст, дар зарфи 10 сония 19 бинои аз 7 то 12-ошёна аз байн бурда шуд.

Зери ин биноҳо 5 тонна маводи тарканда гузоштааанд. Дар шафати биноҳо истгоҳи роҳи оҳан, маркази савдо, зеристгоҳи барқӣ ва дигар манзилҳои истиқоматӣ ҷойгир буда, ҳеҷ кадоме аз онҳо аз ин таркиш осеб надид. Дар ҷойи ин биноҳои харобшуда маркази соҳибкорӣ бунёд мегардад.