Аз се ду ҳиссаи пурсидашудагон (63 фоиз) аз ҷониби маркази «Левада-Центр» бар ин назаранд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) бидуни кумаки иттифоқчиёнаш ҳам дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ғалаба карда метавонист.
Хабаргузории «Медуза» дар ин робита менависад, 28 фоизи пурсидашудагон нақши муҳими иттифоқчиёнро эътироф намуда, боз 9 фоизи дигар дар посух ба ин савол мушкилӣ кашидаанд.
Масъулияти талафоти бисёрмиллионнафараи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин ҷангро аксари русиягиҳо (36 фоиз) ба ҳамлаи ногаҳонии Олмон ва ё худ ба бартарияти низомӣ ва техникии ин кишвар (24 фоиз) нисбат додаанд.
Бархе (12 фоиз) ин талафоти зиёдро ба фаъолияти онвақтаи раҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ, ки «ба қурбониён таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намекард» ва 10 фоиз ба заифӣ ва ноуҳдабароии фармондеҳии шӯравӣ марбут медонанд.
Бино ба маълумоти РБК, дар ҷараёни назарпурсии соли 2011-и ҳамин марказ - 18 фоиз ва дар соли 1997 - 34 фоиз талафоти бисёрмиллионнафараро ба бераҳмии раҳбарияти шӯравӣ вобаста медонистанд.
Назарпурсии маркази «Левада-Центр» дар робита ба оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ давоми рӯзҳои 19-22 майи соли 2017 миёни 1600 нафар аҳолии шаҳру деҳоти синни аз 18-сола боло дар 137 маҳаллаи аҳолинишини 48 минтақаи Русия гузаронида шудааст.