Зимни суханронии президенти Афғогнистон Ашраф Ғанӣ дар маҷлиси намояндагони маъркаи интихобот дар музофоти Парвон таркиш ба амал омад.

Дар натиҷа дастикам 24 нафар ҳалок ва беш аз 30 тан ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора 1tvnews.af бо истинод ба сардухтури бемористони Парвон Абдулло Қосим Сангин хабар медиҳад.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои дохилии кишвар Нусрат Раҳимӣ, таркиш аз ҷониби террористи маргталаб анҷом дода шудааст.

Ӯ изҳор доштааст, ки бо вуҷуди ин ҳодиса, чорабинӣ идома ёфтааст.

Тибқи баъзе маълумоти дигар, дар ин ҳодиса таҷҳизоти таркандаи ба автомашина насбшуда ба кор дароварда шудааст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз таркиш оесб надидааст.

Гуфта мешавад, моҳи март комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон изҳор дошт, ки маъракаи интихоботи президенти кишвар 28 сентябри соли 2019 баргузор мешавад.

Дар навбати худ гурӯҳи “Толибон” як қатор таҳдидҳо кард, ки ба баргузории интихобот роҳ намедиҳад. Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ нигаронӣ изҳор карда буд, ки аҳолии осоиштае, ки дар интихобот иштирок мекунанд, ҳадафи онҳо шуда метавонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.