Маросими дафни генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ дар шаҳри Кирмон пас аз фавти одамон дар издиҳоми зиёди ҷамъшуда ба таъхир афтод. Дар ин бора хабаргузории ISNA ва бо истинод ба он Медуза хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, шумори фавтидагон замони нашри матлаб то ба 40 нафар расида, зиёда аз 200 кас осеб дидаанд.

Ба иттилои манбаъ, маросими видоъ бинобар сабаби ҷамъшавии миллионҳо нафар дар зодгоҳи генерал мавқуф гузошта шудааст. Аҳолии шаҳри Кирмон наздики 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки даҳҳо нафар аз издиҳом ба замин афтода, зери пойи дигар иштирокчиёни маросими видоъ мондаанд.

Замони нави маросими ба хок супурдани генерал эълон нашудааст.

Генерал Сулаймонӣ аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишини ИМА шаби 3-юми январ дар Бағдод кушта шуд. Фармон дар бораи ҳамларо шахсан президент Доналд Трамп додааст. Ироқ посух ба ҳамларо ваъда дода, ба хуруҷи нерӯҳои низомии ИМА аз минтақа изҳори омодагӣ кард. Эрон низ бо “интиқоми сахт” таҳдид кард.

Президенти ИМА Доналд Трамп дар навбати худ ваъда дод, ки ба ҳама гуна амалҳои таҳдидомез нисбат ба Вашингтон фавран вокуниш хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.