Шумориши раъй пас аз анҷоми интихоботи президентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома дорад ва то кунун номзади демкоратҳо Ҷо Байден бо 264 раъй дар пеш аст. Ҳоло Трамп 214 раъй дорад ва тибқи низоми интихоботи амрико касе, ки баъди шумориши коллеҷи интихоботи 270 раъй ба даст овард, пирӯзи интихобот эълон мешавад.
Байден агар дар иёлати Невада пирӯз шавад, орои лозимро ба даст хоҳад овард. Доналд Трамп ба натиҷаҳои овоздиҳӣ дар баъзе иёлатҳо розӣ нест ва аллакай бо талаби бозшумории овозҳо ба додгоҳ муроҷиат кардааст.
Байден дар ду иёлати калидӣ пирӯз шуд ва дар ҳоли наздик шудан ба хатти поёнӣ аст. Аммо Трамп, ки баъди як давраи президентӣ барои бори дувум номзад аст ва таҳдид мекунад, ки натиҷаҳоро дар чанд иёлот дар додгоҳ ба чолиш мекашад.
Ҷо Байден изҳори итминон кард, ки пас аз хатми шумориши оро, вай дар интихобот пирӯз хоҳад шуд:
"Аммо ин на танҳо пирӯзии ман, балки пирӯзии мардуми Амрико хоҳад буд." Вай инчунин навишт, ки имрӯз давлати Трамп расман аз созишномаи иқлими Париж даст кашид, аммо "дақиқан 77 рӯз пас, давлати Байден дубора ба он мепайвандад".
Теъдоди орои мардум барои номзадҳо то ин лаҳза чунин аст:
Байден: 72077099
Трамп: 68600884
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Ҳар шом, ки ояд зи пайи он саҳаре ҳаст..." Оё Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хари содадил ва рӯбоҳи фиребкор”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 январи соли 2025
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста