Президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден ният дорад, ки пас аз сари мансаб омадан як қатор фармонҳои президенти пешина Доналд Трампро бекор кунад.

Ӯ дарҳол пас аз ба иҷрои вазифа шурӯъ намудан рӯзи 20 январ, як силсила фармонҳоро ба имзо расониданист, менависад ТАСС бо истинод ба газетаи The Washington Post.

Ба иттилои манбаъҳои нашрия, президенти интихобшуда аз Ҳизби демократ дар нақша дорад, ки боз ба Созишномаи Париж оид ба иқлим ҳамроҳ шуда, аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хориҷ шудани ИМА-ро бекор кунад. Ӯ ҳамчунин метавонад манъи вуруди шаҳрвандони як қатор давлатҳои мусалмониро ба қаламрави ИМА бекор карда, барномаи дар ин кишвар боқӣ мондани одамонеро, ки дар синни кӯдакӣ ғайриқонунӣ ба ин кишвар оварда шудаанд, дубора барқарор созад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 ноябр дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маъракаи интихоботи президентӣ гузаронида шуд. Аз рӯйи натиҷаҳои он Ҷозеф Байден, номзад аз Ҳизби демократӣ президент ва ҳамсафи ӯ дар ҳизб Камола Харрис ноиби президент интихоб шуданд. Камола Харрис аввалин занест, ки чунин вазифаро дар ин кишвар ба дӯш мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.