Вазорати хориҷаи Амрико охирини низомии ин кишварро, ки нимашаб дар ҳоли тарки Афғонистон аст, нишон дод. Саҳнае аз тарки охирин низомӣ дар ҳисоби корбарии Twitter-и Пентагон гузошта шудааст хабар медиҳад, Лента.ру.
Дар аксе аз ин саҳна генерал-лейтинанд Крис Донахйу, фармондеҳи қисми ҳавоӣ-десентии 18-ум дида мешавад. Ӯ ба ҳавопаймои C-17 НҲҲ (неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ)-ии ИМА бо туфанги ҳамлакунанда дар даст дар ҳоли савор шудан аст.
Бино ба хабарҳои ҷониби ИМА бо савор шудани ӯ ба ҳавопаймои ин кишвар, Амрико берун кашидани неруҳояшро аз Афғонистон ба охир расонид.
Дар мавриди ин ки дар Афғонистон ҳеч низомии дигаре намондааст, шаби 30 ба 31-уми август сардори Маркази фармондеҳии Неруҳои мусаллаҳи ИМА (USCENTCOM) генерал Кеннет Моккензи хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ дар тамоми давраи ҳузури неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон 2461 низомӣ ва шаҳрвандони мулкии амрикоӣ кушта шуданд. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, 20 ҳазор шаҳрванди ИМА захмӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯйи гуруҳи "Толибон" ҳам изҳорот дод, ки бо берун шудани неруҳои амрикоӣ Афғонистон комилан истиқлол ба даст овард.
"Толибон" 15-уми август, баъди фирори Ашраф Ғанӣ - раисҷумҳури ин кишвар, ба Кобул ворид шуданд ва аз назорати комили Афғонистон тавассути неруҳояшон хабар доданд. Толибон гуфтанд, ки дар Афғонистон низоми аморати исломиро ташкил медиҳанд ва навъи ҳукуматашонро ба наздикӣ эълон мекунанд.
Ҳоло вилояти Панҷшер - зодгоҳи Аҳмадшоҳ Масъуд ягона минтақае дар Афғонистон аст, ки берун аз назорати "Толибон" мондааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аз 460 ба 213 сомонӣ. Нархи санҷиши манъи вуруд ва изи ангушт барои сафар ба Русия арзон шудааст
Чӣ гуна ва дар куҷои Душанбе метавон электромобилро нерӯ дод?
Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳади ду кишварро пурра маълум кардаанд. НАВШУДА
Пастшавии қурби рубл ба оилаҳои тоҷик чӣ таъсир мерасонад? Аз сокинон пурсидем
Тоҷикистон мехоҳад “Меҳргон” ва санъати сохтану навохтани рубобро ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кунад
Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ, вакили дифои зиндониро шарҳ дод
Фармон имзо шуд! Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум гардид
Бадтарин натиҷаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои футболи сатҳи Осиё: 6 бохти пайдарпай
Бонки миллӣ аз қаллобон огоҳ кард: “Маълумоти шахсии худро ба одамони бегона надиҳед”
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста