Сухангӯйи пешини Вазорати умури хориҷаи Афғонистон, Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ сухангӯй ва раиси Кумитаи равобити стратегии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъйин шуд. Худи Аҳмадӣ рӯзи сешанбеи 23-юми ноябр дар суҳбат бо рӯзномаи "8 субҳ"-и чопи Кобул инро таъйид кардааст.
Аҳмадӣ дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ, вақте Салоҳуддин Раббони вазири хориҷаи Афғонистон буд сухангӯйи ин ниҳод буд ва баъдан то ин таъйиноти ахир ба унвони ёвар ва сухангӯйи Раббонӣ кор мекард.
Аҳмадӣ пас аз се моҳ ба ҷойи Муҳаммад Фаҳими Даштӣ сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд таъин шуд. Фаҳими Даштӣ 5 сентябр, замони ҳамлаи “Толибон” ба Панҷшер ба шаҳодат расида буд.
Сибғатуллоҳ Аҳмадии 38-сола зодаи шимоли Афғонистон мебошад, ки донишгоҳро дар Ҳинд дар риштаи таърих ва улуми сиёсии Донишгоҳи Деҳлӣ ба поён расонидааст. Падари Аҳмадӣ яке аз раҳбарони маҳалии ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон бо раҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ ва вакили порлумони Афғонистон буд.
Аҳмадӣ собиқаи кори хабарнигорӣ ва гардонандагӣ дар дар телевизиони "Як" ва "Тулуънеюс"-и Афғонистонро дорад.
Баъдан кори рӯзноманигориро ба кор дар созмонҳои хориҷӣ бадал кард ва замонемушовири ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалии Дафтари байналмилалии маводи мухаддир ва умури интизомии Вазорати хориҷаи Амрико дар Афғонистон буд.
Соли 2014 дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ масъули Ситоди интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳдар Кундуз буд ва баъдан барои кор ба Вазорати хориҷаи Афғонистон омад. То суқути Кобул ба дасти Толибон мушовири равобити хориҷии Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сокинони Тоҷикистон ҳар рӯз зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷарима мешаванд
“Долони соддашудаи гумрукӣ" миёни Тоҷикистону Русия - қадаме сӯйи ИИАО?
Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп барқияи табрикотӣ ирсол кард
Аҳмади Иброҳим иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад кардааст
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки чаро ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид
Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2: “Истиқлол”-у “Равшан” дигар имкони баромадан аз гурӯҳро надоранд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Додхоҳии пашша аз бод”
Доналд Трамп ба Кохи Сафед бармегардад
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории арӯсу домод
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста