Амрулло Солеҳ, муовини аввали ҳукумати пешини Афғонистон дар навиштае дар саҳфаи фейсбукияш ривоятҳое аз рӯзҳои охири ҳукумати Ҷумҳурии исломии Афғонистонро баён карда ва гуфтааст, ки вақте аксарият дар ҳукумат ба ин натиҷа расида буданд, ки тарҳи сулҳ ба поён расид, бояд муқовимати миллӣ эълон мешуд.
Ин навиштаи Амруллоҳ Солеҳ пас аз чанд лаҳзаи нахустин мусоҳибаи Ашраф Ғанӣ пас аз фирораш аз Кобул бо барномаи “Тудей”-и радиои 4-и BBC буд. Ашраф Ғанӣ дар ин мусоҳиба назарашро дар мавриди далелҳо ва шеваҳои фирораш аз Кобул баён кардааст.
Аммо гуфтааст, ки Солеҳ, ки як рӯз пеш аз суқути Кобул Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амниятии Ашраф Ғанӣ ва Фазл Маҳмуд Фазлӣ, раиси дафтари раисҷумҳур ба пешӣ ӯ рафтаанд ва гуфтаанд, ки пружаи сулҳ тамом шуд ва бояд ба хориҷ аз кишвар биравем.
Солеҳ гуфтааст, ки онҳо мехостанд раисҷумҳур кишварро тарк кунад ва ман ҳам ба хориҷ биравам, зеро покистониҳо мехостаанд чанд касеро дар Кобул ба таври ваҳшиёна бикушанд, ки якеаш ман будам. Аммо ӯ гуфтааст, ки ба ин пешниҳод ризоят надодааст ва гуфтааст, ки то охирин нафас бо толибон меҷангад.
Дар идома Амруллоҳ Солеҳ ҷараёни як рӯз пеш аз суқут ва рӯзи 15-уми августро ин гуна қаламдод кардааст:
“Рӯз шанбе таърихи 14 августи сол 2021 оқои Ҳамдуллоҳ Муҳиб ва доктар Фазлӣ соати даҳ баҷа дар Кохи Садорат ба диданам омаданд. Ин вақте буд, ки ман аз адами эълон муқовимати миллӣ хашмгин ва нороз будам, чун рӯзи панҷшанбе қарор шуда буд, ки муқовамат миллӣ эълон гардад. Онҳо далоили худро доштанд. Аз ман дар иртибот ба барномаҳоям пурсиданд. Машваратшон ин буд, ки бояд бо хунсардӣ ва ба дарозмуддат фикр шавад. Бояд коре шавад, ки толибро аз доштани машруъият маҳрум созем, чун чизе ба номи прусаи сулҳ дигар вуҷуд надорад”.
Солеҳ дар идома навиштааст, ки ба ҳарфи онҳо дар мавриди тамом шудани тарҳи сулҳ мувофиқ буд:
“Ин ки прусаи сулҳ фурӯ пошида буд як воқеият аст. Дар ин нуқта ман бо онҳо ҳамназар будам. Ман каме тафсил хостм. Аз лобалои муколама ва суҳбат дарёфтам, ки мехоҳанд раисҷумҳур ба хориҷ биравад. Ман гуфтам, ки ман ба ҳеҷ сурат кишвармро тарк намекунам. То ҳар миқдоре, ки битавонам муқовамат мекунам. Агар дар ҳеҷ ҷой натавонам коре кунам, боми хонаамро дар Тойманӣ сангар месозам”.
Ҷараёни як рӯз пеш аз суқути Кобулро Солеҳ ин гуна идома медиҳад: “Оқои Фазлӣ бо касе дар тилфун дар тамос шуд ва аз дафтрам баромад ва дақоиқе баъд омад ва гуфт бисёр хуб, пас дар тамос мебошем ва машварат хоҳем кард. Оқои Муҳиб гуфт покистониҳо тасмим гирифтаанд, ки чанд нафарро бо шанеътарин равиш бкушанд ва ҳатто қабл аз куштан нимакуш карда дар шаҳр бигардонанд ва яке аз он нафарҳо худат астӣ”.
Ман гуфтам тасаввур карда метавонам ва шояд ҳаққашон бошад. Аз душман кадом таваққуъи дигар набояд дошта бошем. Шаб шанбе то субҳгоҳи якшанбеи таърихи 15 августи 2021 ман бедор будам то аз вазъият бохабар бошам ва бағовати зиндонёни толиб дар Пулчрхиро маҳор намоем. Дар он шаб танҳо касе, ки то охир ба тилфунҳоям посух дод қувмондон амнияи Кобул ҷенерол Тутохел буд. Ман каси дигар аз мақомоти амниятӣ ва дифоъиро пайдо карда натавонистам”,-навиштааст муовини аввали Ғанӣ.
Амруллоҳ Солеҳ навиштааст, ки як шаб пеш аз суқути Кобул, Ҳамдуллоҳ Муҳиб дигар ба зангҳову навиштаҳояш посух намедод. “Охирин паёмам ба оқои Муҳиб соати ду баҷаи шаб буд, ки навиштам Сарубӣ (яке аз ноҳияҳои вилояти Кобул) зери фишор аст ва бояд оҷил даст ба кор шавем. Посухе наёфтам”,-ривоят кардааст Солеҳ.
Дар идомаи ин навиштааш Амруллоҳ Солеҳ, ки пас аз фирори Ғанӣ худро сарпарасти ҳукумати Ҷумҳурии исломии Афғонистон эълон кард, лаҳзаи тарки Кобул карданашро овардааст:
“Рӯзи якшанбеи таърихи 15 август соати нуҳу понздаҳ дақиқа аз манзилм дар Тойманӣ (маҳаллае дар Кобул) ба тарафи вилояти Панҷшер ҳаракат кардам ва дар онҷо дар шаклдиҳии муқовимат саҳм гирифтам ва нугзоштем лаккаи таслимӣ ва тазарруъ бар ҷабин пойгоҳи муқовамат ва миллати мо ҳак гардад. Ривояти муқовимат бо муқовиматгарон ва хуни поки шуморе аз ин покбозон рақам хӯрд ва идома дорад”.
Амруллоҳ Солеҳ ривоятҳояшро аз аз суқути Кобул бо суханоне ба поё расонидааст, ки ба муқовимат дар баробари толиб идома медиҳад ва ватан рӯзе аз дасти ин гуруҳи бегона озод мешавад:
“Вақте тасовири инҳидоми ду ренҷар (мошинҳои низомӣ)-и толибро, ки дишаб ба ҳиммати мудофеъини муқовимат дар қария Руха анҷомшуда буд, меидидам бароям фахри аҷиб даст медод. Чӣ сарбаланд миллате, ки хоки роҳашон бувад шарофати ҷабини ман. Ман ҳеҷ алоқа ба навиштани қилу қоли шикаст надорам, зеро ватан аз мост ва рӯзе аз дасти ин гурӯҳи ниёбтӣ, ситам гар бегона бо фарҳанг ва таърих мо озодаш мекунем. Барои ман ривояти муқовамат - тазъиф ва шикасти толиб аҳамияти бештар аз ностоалжинависӣ дорад”.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста