Амрико ба мардуми эҳтиёҷманд дар Афғонистон ва минтақа 308 миллион доллар ёрии башардӯстона мерасонад. Дар ин бора Сафорати ИМА дар Душанбе хабар дода гуфтааст, ин ёриҳо мустақиман ба мардуми Афғонистон дар соли 2022 расонида мешавад.
Охири соли 2021 ЮНИСЕФ ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ аз баъдтар шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон ҳушдор дода гуфта буд, ба миллионҳо нафар кӯдакони афғон гуруснагӣ ва марг таҳдид мекунад. Бисёре аз афғонҳо маҷбуранд фарзандони хурдсоли худро бифурӯшанд, то боқимонда аъзои хонаводаро бо хӯрок таъмин кунанд. Тибқи арзёбии СММ, аввали соли 2022 зиёда аз 90 дарсади афғонҳо метавонанд зери хатти фақр қарор гиранд.
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе дар хабарномае дар саҳифаи фейсбукияш гуфт, Амрико бар тааҳуди устувори худ барои кӯмак ба афғонҳои эҳтиёҷманд дар Афғонистон ва минтақа таъкид мекунад. Дар назар аст соли 2022 USAID, як созмони байналмиллаии Амрико ба мардуми эҳтиёҷманди Афғонистон 308 миллион доллар кӯмаки башардӯстона расонад.
Дар ин хабарнома гуфта мешавад, ки Амрико ба унвони бузургтарин таъминкунандаи кумакҳои башардӯстона дар Афғонистон боқӣ мемонад. Маблағи ҷудошудаи маҷмӯи кӯмакҳои башардӯстонаи ИМА барои Афғонистон ва паноҳҷӯёни афғонистонро аз моҳи октябри соли 2020, ба ҳудуди 782 миллион доллар мерасонад”.
Баъди суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз 15-уми августи соли гузашта қудрат ба дасти ҳукумати Толибон афтод ва вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин кишвар баъдтар шуд. Афғонистон аз кумакҳои ИМА, Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор маҳрум шуд ва дар кишваре, ки ҳиссаи маблағгузории хориҷӣ то ба 40%-и ММД мерасид, буҳрони шадиди башардӯстона рӯйи кор омад. Аксарият бекор монда, шахсоне, ки кор мекарданд, чандин моҳ аст, ки маош намегиранд. Тибқи арзёбии СММ, аввали соли 2022 зиёда аз 90%-и афғонҳо метавонанд зери хатти фақр қарор гиранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста