Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки ин вазорат ёддошти хаттии фиристода ба сафорати Афғонистон дар робита ба инро, ки Маскав кордори муаррифишуда аз сӯйи давлати муваққати Толибонро ба расмият мешиносад.
Сухангӯйи Вазорати хориҷаи Русия дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Дар моҳи феврал нахустин дипломати афғони фиристода аз сӯйи Толибон вориди Маскав шуд. Дар моҳи март вай таъйиди салоҳият шуд ва охирҳои моҳи март Вазорати хориҷаи Афғонистон аз итмоми маъмурияти Саид Тайиб Ҷавод ва таъйини Ҷамол Ғурвор ба унвони кордори муваққати Афғонистон дар Маскав хабар дод.
"Шашуми апрел, Вазорати хориҷаи Русия дархости хаттӣ дар робита ба пазириши расмии мақоми ин дипломати афғонистониро ба унвони кордори Афғонистон дар Маскав барои сафорати Афғонистон фиристод, ки ин иқдомро гоме дар ҷиҳати эҳёи равобити комили дипломатик медонем", - иброз дошт Захарова.
Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар шаҳри Тунсии Чин вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров изҳор дошта буд, ки Маскав ба нахустин дипломати афғон аз ҳукумати Толибон акредитатсия дод.
Ба гуфтаи Сергей Лавров, бо вуҷуди надоштани таҷрубаи идоракунӣ, маҳдудиятҳои моливу иқтисодӣ ва фишори низомиву сиёсии Амрико ва муттаҳидонаш, маъмурияти нави Афғонистон дар маҷмӯъ тавонистааст ҳукуматро дар ҳоли ҳозир нигоҳ дорад.
Ӯ зикр карда буд, ки дар бахши мубориза бо терроризм натиҷаи мусбати муайян ба назар расида, дар самти эҳтироми ҳуқуқи инсон низ талошҳо ба харҷ дода мешаванд.
“Кобул барои тавсеаи равобити дипломатӣ ва иқтисодӣ фаъол аст, - гуфта буд вазири умури хориҷаи Русия. - Мо ба роҳ мондани тадриҷи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, пеш аз ҳама бо кишварҳои минтақа, ки сохторҳои тиҷоратии онҳо ба Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ҳамаи ин робитаҳо, албатта, ба эътирофи байналмилалии ҳукумати нави Афғонистон мусоидат мекунанд”.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста