Сергей Лавров Вазири корҳои хориҷии Русия дар нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон гуфтааст, Маскав ба аввалин дипломати ҳукумати Толибон аккредитатсия дод. Ин нишаст, имрӯз 31-уми март дар шаҳри Тунси Чин баргузор шуд ва дар он ҳайатҳои Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия иштирок карданд.
Ба навиштаи хабаргузории русии РИА Новости Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия зимни суханронӣ дар нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон гуфтааст, Максва ба нахустин дипломати афғон аз ҳукумати Толибон акредитатсия додааст. Ӯ гуфтааст, “мехоҳам қайд намоям, ки нахустин дипломати афғон, ки моҳи гузашта аз ҷониби ҳукумати нав фиристода ва вориди Маскав шуда буд, дар вазорати мо аккредитатсия гирифт".
Сергей Лавров изҳор доштааст, ки бо вуҷуди надоштани таҷрубаи идоракунӣ, маҳдудиятҳои моливу иқтисодӣ ва фишори низомиву сиёсии Амрико ва муттаҳидонаш, маъмурияти нави Афғонистон дар маҷмӯъ тавонистааст ҳукуматро дар ҳоли ҳозир нигоҳ дорад.
“Дар бахши мубориза бо терроризм натиҷаи мусбати муайян ба назар мерасад. Дар самти эҳтироми ҳуқуқи инсон талошҳо ба харҷ дода мешаванд. Кобул барои тавсеаи равобити дипломатӣ ва иқтисодӣ фаъол аст. Мо ба роҳ мондани тадриҷи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, пеш аз ҳама бо кишварҳои минтақа, ки сохторҳои тиҷоратии онҳо ба Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ҳамаи ин робитаҳо, албатта, ба эътирофи байналмилалии ҳукумати нави Афғонистон мусоидат мекунанд”,- гуфтааст, вазири корҳои хориҷии Русия
Гуфта мешавад меҳвари нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки имрӯз дар шаҳри Тунси Чин доир шуд ҳамоҳангсозии кӯмаки башардӯстона ба Афғонистон аст. Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҳайати Тоҷикистон, зери роҳбарии Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар дар ин нишаст ширкат мекунад. Дар назар аст дар ин нишаст ҳайатҳои кишварҳои Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия суханронӣ кунанд.
Манобеи “Азия-Плюс” гуфта буд, “ҳайати Тоҷикистон мавқеи кишварро дар ин нишаст изҳор мекунад. Мавқеи Тоҷикистон дар робита ба вазъи Афғонистон тағйир накардааст”.
Дар назар аст дар нишасти имрӯза масъалаҳои ҳамоҳангсозии талошҳои минтақавӣ дар самти башардӯстона ва иҷтимоию иқтисодӣ, кумак ба Афғонистон, инчунин ҳамоҳангсозии равишҳо дар муқобила бо таҳдидҳои паҳншавии терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ки аз Афғонистон бар меоянд, баррасӣ хоҳанд шуд.
Қаблан Шабакаи телевизионии байналмилалии Афғонистон хабар дода буд, ки ба ин нишаст вазири умури хориҷии ҳукумати “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) Амирхон Муттақӣ низ даъват шудааст. Вале маълум нест, ки Амирхон Муттақӣ ширкат мекунад ё не.
Дирӯз BBC хабар дода ба нақл аз ҷониби Чин гуфта буд, ҳадаф аз ин нишаст “ба даст овардани як тавофуқи бештар дар мавриди Афғонистон” хоҳад буд. Намояндаи расмии вазорати хориҷаи Чин Ван Вэнбин изҳор доштааст, ки дар ин нишаст ҳамчунин роҳҳои расидан ба субот дар Афғонистон ва ҳимоят аз мардуми ин кишвар баррасӣ мешавад. Ҷаласаи имрӯза дар Чин ба дунболи сафари ногаҳонии вазири умури хориҷии Чин Ван И, ба Кобул сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2021 Покистон минзбони нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон буд. Мулоқоти дуввум бо иловаи Русия моҳи октябри соли гузашта дар Теҳрон баргузор шуда буд, ки дар кори он Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ширкат намуд. Ӯ гуфта буд, ки Тоҷикистон ҳукумати ба таври зӯрӣ ва бидуни ризоияти мардум ба қудрат омадаро дар Афғонистон ба расмият намешиносад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки барои ҳалли мушкилоти Афғонистон талош кунанд.
Бо гузашти ҳашт моҳи ба сари қудрат омадани Толибон Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон танҳо кишварест, ҳеҷ гуна тамосе то кунун бо “Толибон” надоштааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста