SIGAR ё Сарбозрасии вижаи Амрико барои Афғонистон дар як гузориши таҳқиқӣ эълон кард, ки раисҷумҳури собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳангоми фирор аз Кобул маблағи камтар аз як миллион долрро бо худ бурдааст. Аммо пештар манбаъҳои гуногун эълон карданд, ки ӯ наздик ба ба 170 миллион долларро бо худ бурдааст.
Ин ниҳоди амрикоӣ гуфтааст, ки пас аз фирори Ғанӣ, муҳофизони ӯ ҳудуди 5 миллион долрро миёни худ тақсим кардаанд.
Ашраф Ғанӣ пештар ҳам дар чанд мусоҳиба ва паёмҳои видеоӣ иттиҳоми бурдани пулро рад карда буд. Ғанӣ, ки ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фирор карда буд, он замон гуфта буд, ки «ман фақат бо як воскат ва чанд даст либос рафтам, ин иттиҳомот дурӯғҳои беасос аст».
Ҳоло SIGAR таъйид кардааст, ки Ғанӣ бо як миқдор маблағ аз Афғонистон фирор кардааст.
Ҷон Сапку, раиси SIGAR дар ин гузориш, ки ба маҷлис ва конгрреси Амрико фиристода шудааст, гуфтааст, ки бештари ин пулҳо марбут ба буҷаи амалиётии ҳукумати Афғонистон буд ва ба таври маъмул дар Арги раёсати ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешуд. Тибқи ин гузориш, ин миқдор пул дар дасти ҳамаи нафароне будааст, ки дар чархболҳои ҳомили Ғанӣ ва ҳамсараш аз Кобул фирор карданд.
Бар асоси ин гузориш, пас аз фирори Ғанӣ, ҳудуд 5 миллион доллар пули нақд дар Арги раёсатҷумҳурӣ боқӣ монда буд, ки зоҳиран пас аз парвози чархболҳои ӯ ва ҳамроҳонаш ва пеш аз расидани Толибон ба Арг, муҳофизон раисҷумҳур онро миёни худ тақсим карданд.
Ба гуфтаи SIGAR, манбаи ин пул то ҳоло боиси ҷанҷолҳо аст. Бархе аз масъулони ҳукумати собиқ дар суҳбат бо ин ниҳод гуфтаанд, ки ин панҷ миллион доллар пулҳои шахсии Ашраф Ғанӣ будааст, аммо бархеи дигар гуфтаанд, ки ин пул марбут ба даврони муборизаҳои ахири интихоботи раёсатҷумҳурӣ буд, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Ғанӣ фиристодааст.

Ҷон Сапку гуфтааст, ки ин як гузориш пешакӣ аст, зеро SIGAR ҳанӯз мунтазири посухи раисҷумҳури фирории Афғонистон ба пурсишҳоест, ки ин ниҳод ирсол кардааст. SIGAR гуфтааст, ки барои таҳияи ин гузориш бо 30 нафар мақомҳои собиқи давлати пешини Афғонистон, аз ҷумла онҳое, ки бо Ғанӣ аз Кобул фирор карда буданд, гуфтугӯ кардааст.
Сарбозрасии Амрико барои Афғонистон ҳамчунин ҷузъиёти интиқоли пул аз сӯйи Руло Ғанӣ, генерал Қоҳир Кӯчӣ ва чеҳраҳои дигарро ҳам ошкор кардааст.
Дар гузориш омадааст, ки ин пулҳо дар ҷомадонҳои хурд ва сабук дар се чархбол ҷо карда шуда буданд.
Тибқи ин гузориш, Рафеъ Фозил, муовини мушовири амнияти миллии Афғонистон 240 ҳазор доллар аз буҷаи нақди Шӯрои амнияти миллии Афғонистонро дар борхалтаи бушташ доштааст.
Замони фирори Ғанӣ сафорати Русия дар Кобул гуфта буд, ки ҳамроҳ бо Ғанӣ дар се чархбол беш аз 169 миллион доллар ҳам дуздида шудааст.
Аммо SIGAR гуфтааст, ки агар 169 миллион доллар банкнотҳои саддолларӣ ҳам буда бошанд вазни он ду тон мешавад, ки тавассути ҳатто чаҳор чархбол номумкин аст.



Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста