Дирӯз, 15-уми сентябр, кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми зарардида аз офати табии Покистон дастрас гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.
Тавре қаблан хабар дода будем, бо супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 ҳазор тонна маводи озуқавориву масолеҳи сохтмонӣ таҳия гардида, ба мардуми аз офатҳои табии зарардидаи Покистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона фиристода шуд.
Ин кӯмак аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, ҳазор тонна ангиштсанг, ҳазор тонна семент ва 2 ҳазор адад шифер иборат буда, 12,2 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, бар асари бориши зиёди борон ва ба амал омадани обхезиҳо дар Покистон беш аз 1200 нафар ба ҳалокат расида, 33 миллион шаҳрванди ин кишвар зарар дидаанд.
Ҳамчунин, беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ ва заминҳои кишоварзӣ пурра хароб гардиданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сипоси худ ва мардуми кишварашро барои расонидани кӯмаки башарардӯстона изҳор дошт.
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста