Бар асари заминларза дар Туркия зиёда аз 31 ҳазор нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора имрӯз, 13 феврал Анадолу бо истинод ба Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи ҳукумат (АФАД) хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, айни замон шумори қурбониёни заминларза дар Туркия то 31 ҳазору 643 нафар ва теъдоди осебдидагон - ба 80 ҳазору 278 нафар расидааст. Дар натиҷаи ин офат 66 ҳазору 444 бино тахриб шудаааст.
Корҳои ҷустуҷӯ дар минтақаи офат идома доранд. Пас аз 7 рӯзи офат имдодгарон, аз ҷумла наҷотдиҳандагони Тоҷикистон то ҳол аз зери харобаҳо одамони зиндамондаро дарёфт мекунанд.
Чанде пеш имдодгарони Тоҷикистон аз зери харобаҳо дар музофоти Қаҳрамонмараш ду кӯдаки зинадмондаро берун гирифтанд. Баъди 151 соат аз заминларза имдодгарони тоҷик аз зери вайронаҳои бинои 9-ошёна кӯдаки 4-соларо наҷот доданд.
Қаблан рӯзи шанбе имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз зери харобаҳо падар ва кӯдаки 6-моҳаи ӯро берун оварда буданд.