Пас аз заминларзаи мудҳиши аввали моҳи феврал дар Туркия, дар мавриди фурӯ рафтани бинову иншоот бар асари он, 182 нафар ба ҳабс гирифта шуда, зиёда аз 400 кас гумонбар дониста мешаванд, хабар медиҳад Азаттык.

Бино ба иттилои "Ассошиэйтед Пресс", инҳо асосан паймонкорони сохтмони манзилҳо, моликон ё мудирони биноҳо мебошанд. Ба гуфтаи вазири адлия Бекир Боздаг, далелҳои дарёфтшуда дар ҷойҳои биноҳои фурӯрафта асос барои баргузории тафтишотанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бисёре аз бинову иншоотҳое, ки пас аз заминларза фурӯ рехтаанд, эҳтимолан бо истифода аз масолеҳи сохтмонии пастсифат ва ба меъёрҳои давлатӣ ҷавобгӯнабуда сохта шудаанд.

Мақомоти Туркия ҳамчунин дар мавриди ҳодисаҳои ғоратгарӣ низ тафтишот роҳандозӣ намуда, айни замон 200 нафар ба ҳабс гирифта шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари заминларзаи 7,8 баллаи рӯзи 6 феврал беш аз 50 ҳазор нафар - дар Туркия 44 ҳазору 218 нафар ва дар Сурия - 5 ҳазору 914 нафар ҳалок шуданд.

Дар Туркия корҳои барқарорсозии хонаҳо оғоз шуд: бар асари заминларза зиёда аз 160 ҳазор бино тахриб шуд, ки дар он 520 ҳазор манзил вайрон шуд ё осеб дид.

Мақомоти кишвар изҳор доштанд, ки барои осебдидагон 313 ҳазор хаймаҳо гузошта шуда, боз таъмини онҳо бо 100 ҳазор контейнерҳои хонаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар Туркия ба муҳлати 3 моҳ вазъияти фавқулода эълон шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.