Дирӯз, 5-уми март, миёни ҷангҷӯёни Толибон* ва марзбонони Эрон дар пайи ба хоки Эрон гузаштани як намояндаи Толибон, даргирӣ рух дод. Дар ин бора расонаҳои ду кишвар иттилоъ медиҳанд.
Ба гузориши расонаҳо, даргирӣ миёни марзбонон пас нисфирӯзӣ, дар марзи ду кишвар дар вилояти Нимрӯзи Афғонистон рух додааст.
Хабаргузории афғонии “Иттилооти рӯз” бо такя ба манобеи худ менависад, ки низомиёни эронӣ нахуст 2 тири миномётро ба хоки Афғонистон партоб карданд ва баъдан даргирӣ оғоз шуд.
“Даргирӣ соати 13 оғоз гардида, пас аз соати 13:30 қатъ шуд. Дар ин муноқиша ду хонаи сокинони маҳаллӣ тахриб гардид”, - менависад “Иттилооти рӯз”.
Дар ҳамин ҳол, манобеи хабаргузории “Ому” гуфтаанд, муноқиша замоне рух дод, ки яке аз марзбонони Толибон хати марзро убур карда, ба сӯи Эрон рафт ва нерӯҳои марзбонии Эрон ба сӯи ӯ тир холӣ карда, ӯро захмӣ карданд.
Гулмуҳаммади Қудрат, сухангӯи фармондеҳи амниятии Толибон дар Нимрӯз ба хабаргузорӣ ин ҳодисаро таъйид карда, вале дар бораи он ҷузъиёти бештар надодааст.
Яке аз сокинони минтақаи наздимарзӣ ба “Иттилооти рӯз” гуфтааст, ҳангоми намози пешин дар назди хонааш садои тир шунид ва ҳини берун шудан аз хона дида, ки ду захмӣ интиқол дода шуда, нерӯҳои иловагии Толибон ба сӯи марз фиристода мешаванд.
Манобеи хабаргузории эронии “Шабакаи Шарқ” ҳам гуфтаанд, ки ҳарду ҷониб аз аслиҳаи сабук ва сангин истифода карданд. Ҳамчунин, манобеъи маҳаллӣ афзудаанд, ки мушакҳои марзбонони эронӣ ба атрофи бинои пулиси Толибон дар шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯз, зарба задаанд.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони Толибон ва мақомоти Эрон мегӯянд, дар ин даргирӣ касе кушта нашудааст, вале ҳозир намешаванд, ки омилҳои даргирӣ ва оқибатҳои онро ба расонаҳои ду кишвар ироа намоянд.
Қаблан намояндагони сарпарасти ҳукумати Толибон таъкид карда буданд, ки “аз мо ба кишварҳои ҳамсоя зарар намерасад”, вале ин бори аввал нест, ки Толибон бо марзбонони кишварҳои ҳамсоя даргир мешаванд.
Охири моҳи феврали соли равон дар гузаргоҳи Турхам, дар сарҳади Афғонистону Покистон, миёни ҷангҷӯёни Толибон ва низомиёни Покистон ҳам муноқиша сар зада буд.
Чанде аз ин, дар ҳамин вилояти Нимрӯз, дар сарҳади Афғонистону Эрон, марзбонони ду кишвар ба ҳамдигар даргир шуда буданд, ки боиси кушта шудани чор марзбони Эрон гашта буд. Толибон аз қурбониёни худ иттилоъ надоданд.
Ёдовар мешавем, ин муноқиша дар ҳоле рух дод, ки Эрон чанде пеш Сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба дипломатҳои Толибон супурд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста