Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон баъд аз зӯҳри имрӯз, 29-уми март, дар сафҳаи Твиттери худ навореро аз ҳамлаи нерӯҳои ин Ҷабҳа ба маркази таълимии Толибон дар минтақаи Пули - Чархии шаҳри Кобул нашр карда, навишт: “Ин ҳамла оғози амалиёти чирикии нерӯҳои мо барои дифоъ аз мардум дар муқобили зулм ва таваҳҳуши толибонӣ дар фасли ҷадид аст. Замон: дишаб, макон: маркази таълимии Пули - Чархии Кобул, постгоҳҳои қитъаи хоси Толибон”.
Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ таъкид кардааст, ки дар ин ҳамла талафоти зиёде ба ҷангҷуёни толиб ворид шудааст. Дар ҳамин ҳол ӯ шумораи дақиқи талафоти Толибонро нагуфтааст.
Сухангӯи Ҷабҳаи муқовамати миллӣ гуфтааст, ки ба монанди ин ҳамлаҳо пас аз ин идома хоҳад ёфт.
То ҳол намояндагони гуруҳи Толибон* ин навиштаи сухангӯи Ҷабҳаро шарҳ надодаанд.
Бояд гуфт, ки ин нахустин ҳамлаи Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ба Толибон пас аз оғози соли ҷорӣ аст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста