Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рафъи оқибатҳои таҳримҳои зидди Русия ҳамкорӣ мекунад ва омода аст, ки ба онҳо дар муносибаташон бо Маскав ва Пекин алтернатива (ҷойгузин) пешниҳод кунад.
Ин изҳоротро рӯзи панҷшанбе ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Элизабет Хорст дар музокироти кумитаи умури хориҷии Палатаи намояндагони Конгресс баён дошт, менависад ТАСС.
"Онҳо аз мо дар масъалаи таҳримҳо дастгирӣ ва дар дарёфти роҳи муқовимат ба фишор (Русия ва Чин) кӯмак мепурсанд, дархост мекунанд, ки алтернатива пешниҳод кунем. Мо бо онҳо дар масъалаи таҳримҳо, бахусус бо Ӯзбекистон ва Қазоқистон хеле фаъолона ҳамкорӣ дорем то ки то иқтисодҳои онҳо осеби ҷиддӣ набинанд", - изҳор доштааст назари худро дипломат.
Ӯ илова намудааст, ки ИМА ҳоло имкон пайдо кардаанд, ки робитаҳояшонро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ мустаҳкам кунанд.
Ба гуфтаи Хорст, паёме, ки Вашингтон ба ин кишварҳо ирсол мекунад, барои муносибатҳо ҳам бо Русия ва ҳам бо Чин “алтернатива” дорад.
Дипломат ҳамчунин зикр кардааст, ки ИМА ва Қазоқистон “аз дер боз дар бахши энергетика муносибатҳо доранд” ва дар ин робита, Вашингтон рӯйи коҳиши вобастагии Остона аз Маскав дар ин самт кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста