Шарҳи навбатии рӯйдодҳои муҳими сиёсати байнулмилалии ҳафтаи гузашта дар ҷаҳон, ки ба ин ё он восита ба минтақаи Осиёи Марказӣ низ дахл доранд.

Тақдири рубл

Хабари асосии рӯзҳои ахир поинравии қурби рубл ва ҳадди рамзии 100 рубл (1 доллар)-ро гузаштани он аст. Бонки марказии Русия дар ҷаласаи таъҷилии худ меъёри асосии бонкиро якбора 3,5 банди фоизӣ боло бурда, ба 12 дарсади солона расонд.

Чунин шуморида мешавад, ки болоравии меъёри бонкӣ як василаи муассири ҷилавгирӣ аз поин рафтани пули миллӣ аст, аммо рӯзи 16 август қурби рубл танҳо то 97 рубл барои як доллар барқарор шуд.

Расидани арзиши 1 доллар ба 100 рубл дар худ на танҳо аҳамияти соф иқтисодӣ дорад, балки ба афкори ҷомеаи Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ низ таъсири рӯҳиву равонӣ мерасонад.

Аз ин рӯ, тӯли моҳи август саволи асосие, ки дар ҳамоиш ва конфронсҳои сершумори онлайн баррасӣ шуд, чунин буд - оё рубл аз 100 доллар убур мекунад ва агар ин тавр шавад, то ба кай ва ин ба Русия ва шарикони хурди он дар ИДМ чӣ таҳдидҳое дорад?

Доир ба сабабҳои поин рафтани рубл, ақидаҳои иқтисоддонҳои маъруф умуман мувофиқанд.

Аввалан, моҳҳои охир вуруди асъори устувор ба иқтисоди Русия ба таври назаррас коҳиш ёфт, пеш аз ҳама аз ҳисоби коҳиши даромад аз содирот (ба 40%)-и нафту газ ба хориҷа.

Аз сӯйи дигар, хароҷоти воридоти мол аз хориҷа, ки имрӯз иқтисоди Русия ба он ниёзи зиёд дорад, хеле боло рафт. Ба ибораи дигар, асъори усутвор кам шуд, аммо талабот ба он хеле афзоиш ёфта, мутаносибан дар шароити кмбуди шадиди асъори муътадил, арзиши доллар ва евро боло рафт.

Илова бар ин, ба навиштаи нашрияи NGS.ru, теъдоде аз коршиносон бар ин назаранд, ки ҳукумати Русия ҳадафмандона сиёсати беқурбшавии рублро ба манзури пуштибонӣ аз содиркунандагони Русия дар шароити таҳримҳо ва поин рафтани қимати ҷаҳонии нафту гандум, пӯлод ва фулузот (мтеалл) роҳандозӣ намуд.

Паст шудани қурби рубл бояд асосан мушкилоти буҷети Русияро низ ҳал карда, даромади рубл ба онро аз ҳисоби паст шудани қурб зиёд кунад.

Ба иттилои Reuters, Русия хароҷоти ҷангии худро дар соли 2023 ду баробар то беш аз 100 млрд доллар афзуд, ки сеяки тамоми хароҷоти давлатиро ташкил медиҳад.

Дар ин шароит рубли арзон ба ҳукумат имкон медиҳад, ки касри буҷетро муваффақона рӯйпӯш намуда, хароҷоти ҳарбӣ, ҳақмузди низомиён, сафарбаршудагон ва ғайраро пардохт кунад.

Агар ҳукумати Русия ба беқурбшавии назоратшавандаи рубл намерафт, он гоҳ бояд «дастгоҳи чоп»-ро ба кор мебурд, ки ба оқибатҳои хеле вазнинтар барои иқтисоди кишвар, аз ҷумла болоравии якбораи нархҳо, ҳатто беқурбшавии бештари рубл ва ин дафъа аллакай идоранашаванда  боис мегардид.

Беқурбшавии рубл ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самтҳои асосии зерин таъсири назаррас мерасонад:

Аввалан, беқурбшавии рубл ба манфиатҳои муҳоҷирони корӣ, ки тибқи маълумоти гуногун дар бозори кори Русия беш аз 6 млн нафарро ташкил медиҳанд, таъсир мегузорад.

Беқурбшавӣ маъмулан ба афзоиши нарху наво ва арзиши зиндагӣ боис гардида, инчунин ба даромади одамон таъсир мерасонад, ки бо ҳисоби воқеӣ (ба доллар) аз пештара камтар маблағ мегиранд.

Ба ибораи дигар, муҳоҷирон бештар харҷу камтар даромад мегиранд, ки ин кори онҳоро дар Русия торафт камтар фоидаовар мекунад - бо вуҷуди доимо зиёд шудани талаботи иқтисоди Русия ба қувваи корӣ.

Бар асоси назарсанҷиҳои коршиносон, ки нашрияи "Ведомости" нашр кардааст, дар сурати ба эътидол наомадани вазъи рубл дар моҳҳои наздик, аз 10 то 30%-и муҳоҷирони корӣ Русияро тарк хоҳанд кард. Тахмин меравад, ки хуруҷи муҳоҷирони меҳнатӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои камтар муздгиранда - савдои чакана, хӯроки умумӣ, корҳои тозакунӣ, ғизорасонии сайёр (кейтеринг), соҳаи боррасонӣ (курйер), бахши кишоварзӣ ва ғайра имконпазир аст.

Яъне, дар навбати аввал гурӯҳҳои муҳоҷирони аз лиҳози молиявӣ начандон таъмин, ки бе ин ҳам базӯр рӯзгорашонро таъмин мекунанд, осеб мебинанд.

Тибқи як назарсанҷӣ миёни намояндагони диаспораи ӯзбекҳо, бо сабаби болоравии қурби доллар, 50%-и пурсидашудагон фикри тарки Русияро доранд, 25%-и онҳо рафтанӣ нестанд ва 25%-и дигар то ҳол дар бораи чӣ гуна посух додан тасмим нагирифтаанд.

Ба эҳтимоли зиёд, аз назарсанҷӣ миёни муҳоҷирони тоҷику қирғиз низ чунин натиҷаҳо ҳосил мешуд.

Дар баробари ин, як қисми муҳоҷирон метавонанд ба бахши комплекси саноати ҳарбӣ гузаранд, ки имрӯз ҷараёнҳои асосии сармоягузории давлатӣ ба он равона мешаванд. Аммо боз ҳам муҳоҷирон дар бахши комплекси саноати ҳарбӣ танҳо дар сурати гирифтани маоши кофӣ, ки болоравии нархҳо ва поин рафтани қурби рублро ҷуброн кунад, боқӣ мемонанд.

Дуюм, беқурбшавии рубл ба вазъи иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ низ таъсир мерасонад. Ба ҳисоби миёна, воридоти Русия тақрибан сеяки гардиши тиҷоратии кишварҳои минтақаро ташкил медиҳад; ба ин хурокворӣ, бензин, нафт, чӯбу тахта ва ғайра дохил мешаванд. Мутаносибан, чуноне ки таҷриба нишон медиҳад, таваррум дар Русия дар ниҳоят ба болоравии нархҳо дар кишварҳои минтақа низ оварда мерасонад.

Сурат: РИА Новости

Илова бар ин, бо қурби ноустувори асъор, тоҷирон хатарҳои эҳтимолиро ба арзиши молҳои аз Русия воридшуда дохил мекунанд, ки ба нархи ниҳоии онҳо таъсир мерасонад.

Ҳамаи ин ба сатҳии зиндагии аҳолӣ таъсири назаррас мерасонад.

Ғайр аз ин, қурби рубл ба қурби асъорҳои миллии минтақа низ таъсиргузор аст.

Аз як тараф, чуноне ки таҷрибаи соли гузашта нишон медиҳад, беқурбшавии рубл ба беқурбшавии пулҳои миллӣ боис мегардад, лекин бо як андоза таъхир ва дар ҳаҷми камтар.

Аз тарафи дигар, қурби рубл маъмулан нисбат ба пулҳои миллӣ, масалан сомонӣ ё соми қирғизӣ низ поин меравад. Ин ҳам мустақиман ба манфиатҳои муҳоҷирони корӣ ва оилаҳои онҳо дахл дорад, зеро интиқоли пул аз Русия бо рубли русӣ сурат гирифта, баъдан бо пули миллӣ аз нав ҳисоб карда мешавад.

Мутаносибан, ҳар қадар қурби рубл нисбат ба пули миллӣ паст бошад, ҳамон қадар оилаҳои муҳоҷир дар вақти қабули маблағи интиқолёфта пули камтар мегиранд.

Албатта, бисёр чиз аз он вобаста хоҳад буд, ки вазъият бо рубли русӣ дар оянда чӣ гуна хоҳад шуд. Иқтисодчиёни бонуфузи Русия то ҳол дар ин бора назари ягона надоранд.

Аз як тараф, дар Русия давраи пешазинтихоботӣ оғоз мешавад (интихоботи президенти Русия дар соли 2024); аз ин рӯ, бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки то интихобот ҳукумат ба коҳиши минбаъдаи рубл иҷоза надода, онро ҳадди ақал дар сатҳи ҳозира ва ё дар як долони каму беш қобили қабул барои аҳолӣ ва тиҷорат - 85-95 рубл (1 доллар) ба эътидол меорад.

Аз сӯйи дигар, эҳтимол моҳҳои сентябр-октябр қурби рублро боз ҳам поинтар баранд, то ки касри буҷетро рӯйпӯш намуда, баъдан мустақиман наздиктар ба худи интихобот қурби рублро мустаҳкам кунанд.

Ба ҳар ҳол, беқурбшавии «идорашаванда»-и рубл (беш аз 40% дар давоми сол) ҳарчанд каме бо таъхир бошад ҳам, аллакай тадриҷан ба сатҳи зиндагӣ ва даромади аҳолӣ таъсир мерасонад. Дар баробари ин, дар шароити феълӣ ба ҳар сурат, пеш аз ҳама муҳоҷирони машғули кор дар бахшҳои хидматрасонӣ ва тиҷорат осебдидагони асосӣ хоҳанд буд.

Шӯрои ҳуқуқи башар: шиноснома дар як баста бо билети ҳарбӣ

Бино ба гузориши “Ведомости”, Валерий Фадеев, раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди президенти Русия (Шӯрои ҳуқуқи башар) пешниҳод кардааст, ки муҳоҷирон ҳангоми додани шиносномаи Русия ба қайди ҳарбӣ гузошта шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми гирифтани шиносномаи Русия “бисёр вақт” қайди ҳарбиро фаромӯш мекунанд, ки ин нодуруст аст. Шӯро омода аст, ки дар таҳияи тартиби расмии ҳамоҳангсозии ин ду санад иштирок кунад.

Нашрия ҳамчунин менависад, ки пас аз рейд ба анбори сабзавоти София беш аз 100 муҳоҷири дорои шаҳрвандии Русия барои ба қайди ҳарбӣ гузоштан ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Фрунзе оварда шудаанд.

Гуфтан душвор аст, ки Шӯрои ҳуқуқи башар ба сабти ном чӣ гуна иртибот дорад ва то куҷо ҳамоҳангсозии ин ду раванд (додани шиноснома ва билети ҳарбӣ) ба салоҳияти Шӯро дахл дорад. Дар ҳар сурат, ин изҳорот гувоҳи он аст, ки аллакай дар ин даъвати тирамоҳӣ дар Русия ба масъалаҳои сафарбаркунии ҳарбӣ ба таври ҷиддӣ муносибат хоҳанд кард.

То ба ҳол, бисёре аз "шаҳрвандони нав" бо иқомат дар манзили иҷора тавонистанд, ки аз даъват худро канор гиранд ва ин дар навбати худ, ба онҳо супурдани даъватномаҳои ҳарбиро душвор мекард. Лекин акнун вазъ ба таври назаррас тағйир меёбад: дар Русия қонунҳо дар бораи даъватномаҳои электронӣ қабул шуд, ки аз замони нашри онҳо дар сомонаи Госуслуги (Хадамоти давлатӣ) супурдашуда ҳисобида мешаванд.

Илова бар ин, ба навиштаи “Ведомости”, рӯзи 31 июл президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки мувофиқи он ҷарима барои бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ то 30 ҳазор рубл зиёд шуд.

Дар қонун ҳамчунин барои саркашӣ аз муоинаи тиббӣ, қасдан вайрон кардан, нобуд кардан ё беэҳтиётона нигоҳ доштани билети ҳарбӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ, барои иваз кардани ҷойи иқомат аз ҷониби даъватшаванда бидуни огоҳӣ ба комиссариати ҳарбӣ, ҷаримаҳои нав пешбинӣ шудааст.

Ҳамаи ин навовариҳо воқеан ҳама воситаҳои имконпазирро барои саркашӣ аз сафарбарӣ, ки қаблан шаҳрвандони нави Русия хеле муваффақона истифода мекарданд, дастнорас мекунанд.

Сурат аз dzen.ru

Қазоқистон ва Русия: “моҷарои Яндекс”

Дар аввали моҳи август дар ВАО-и Русия хабаре нашр шуд, ки аз 1 сентябр Хадамоти федералии амнияти Русия метавонад ба пойгоҳи маълумот (додаҳо)-и Яндекс дастрасӣ пайдо кунад, ҳатто агар берун аз ҳудуди кишвар бошанд. Дар ҳоле ки худи Хадамоти амният соҳиб шудан ба чунин ваколатҳоро рад кард.

Ба иттилои нашрияи Медуза, ин сервис (одатан бо номҳои Yango ва Yandex Go) дар беш аз бист кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Исроил, Норвегия, Финландия, Беларус, Қазоқистон, Гурҷистон ва Арманистон фаъолият мекунад.

Дар ҳамин ҳол, маълумоти хадамоти таксӣ ва тамоми сафарҳо, чи дар дохил ва чи дар хориҷи Русия танҳо дар марказҳои додаҳо (маълумот)-и Русия, яъне дар қаламрави Русия нигоҳ дошта мешаванд. Дар маҷмӯъ онҳо сетоанд - дар вилоятҳои Маскав, Рязан, Владимир. Дар Калуга сохтмони як маркази дигари Яндекс дар ҳоли анҷомёбист.

Тибқи иттилои нашрияи қазоқистонии Tengri.news, аслан ин маънои онро дорад, ки мақомоти қудратии Русия гӯиё метавонанд сафарҳои сокинони Арманистон, Гурҷистон, Исроил, Қазоқистон, Финландия ва 15 кишвари дигарро, ки дар онҳо Яндекс Go фаъолият мекунад, пайгирӣ кунанд.

Дар натиҷа, бисёре аз муштариёни хадамот дар кишварҳои хориҷи наздик ва дур аз ин ҳолат нигаронӣ карда, дар як қатор кишварҳо вокуниши ҷомеа ва амалҳои ҷавобиро ба бор овард.

Аз ҷумла, дар Қазоқистон дастрасӣ ба домени yandex.kz аллакай рӯзи 9 август қатъ шуда буд. Бино ба иттилои Утро.ру, кори версияи қазоқии системаи ҷустуҷӯии Яндекс бо дархости мақомоти ҷумҳурӣ қатъ карда шуд.

Тавре дар Вазорати рақамисозии кишвар шарҳ доданд, ин ба хотири ҷойгир кардани захираҳо дар комплексҳои дастгоҳиву барномавӣ дар берун аз қаламрави давлат сурат гирифтааст.

Пас аз ин ба навиштаи нашрия, миёни Русия ва Қазоқистон дар бораи фаъолияти минбаъдаи хадамот дар кишвар моҷаро оғоз шуд. Ҳамзамон, тибқи иттилои Радиои Озодлик, Хадамоти ҳифзи маълумоти шахсии Гурҷистон низ ба омӯзиши қонунӣ будани коркарди маълумоти шахсии шаҳрвандон тавассути ширкати Яндекс.Такси, ки аз соли 2020 дар Гурҷистон фаъолият мекунад, шурӯъ кардааст.

Яндекс.Такси яке аз воҳидҳои мустақили тиҷоратиии ширкати “Яндекс” буда, хидматрасонии танзими кори таксиҳо, интиқоли ғизо ва хӯрокворӣ, инчунин замимаҳои мобилиро барои онҳо пешниҳод мекунад. Қароргоҳи ширкат дар Маскав ҷойгир аст.

Моҳи июли соли 2017 “Яндекс” ва Uber, ширкати пешсафи ҷаҳон дар соҳаи хидматрасонии онлайни боркашонии автомбилӣ, дар бораи муттаҳид кардани хидматрасонии тиҷоратӣ ва фармоишҳои онлайни таксиҳо дар Русия ва ИДМ созишнома ба имзо расониданд.

"Моҷарои Яндекс"-и имрӯза, бахусус дар шароити ихтилофи Русия бо Ғарб, эҳтимол ба рушду тавсеаи ин ширкат дар хориҷ аз Русия, аз ҷумла дар кишварҳои Осиёи Марказӣ монеа эҷод кунад.

 “Толибон”: на адабиёт, балки “абзорҳои пешрафтаи ҳарбӣ”

Тавре ки нашрияи ВNN хабар медиҳад, ҳафтаи гузашта муовини вазири кор бо ҷавонони Вазорати иттилоот ва фарҳанги “Толибон”Муҳаммад Юниси Рашид, изҳор дошта буд, ки ба Афғонистон забони форсӣ лозим нест ва омӯзиши адабиёти форсӣ ба онҳо зарурате надорад.

Муовини вазир дар ин бора зимни як конфронс - "Баҳси озод дар бораи мушкилоти ҷавонони вилояти Бомиён" зимни сафараш ба шаҳри Бомиён изҳорот дод. Лекин дар гузориши расмии сафари муовини вазир ба минтақа изҳороти интиқодии ӯ дар бораи забон аз матн гирифта шуд.

Дар ин вохӯрӣ мансабдор таълими забон ва адабиёти форсӣ дар донишгоҳҳоро “ масъалаи ғайримуҳим”дониста, таъкид кард, ки ҷавонон бояд бахшҳоеро омӯзанд, ки "бо онҳо тавонем василаҳои пешрафтаи низомӣ омода кунем".

Сурат: AFP

Тазод ин аст, ки ин изҳорот аз ҷониби як мақоми баландпояи вазорати фарҳанг садо додааст.

Нашрия менависад, изҳороти номуносиби ҷаноби Рашид боиси хашми бисёре аз форсизабонон дар Афғонистон ва хориҷи кишвар шуд, ки онҳоро таҳқир ба фарҳанг ва ҳувияти худ хонданд.

Ин хашм ба он далел низ ҳаст, ки Бомиён, дар 130-километрии Кобул воқеъ буда, яке аз марказҳои аслӣ ва суннатии форсизабонони Афғонистон аст.

Аз ин рӯ, мунаққидон ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳам дар сатҳи миллӣ Рашид ва “Толибон”-ро ба таҳмили ақида ва барномаи худ бар сари мардуми Афғонистон ва нақзи ҳуқуқи забонӣ ва фарҳангии ҷомеаи форсизабонон, ки ҳадди ақалл аз нисф бештари аҳолии кишварро ташкил медиҳад, муттаҳам карданд.

Ба ақидаи мунаққидон, ин изҳороти Рашид боз як гувоҳи он аст, ки Толибон минбаъд низ роҳ ёфтани намояндагони ақаллиятҳои миллиро дар сохторҳои ҳукумат намехоҳанд.

Аммо, ба назари ман, ин изҳорот як ҷанбаи муҳими дигаре дорад, ки кишварҳои ҳамсоя дар минтақа бояд ба он таваҷҷуҳ кунанд.

Аз изҳороти Рашид бармеояд, ки низоми маориф дар Афғонистон имрӯз бо таваҷҷӯҳ ба омӯзиши фанҳои “амалӣ” ва низомӣ сохта шудааст.

Яъне сухан бештар на дар бораи забони форсӣ, балки дар маҷмӯъ доир ба ҳарбикунонии низоми маориф меравад, ки дар он масоили фарҳангу адаб дуюмдараҷа ва ғайримуҳим дониста шуда, масъалаҳои дастурҳои ҳарбӣ ба мадди аввал мебароянд.

Мутаносибан, суоли мантиқӣ дар ин замина ин аст, ки “Толибон” бар зидди кӣ ва чаро соҳаи маорифро ҳарбӣ мекунанд ва ин то кадом андоза ба вазъи амниятии минтақа дар солҳои оянда таъсир хоҳад дошт?

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.