Теъдоди шахсони дар дохил ба дигар ҷой кӯчида (онҳое, ки бар асари даргириҳо маҷбуран хонаҳои худро тарк кардаанд) дар навори Ғазза ба 423 ҳазору 378 нафар расидааст, хабар медиҳад "Коммерсант" бо такя ба Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи СММ.
Стефан Дюжаррик, намояндаи расмии дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, беш аз 2,5 ҳазор хона дар Ғазза ба тавре тахриб ё осеб дидаанд, ки дигар дар онҳо зиндагӣ кардан ғайриимкон аст.
Ба гуфтаи ӯ, дастикам 88 муассисаи таълимӣ мавриди зарба қарор гирифтаанд.
"Тақрибан 23 ҳазор хонаи дигар осеби миёна ё сабук дидаанд", - иброз доштааст ӯ дар брифинг.
СММ ҳамчунин даъват кардааст, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти таъҷилии сокинони Навори Ғазза ва Соҳили ғарбии дарёи Урдун 294 млн доллар ҷудо карда шавад.
Сарфи ин маблағ барои кӯмак ба беш аз 1,2 миллион нафар дар ин қаламравҳо пешбинӣ гардидааст.
Ҷанг миёни Исроил ва ҳаракати фаластинии Ҳамос аз 7 октябр ба ин сӯ идома дорад.
Исроил аз кушта шудани беш аз 1,3 ҳазор нафар ва Фаластин - тақрибан 1,5 ҳазор нафар хабар доданд. Исроил интиқоли нерӯи барқ ва обро ба навори Ғазза қатъ карда, аз барқарор кардани он то замони баргардонидани маҳбусони Ҳамос худдорӣ мекунад.
Созмони Милали Муттаҳид амалҳои мақомоти Исроилро танқид кард.