Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид зимни як баромади худ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин созмон дар баробари ҳамлаи Ҳамос, аз амалкардҳои Исроил низ тунд интиқод кард.
Ҷаноби Гутерриш гуфт, “ардуми Фаластин 56 сол шуд зери ишғоланд” ва “куштори 1400 нафар дар як холигоҳ рух надодааст”.
Ӯ дар робита ба мушакборони Навори Ғазза аз ҳамлаи гуруҳи Ҳамос ба Исроил интиқод кард, аммо дар баробари ин, амалкардҳои Исроилро низ маҳкум намуд.
“Аммо шикваҳои мардуми Фаластин наметавонад ҳамлаҳои мудҳиши Ҳамосро сафед кунад. Ва ин ҳамлаҳои мудҳиш наметавонад муҷозоти дастаҷамъии мардуми Фаластинро сафед кунад”, - таъкид кард Гутерриш.
Дар пайи ин, Гилад Эрдан, сафири Исроил дар СММ аз дабири кулли СММ хост, истеъфо диҳад. Ӯ гуфт, ин гуна изҳорот барои роҳбари ин созмон “ношоист” аст.
Вазири хориҷаи Исроил Элӣ Коэн низ гуфт, дигар бо Гутерриш мулоқот нахоҳад кард ва аз даъвати ӯ барои оташбас дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ки рӯзи сешанбе, 24-уми октябр, дар Ню-Йорк баргузор шуд, интиқод кард.
Дар нишасти мазкури Шӯрои амният Исроил даъватҳои оташбасро нодида гирифт ва гуфт, ки бо Ҳамос ҷангро идома медиҳад.
“Даргирӣ”-ҳои дипломатӣ дар ҳоле ҷараён дорад, ки дар Ховари Миёна ҷанги воқеӣ авҷ мегирад ва Навори Ғазза бо хатари фалокатбори гуманитарӣ рӯбарӯ аст.
Ин дар ҳолест, ки вазорати тандурустии Ғазза ба раҳбарии Ҳамос гуфт, дар тӯли 24 соат дар асари ҳамлаҳои ҳавоии Исроил беш аз 700 фаластинӣ кушта шудаанд, ки баландтарин теъдоди қурбониёни рӯз аз замони оғози бомбгузорӣ аст.
Ба навиштаи нашрияи New York Times, аз замони оғози ҷанг дар ҳамлаҳои Исроил беш аз 5700 фаластинӣ кушта шудаанд. Вазорати тандурустии Фаластин хабар медиҳад, ки беш аз 2 ҳазор кушташудагон кӯдакони фаластинӣ мебошанд.
Дар Исроил бошад, 1400 нафар ҷон бохтаанд. Теъдоди охирини гаравгонҳои исроилӣ 222 нафар эълон шуд, ки дирӯз, 24-уми октябр, Ҳамос ду нафар занони солхӯрдаи исроилиро озод кард. Ин занҳо пас аз озодӣ ба хабарнигорон гуфтаанд, ки “муносибати гурӯҳи Ҳамос бо мо хуб буд”.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Арико гуфт, ки қабл аз гуфтугӯ дар бораи оташбас бояд ҳамаи гаравгонҳо озод карда шаванд.
Ҳоло ҳам Навори Ғазза пурра муҳосира шуда, шароити гуманитарӣ дар он ваҳим мегардад. Исроил ба ҳуҷуми заминӣ ба ин минтақа омода мешавад.
Бояд гуфт, ки даргириҳои ахир дар Ховари Миёна 7-уми октябр дар пайи ҳамлаи Ҳамос ба Исроил оғоз шуд. Ин бузургтарин ҳамлаи гурӯҳи Ҳамос дар 50 соли охир ба Исроил гуфта мешавад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста