Бино ба маълумоти ҷадид, ки хабаргузории Reuters интишор кардааст, дар пайи ҳамлаи мушакии Исроил ба урдугоҳи Ҷабалияи Навори Ғазза дастикам 195 фаластинӣ кушта шудаанд. Дар пайи ин, намояндаи СММ аз эҳтимоли ҷинояти ҷангӣ ҳушдор дод.
Ба урдугоҳи Ҷабалия дирӯз, 1-уми ноябр, ҳамла сурат гирифт. Исроил гуфт, ки ду роҳбари низомии Ҳамосро ҳадаф қарор дода буд, аммо куштори садҳо сокини бегуноҳро рад накард.
Ҳамчунин, Исроил масъулияти ҳамлаи худ ба урдугоҳи гурезагон ва куштори садҳо нафар сокини бегуноҳро ба зиммаи Ҳамос гузошт.
Дар ҳамин ҳол, Созмони Миллали Муттаҳид аз эҳтимолияти даст задан ба ҷинояти ҷангӣ дар Ховари Миёна ҳушдор медиҳад.
Фолкер Турк, комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи башар дар шабакаҳои иҷтимоии “X” навишт, ки “бо дарназардошти теъдоди зиёди талафоти ғайринизомиён ва миқёси харобиҳо дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба урдугоҳи гурезаҳои Ҷабалия, мо нигаронии ҷиддӣ дорем, ки ин ҳамлаҳои номуносиб буда, метавонанд ҷиноятҳои ҷангӣ бошанд”.
Зикр бояд кард, ки бо вуҷуди даъватҳои афзояндаи байнулмилалӣ барои таваққуфи башардӯстона дар амалиёти ҷангӣ, вазъ дар Навори Ғазза ваҳим мешавад.
Ба иттилои расонаҳо, айни ҳол аҳолии осоиштаи Навори Ғазза аз хӯрока, сузишворӣ, оби нушокӣ ва дору маҳрум мондаанд.
Айни ҳол захмиёни минтақа ба беморхонаи наздиктарин Миср интиқол дода меашвад. Ин ҳам дар ду рузи охир имконпазир гардид.
Кормандони беморхонаҳо гуфтаанд, ки имкони нигоҳ доштани мурдаҳоро надоранд, чун сардхонаҳо ба далели набудани барқ, кор намекунанд.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз рӯзи 7-уми октябр ба ин сӯ беш аз 8796 фаластинӣ, аз ҷумла 3648 кӯдак бар асари ҳамлаҳои Исроил кушта шудаанд.
Исроил аз кушта шудани 1400 нафар бар асари ҳамлаҳои Ҳамос хабар медиҳад.



Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста