Даргирӣ дар Ховари Миёна ҳамоно бо шиддат идома дорад. Артиши Исроил ба навори Ғазза ҳамларо идома дода, ҳар рӯз аз вуруд ба мавзеъҳои гуногуни ин минтақа иттилоъ медиҳад. Ҷанговарони гуруҳи Ҳамос ба муқовимати худ идома медиҳанд, аммо тибқи иттилои расонаҳои байналмилалӣ, онҳо ақибнишинӣ мекунанд.
Дар ин матлаб муҳимтарин ҳаводиси ахир дар Ховарӣ миёна гирдоварӣ шудааст.
Дар ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза аз 7-уми октябр ба ин сӯ дастикам 11 470 нафар кушта шудаанд, ки наздики 5 ҳазори онҳо кӯдакон мебошанд.
Хабаргузории “Ал-Ҷазира” менависад, ки теъдоди кушташудагони чанд рӯзи ахир ба далели суқути низоми беҳдошти Ғазза, ки маълумот ҷамъоварӣ мекард, дақиқ нест.
Дар Исроил, шумори расмии кушташудагони ҳамлаҳои Ҳамос беш аз 1200 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Адханом Гебрейесус амалиёти низомии сарбозони исроилӣ дар бемористони “Аш-Шифо” дар Ғаззаро, ки рӯзи пеш, 16-уми ноябр, сурат гирифт маҳкум кард.
“Таҷовузи низомиёни Исроил ба бемористони “Аш-Шифо” дар шаҳри Ғазза комилан қобили қабул нест. Бемористонҳо майдони ҷанг нестанд”, - гуфт ӯ.
Артиши Исроил гуфт, ки дар бинои бемористони “Аш-Шифо”-и Ғазза як нақби Ҳамос ва мошини бомбгузоришударо кашф кардааст. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, далоили қавӣ вуҷуд дорад, ки гаравгонҳое, ки дар дасти Ҳамос ҳастанд дар бемористон буданд.
Тайиди ин тавассути манобеи ғайр имконнопазир аст. Ҳамос ҳам дар ин замина изҳороте надодааст.
Созмони ҳуқуқи башари Human Rights Watch низ амалҳои Исроилро дар бузургтарин бемористони Ғазза – “Аш-Шифо” маҳкум кардаЮ, гуфт, “маҳрум кардани бемористон аз мақоми он, ки қонунҳои ҷанг ҳифз шудааст, далели кофӣ нестанд”.
Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ гуфт, ки мардуми осоиштаи навори Ғазза дар хатари гуруснагӣ қарор доранд, зеро дар ин борика аслан ғизо ва об мавҷуд нест ва расонидани онҳо мушкил аст. Рӯзи панҷшанбе ба далели камбуди сӯзишворӣ тамоми хадамоти иртибототӣ дар навори Ғазза мутаваққиф шуданд. Созмони Милал гуфт, ба далели набуди иртиботот дар Ғазза, интиқоли кумакҳои башарӣ аз Миср ғайриимкон аст.
Бояд гуфт, ки ҷанги Исроилу Фаластин 7-уми октябр, дар пайи ҳамлаи гурӯҳи Ҳамос ба Исроил оғоз ёфт. Дар ин ҳамла 1200 нафар кушта шуда, беш аз 200 нафар асир афтоданд. Дар ҷавоб ба ин, Исроил навори Ғаззаро муҳосира ва ба мушакборон оғоз кард.
Исроил ба даъватҳои пайвастаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони милали муттаҳид ҷиҳати ҳалли дипломатии қазия гӯш надода, ба ҷанги худ идома медиҳад.
Падари демократ, бародари ғамхор, дӯсти сахӣ ва ҳомии рӯзноманигорон. Панҷ симои Акбари Саттор, ки имрӯз 60-сола шуд
Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста