Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ, бо назардошти теъдоди бесобиқаи қурбониён дар навори Ғазза, рӯзи 6-уми декабр ба Шӯрои амният нома ирсол карда, дар он бори нахуст аз замони ба ин симмат интихоб шуданаш дар соли 2017 моддаи 99-и Оинномаи СММ-ро фаъол кард.
Ин модда дар Дабири кулли СММ иҷоза медиҳад, ки дар ҳолати таҳдиди хатар ба пойдории сулҳу амнияти байналхалқӣ аз Шӯрои амният тақозои ҷаласаи фаврӣ кунад.
Антониу Гутерриш гуфт, ки “бо назардошти таҳдиди хатари қатъи низоми ёрирасонии башардӯстона дар Ғазза, аз Шӯрои Амният мехоҳам оташбаси башардӯстонаро фавран эълон кунад”.
Сухангӯи Дабири кул Стефан Дюжаррик дар нишасти матбуотии ҳаррӯза дар бораи паёми дабири кулл иттилоъ додааст.
Гутерриш дар номаи худ ёдовар шуд, ки мардуми осоишта дар Ғазза бар асари амалиёти низомии Исроил зери хатари ҷиддӣ қарор доранд, ҷои амн барои ҳифзи мардуми осоишта вуҷуд надорад ва ба мушкили беҳдоштӣ низ рӯбарӯ шудаанд.
Гутерриш бо баёни вазъи фалокатбори Ғазза таъкид кард, ки сокинони ин минтақа хонаҳои худро аз даст додаанд, ниёзҳои аввалияи худро бароварда наметавонанд, ирсоли кӯмакҳои маҳдуди башардӯстона ба минтақа ғайриимкон шудааст ва ба ин далел, интизор меравад, ки тартиботи ҷамъиятӣ дар ин минтақа ба зудӣ “комилан аз байн равад”.
Ӯ таъкид кардааст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ, Шӯрои амният вазифадоранд, нуфузи худро барои пешгирӣ аз авҷгирии бештари хушунат дар Ғазза истифода баранд ва барои оташбаст мубориза баранд.
Ин иқдоми Антониу Гутерриш боиси эътирози Исроил шуд. Гилад Эрдан, сафири Исроил дар СММ дар вокуниш ба ин иқдом Дабири кул хостори истеъфои ӯ шуд. Ӯ гуфт, “дабири кулли СММ тасмим гирифт ин моддаро, ки хеле кам аз он истифода мешавад, танҳо замоне фаъол кунад, ки тавонад бар Исроил, ки бо террористҳои Ҳамос мубориза мекунад, фишор орад”.
Эрдан ҳамчунин гуфт, ки, “дархости дабири кулли СММ барои оташбас дақиқан ба маънои идомаи ҳукумати Ҳамос дар Ғазза аст. Ӯ ба терраистон умед мебахшад, ки ҷанг тамом мешавад ва онҳо метавонанд зиндагӣ намоянд”.
“Ӯ ба ҷойи инки ошкоро ба масъулияти “Ҳамос” дар баробари ин вазъият ишора кунад ва аз раҳбарони ин террористҳо бихоҳад, ки худро таслим кунанд ва гаравгонҳоро баргардонанд то ҷанг хотима ёбад, тасмим гирифтааст, ҳамчунон бозичаи дасти “Ҳамос” бошад”,- гуфт Эрдан.
Бояд гуфт, ки ин аввалин таниши лафзӣ миёни Дабири кулли СММ ва сафири Исроил дар ин созмон нест. Қаблан, Антониу Гутерриш бо ишора ба ғасбкориҳои Исроил зикр карда буд, ки “Ҳамос дар заминаи холӣ ба Исроил ҳуҷум накардааст”. Он замон низ намояндаи Исроил суханони Дабири кулро интиқод карда буд.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи давлати Имороти Муттаҳидаи Араб дар СММ гуфт, ки пешнависи қатъномаро, ки дархости оташбаси инсондӯстона дар Ғазза мекунад, ба Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард.
Намояндаи ин кишвари арабӣ гуфт, ки аз пешнависи қатънома кишварҳои арабӣ ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки 57 давлат узви он ҳастанд, ҷонибдорӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки даргирӣ дар Ховари Миёна 7-уми октябр бо ҳуҷуми ҷангиёни гуруҳи Ҳамос ба Исроил оғоз шуд. То ҳол дар пайи ин даргириҳо дар Ғазза беш аз 15 ҳазор нафар кушта шудаанд, ки тақрибан 40 дарсади он кӯдакон мебошанд. Дар Исроил 1200 нафар кушта шуда, ҳудуди 250 нафар асир гирифта шудаанд.
Дар ин байн, ҷонибҳо бо миёнаравии Қатар ва Миср ба оташбаси муваққат даст ёфтанд ва теъдоде аз асирону зиндониёнро табодул карданд. Аммо оташбас поён ёфт ва даргирӣ аз нав оғоз гардид.
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат карданд. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста