Нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба мансабдорони мисрӣ хабар медиҳад, ки ду рӯз пеш, рӯзи чаҳоршанбеи 20-уми декабр Исмоил Ҳания, яке аз роҳбарони гуруҳи Ҳамос дар шаҳри Қоҳираи Миср бо намояндагони мақомоти ин кишвар мулоқот карда, оид ба оташбаси пешниҳодкардаи Исроил дар навори Ғазза гуфтугӯ кардааст.
Аммо, манобеи нашрияи The Wall Street Journal гуфтаанд, ки мулоқот ва гуфтугӯ оид ба эълони оташбас бесамар анҷомидааст.
Ба иттилои манобеи The Wall Street Journal Исроил пешниҳод дорад, ки дар ивази озодии 40 гаравгон аз асорати Ҳамос омода аст, оташбаси 7-рӯза эълон кунад. Аммо намояндагони Ҳамос ин пешниҳодро напазируфта, талаб кардаанд, ки пеш аз оғози гуфтугӯҳо дар бораи созиши оташбас Исроил бояд ҳамла ба навори Ғаззаро қатъ ва артишашро аз онҷо берун барад.
Исроил дар навбати худ гуфтааст, ки “амалиёти ҷангиро дар навори Ғазза қатъ нахоҳад кард”. Бояд зикр кард, ки Исроил аллакай чандин маротиба ба даъвати қатъи даргирӣ аз ҷониби давлатҳову созмонҳои байналмилалӣ посухи рад дода, ҳамеша таъкид кардааст, ки амалиётро идома хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, қабл аз ин Ҳамос ва Исроил ба оташбаси кӯтоҳмуддат даст ёфта буданд ва дар ҷараёни он беш аз 100 асири исроилиро раҳо кард ва бар ивази ин Исроил беш аз 200 нафар фаластинии зиндоризо озод намуд.
Даргирӣ дар Ховари Миёна 7-уми октябр, дар пайи ҳамлаи гуруҳи Ҳамос ба Исроил, ки бар асари он 1200 исроилӣ куштаву беш аз 200 нафар асир гирифта шуданд, оғоз гардид.
Баъди ин Исроил ба навори Ғазза ҳуҷум кард ва то имрӯз наздики 20 ҳазор фаластинӣ, ки аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд, кушт.
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста