Арманистон узвияти худро дар ҳамаи сохторҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) боздошт.
“Арманистон узвияти худро дар ҳамаи сохторҳои СПАД боз доштааст ва дар ин марҳала ин иқдом кофӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир барои тасмими дигар заруратеро намебинем. Вале ин маънои онро надорад, ки мо даст ба иқдоми навбатӣ нахоҳем зад”, - изҳор дошт сарвазири Арманистон Никол Пашинян.
Сарвазири Арманистон дақиқ нагуфт, ки кишвараш кай аз ҳайати СПАД берун мешавад. Ӯ танҳо гуфт, ин кор замоне сурат мегирад, ки мақомоти Арманистон онро лозим донанд.
Қаблан Пашинян гуфта буд, Ереван барои бурунрафт аз ҳайати СПАД омодагӣ мебинад.
Арманистон тирамоҳи соли 2022 аз аъзои СПАД хоста буд, дар пешорӯи амалиёти низомии Озарбойҷони ҳамсоя кӯмак кунанд, вале ин дархосташ беҷавоб монд ва Ереван аъзои ин созмонро дар нодида гирифтани талабҳояш айбдор намуд.
Пашинян ва чанд мақоми дигари ҳукумати Арманистон гуфтанд, ки дар талоши гуногунсозии сиёсати хориҷии кишварашон мебошанд.
Арабистони Саудӣ гувоҳномаи эмгузаронӣ аз менингитро талаб мекунад. Дар куҷои Тоҷикистон метавон эм гирифт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста