Дар пайи ҳамаи паҳпод ба як пойгоҳи низомии Исроил, чор тан аз сарбозони ин кишвар кушта ва беш аз шаст нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ба иттилои расонаҳо, ҳамла ба пойгоҳе рустои Бинёмин Гиват Ада, дар ҷануби Ҳайфа сурат гирифтааст.
Хадамоти тиббии Маген Дэвид Адом (MDA) қаблан хабар дода буд, ки дар ин ҳамла 61 нафар маҷрӯҳ шудаанд. 37 нафар бо мошини ёрии таъҷилӣ ва чархбол ба беморхонаҳои гуногун интиқол дода шуданд.
Масъулияти ҳамларо “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон бар ӯҳда гирифт. Ба иттилои дафтари матбуоти ин гурӯҳ, ин ҳамла дар посух ба ҳамлаҳои Исроил дар ҷануби Лубнон ва пойтахти он шаҳри Бейрут анҷом шудааст.
"Ҳизбуллоҳ" аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад ва Амрико онро созмони террористӣ медонад ва Аврупо шохаи низомии онро дар руйхати сиёҳ ворид кардааст.
Ин гурӯҳ таҳдид кардааст, ки агар Исроил ба ҳамлаҳояш ба Лубнон идома диҳад, ҳамлаҳои бештарро дар хоки Исроил анҷом хоҳад дод.
Артиши Исроил ҳоло таҳқиқ дорад, ки ин ҳамла чӣ гуна анҷом шудааст.
Аммо расонаҳои исроилӣ менависанд, ду паҳбоди "Ҳизбуллоҳ" аз баҳр вориди ҳарими ҳавоии Исроил шуданд ва яке аз онҳо дар соҳилҳои шимоли Ҳайфа сарнагун шуд.
Бинобар ин гузоришҳо, пас аз гум шудани паҳбоди дувум аз радар, тахмин зада шуд, ки ин паҳбод сарнагун шудааст. Вале он ба пойгоҳи низомӣ бархӯрдааст.
Ёдовар мешавем, ки Исроил пас аз ҳамлаи гуруҳи “Ҳамос” ба ин кишвар ва куштори 1200 исроиливу гаравгон гирифтани беш аз 200 шаҳванди ин кишвар, ба мушакборони навори Ғазза ва қаламравҳои дигари Фаластин оғоз кард. Баъдан вориди ин минтақаҳо шуд ва малиёти васеи низомиро роҳандозӣ кард, ки боиси марги беш аз 42 ҳазор фаластинӣ, ки асари онҳо занону кӯдакон мебошанд, гардид.
Дар пайи ин гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” ба партоби мушак ба қалаврави Исроил оғоз кард. Дар як моҳи охир Исроил роҳбарони “Ҳамос” ва “Ҳизбуллоҳ”-ро дар минтақаҳои гуногун, аз ҷумла Лубнону Эрону Сурия кушт ва ҳоло барои вуруди ҳарбиёнаш ба ин кишвар омодагӣ мебинад.
“Агар танҳо дар рӯйи коғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста