Рӯзи гузашта, яъне 21-уми август, артиши Исроил аз оғози ҳуҷуми нав ба шаҳри Ғаззаи Фаластин хабар дод. Чанд лаҳза пеш аз ин, сухангӯи артиши ин кишвар гуфта буд, ки нерӯҳояш дар наздикии ин шаҳр ҷобаҷо шудаанд ва барои “амалиёти фарогир” омода мешаванд. Даҳҳо ҳазор сокини ин шаҳр, ки қариб ду сол ба ин сӯ бо камбуди хӯроку об ва дигар маводи ниёзи аввал рӯ ба рӯ буданду амн надоштанд, зери бомбборону тирборони Исроил маҷбур шаҳрро тарк мекунанд. Шаҳри Ғазза охирин макони берун аз ишғоли Исроил дар навори Ғазза буд.

Ба навиштаи ахири расонаҳо, артиши Исроил пас аз чанд рӯзи бомбборони шаҳр, ба он ворид шудааст. Ба иттилои намояндаи артиши Исроил, нерӯҳои онҳо “амалиёт”-и заминиро аз минтақаҳои Зайтун ва Ҷабалияи шаҳри Ғазза оғоз кардаанд.

Тибқи иттилои расонаҳо, даҳҳо ҳазор сокини шаҳри Ғазза зери бомбборони артиши Исроил маҷбур ба тарки макони зисти худ шудаанд. Садҳо нафар зери харобаҳо мондаву чандин нафар кушта шудаанд.

Оғози ҳуҷум ба шаҳри Ғаззаро Бенямин Нетаряҳу, нахуствазири Исроил баъди ҳузураш дар навори Ғазза эълон кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, “гуфтушуниди бидуни таъхир барои озодкунии асирон оғоз шавад ва ҷанг бо шароити барои Исроил мақбул” анҷом ёбад.

 

Тонки артиши Исроил вориди шаҳри Ғазза мешавад
AFP

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи фаластинии ҲАМОС дар баёнияе Бенямин Нетаняҳуро барои мамониат дар созиши оташбас ва идомаи “ҷанги ваҳшиёна алайҳи ғайринизомиёни бегуноҳ дар шаҳри Ғазза” муттаҳам кард.

Ду рӯз пештар, ин гурӯҳ ба Исроил пешниҳод карда буд, ки бар ивази раҳоии 10 асир ва бозгардонии ҷасади 18 асари дигар, барои 60 рӯз оташбас эълон карда шавад.

Дар умум, тибқи иттилое, ки расонаҳо бо такя ба мақомоти Исроил нашр кардаанд, аз 50 асири дар дасти ҲАМОС буда, танҳо 20 нафар зиндаанд.

Бояд гуфт, ҳуҷум ба шаҳри Ғазза ва тасарруфи комили он аз сӯйи артиши Исроил дар чанд моҳи охир баррасӣ мешуд. Бенямин Нетаряҳу борҳо эълон карда буд, ки навори Ғазза бояд комилан зери назорати артиши кишвараш бошад. Ва кобинаи амниятии Исроил ҳудуди ду ҳафта қабл тарҳи ишғоли комили шаҳри Ғаззаро қабул кард.

Тарҳи Нетаняҳу ва ҳукумати ӯ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ шадидан интиқод шуд. Ҳатто ҳампаймонҳои Исроил, ба ҷуз Амрико, низ ин тарҳро танқид карданд ва ба Исроил ҳушдор ҳам доданд, ки дар сурати тасаллути комил бар навори Ғазза, давлати Фаластинро ба расмият мешиносанд. Аммо ин ҳама интиқоду ҳушдор пеши роҳи ҳуҷуми артиши Исроилро нагирифт.

Ду рӯз пеш, 20-уми август, сухангӯи артиши Исроил дар ҳузури хабарнигорон гуфт, “мо амалиёти ибтидоӣ ва марҳилаи аввали ҳамла ба шаҳри Ғаззаро оғоз кардаем ва ҳамакнун нерӯҳои артиш дар атрофи шаҳри Ғазза ҷобоҷо ҳастанд”.

Ҳамчунин, Вазорати дифои Исроил эълом кард, ки барои ишғоли шаҳри Ғазза ва ҳамин тавр, тасаллути комил бар навори Ғазза, ба даъвати ҳудуди 60 ҳазор сарбози эҳтиётӣ ба артиш иҷоза додааст.

 

AFP

Бояд гуфт, низоъ дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023, баъди фишору ғасбкориҳои пайвастаи Исроил ба Фаластин ва бо ҳамлаи ҷангҷӯёни гурӯҳи ҲАМОС ба Исроил оғоз шуд. Дар ҳамлаи худ ҲАМОС 1200 исроилиро кушт ва 250 касро гаравгон гирифт. Дар пайи ин артиши Исроил ба Ғазза ҳуҷум ва наворро бомбборон кард, ки то ҳол идома дорад.

Дар ин миён бо миёнравии Қатару Миср чанд маротиба миёни Исроил ва ҲАМОС барои чанд муддат оташбас эълон шуд ва чанде аз асирон раҳо ва ҷасади чанд нафар баргардонида шуданд. Аммо дар ниҳоят ҳеҷ як оташбас пойдор намонд ва ҷанг идома кард.

Дар пайи ҳамлаҳои артиши Исроил, то кунун беш аз 60 ҳазор сокини навори Ғазза кушта шуданд, ки бештари онҳо занону кӯдакон мебошанд. Куштори сокинони осоишта ва махсусан занону кӯдакон, ҳуҷум ба марказҳои имдодрасонӣ ва тиббӣ, масоҷиду макотиб ва дар муҳосираи комил нигоҳ доштани сокинони навори Ғазза аз сӯйи Исроил борҳо мавриди интиқоти ҷомеаи балналмилал қарор гирифтааст, аммо ҳукумати Нетаняҳу ин ҳамаро нодида гирифтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.