“Ҳамос”, гурӯҳи фаластиние, ки дар Ғазза бо артиши Исроил меҷангад, аз омодагии худ ба оташбаси фарогир хабар дод, аммо дафтари Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил онро “гашти навбатии парешонкунанда” номида, рад кард ва шартҳои худро гузошт. Дар ҳамин ҳол, Созмони миллали муттаҳид аз вазъи хатарбор ва буҳрони амиқ дар Ғазза ҳушдор додааст.
“Ҳамос” рӯзи 3-юми сентябр гуфт, омодааст созиши оташбасро имзо кунад. Ин гурӯҳ созиши фарогир - табодули ҳама гаравгонҳои исроилӣ ба асирони фаластинӣ, хотима додани ҷанг, хуруҷи нерӯҳои исроилӣ, боз кардани гузаргоҳҳо барои ироаи кӯмаки башардӯстона ва таъсиси маъмурияти мустақил дар навори Ғаззаро пешниҳод кард. Аммо дар ин пешниҳод дар бораи халъи силоҳ сухан гуфта намешавад.
Дар бораи теъдоди дақиқи асирони фаластинӣ дар зиндонҳои Исроил маълумоти тасдиқшуда нест. Исроил ҳар гуна маълумотро дар ин бора пинҳон медорад ва дар аксар ҳолат шарҳ намедиҳад, ки чанд фаластиниро ва барои чӣ боздошту зиндонӣ кардааст. Вале теъдоди асиронни исроилӣ дар ихтиёри “Ҳамос” тахминан 50 нафар гуфта мешавад.
Пешниҳоди оташбаси “Ҳамос” аз ҷониби дафтари Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил рад шуд. Димитрий Генделман, мушовири дафтари нахуствазири Исроил, гуфт, созишномае, ки намояндагони “Ҳамос” пешниҳод кардааст, “гашти навбатии парешонкунанда” аст ва ҳарфи наве надорад.
Ӯ бори дигар сухани қаблан гуфтаи Бенямин Нетаняҳуро такрор кард, ки Исроил ба созиш ва оташбас бо “Ҳамос” танҳо бо шартҳои барои кишвараш муносиб розӣ хоҳад шуд. Яъне, озодии ҳамаи асирон, халъи силоҳи “Ҳамос”, минтақаи ғайринизомии навори Ғазза ва назорати амниятии Исроил бар он.
Илова бар ин, Исроил талаб дорад, ки дар Фаластин, аз ҷумла навори Ғазза маъмурияти ғайринизомӣ сари кор ояд.

Бояд гуфт, моҳи август ҳам “Ҳамос” ба оташбаси 60-рӯза бо Исроил розӣ шуд, ки баргардонидани нисфи гаравгонҳо аз Ғазза ва раҳоии бархе аз зиндониёни фаластинӣ аз ҷониби Исроилро дар бар мегирифт.
Исроил пас аз чанд рӯз эълом кард, ки музокиротро барои раҳоии ҳама гаравгонон дар Ғазза ва хатми ҷанг оғоз мекунад, вале бо шартҳои қобили қабул. Ва дар пайи ин аз оғози ҳуҷуми нав ба шаҳри Ғазза хабар дод. Артиши Исроил пас аз чанд рӯзи бомбборони шаҳр, ба он ворид шуд. Ба навиштаи расонаҳо, даҳҳо ҳазор сокини шаҳри Ғазза зери бомбборони артиши Исроил маҷбур ба тарки макони зисти худ шудаанд. Садҳо нафар зери харобаҳо мондаву чандин нафар кушта шудаанд. Оғози ҳуҷум ба шаҳри Ғаззаро Бенямин Нетаряҳу баъди ҳузураш дар навори Ғазза эълон карда, гуфт, “ҷанг бо шароити барои Исроил мақбул” анҷом меёбад.
Ҳамакнун, бо гузашти ду ҳафта аз ҳуҷуми нав ва фарогири Исроил ба Ғазза, вазъ дар минтақа буҳронӣ мешавад.
Охири моҳи август созмони IPC – ташаббуси ҷаҳонии муттаҳидкунандаи Оҷонсии СММ, созмонҳои башардӯстона ва ҳукуматҳои чанд кишвар, ки ҳадафи аслии он муайянкунии қаҳтӣ дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон ва ва ташхиси табиати он аст, расман эълон кард, ки дар пойтахти навори Ғазза қаҳтӣ ҳукмфармост. Ин бори аввал аст, ки дар Шарқи наздик расман қаҳтӣ сабт мешавад. Муҳтавои гузориши ин созмонро BBC нашр кард.
Ин созмон навишт, ки қаҳтӣ дар Ғазза сунъӣ буда, метавон ҳар лаҳза аз он ҷилавгирӣ кард ва бартараф намуд.

Ба иттилои ин созмон, дар тамоми қаламрави навори Ғазза беш аз ним миллион нафар бо гуруснагӣ, нодорӣ ва марг рӯбарӯ ҳастанд. То охири моҳи сентябр вазъи фалокатбор ва қаҳтӣ минтақаҳои дигар, аз ҷумла Дайр ал-Балах ва Хон Юнусро низ фаро мегирад.
“Вақти баҳсу калавандагӣ гузашта аст, қаҳтӣ ҳаст ва ба таври зуд паҳн мешавад”, - зикр мегардад дар гузориш.
Исроил ин иддаои созмонҳои ҷаҳониро рад карда, гуфт, хулосаи созмони IPC ба “маълумоти нопурра ва ғаразнок", ки намояндагони гурӯҳи "Ҳамос" ироа кардаанд, асос ёфтааст.
Рӯзи гузашта СММ бори дигар аз вазъи ҳалокатбор дар навори Ғазза ҳушдор дода, гуфт, давоми ду соли ҷанг беш аз 2 миллион сокини минтақа мақбур шуданд тарки макони зист кунанд. Онҳое, ки чанде пештар ба хонаҳои худ дар Ғазза баргаштанд, дар пайи ҳуҷуми нави Исроил маҷбуранд, бори дигар хонаҳои худро тарк кунанд. Аммо ин ҳама даъватҳои созмонҳои ҷаҳонӣ Исроилро аз идомаи ҷанг дар Ғазза боз надоштааст.
Аз 13-уми август то кунун нерӯҳои исроилӣ 1100 фаластиниро кушта ва беш аз 6000 нафарро маҷрӯҳ кардаанд. Дар ин миён, чанд нафар хабарнигорон низ кушта шуданд, ки боиси эътирози ҷомеаи ҷаҳон гашт.
Бояд гуфт, низоъ дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023, баъди фишору ғасбкориҳои пайвастаи Исроил ба Фаластин ва бо ҳамлаи ҷангҷӯёни гурӯҳи “Ҳамос” ба Исроил оғоз шуд. Дар ҳамлаи худ “Ҳамос” 1200 исроилиро кушт ва 250 касро гаравгон гирифт. Дар пайи ин артиши Исроил ба Ғазза ҳуҷум ва наворро бомбборон кард, ки то ҳол идома дорад.
Дар ин миён бо миёнравии Қатару Миср чанд маротиба миёни Исроил ва "Ҳамос" барои чанд муддат оташбас эълон шуд ва чанде аз асирон раҳо ва ҷасади чанд нафар баргардонида шуданд. Аммо дар ниҳоят ҳеҷ як оташбас пойдор намонд ва ҷанг идома кард.
Дар пайи ҳамлаҳои артиши Исроил, то кунун беш аз 63 ҳазор сокини навори Ғазза кушта шуданд, ки бештари онҳо занону кӯдакон мебошанд. Куштори сокинони осоишта ва махсусан занону кӯдакон, ҳуҷум ба марказҳои имдодрасонӣ ва тиббӣ, масоҷиду макотиб ва дар муҳосираи комил нигоҳ доштани сокинони навори Ғазза аз сӯйи Исроил борҳо мавриди интиқоти ҷомеаи балналмилал қарор гирифтааст, аммо ҳукумати Нетаняҳу ин ҳамаро нодида гирифтааст.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста