Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаби якшанбе, 7-уми сентябр, гуфт, “раҳбарони Аврупо рӯзи душанбе ё сешанбе бори дигар ба Вашингтон сафар карда, роҳҳои хатми ҷанг дар Украинаро баррасӣ хоҳанд кард”. Дар ин бора BBC хабар медиҳад.
Аммо ӯ мушаххасан аз роҳбарони кишварҳои аврупоӣ ном набурд ва маълум нест, ки кадоме аз онҳо ба Вашингтон мераванд.
Доналд Трамп зикр кард, ки ба зудӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳам тамоси телефонӣ хоҳад дошт ва таъкид намуд, ки маъмурияти ӯ омода аст марҳилаи дуввуми таҳримҳои зидди Маскавро амалӣ кунад.
Раисҷумҳурри Амрико шарҳ надод, ки марҳилаи дуввуми таҳримҳо кадом бахшҳоро фаро мегиранд. Аммо қаблан президенти Амрико гуфта буд, ки дар сурати ба даст наомадани пешравӣ дар музокироти сулҳ дар Украина, алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.
Пас аз аз мулоқот бо президенти Русия, Владимир Путин дар Аляска рӯзи 15-уми сентябр, Трамп гуфта буд, ки ду ҳафта мунтазири мавқеи Маскав мемонад ва баъд тасмим хоҳад гирифт.
Бори охир Трамп бо роҳбарони кишварҳои аврупоӣ 3 рӯз пеш, баъди анҷоми ҷаласаи гурӯҳи ба номи “Эътилофи ирода ё хоҳишмандон” гуфтугӯи телефонӣ дошт. Ба қавли як мақоми ҳукумати Амрико, Доналд Трамп зоҳиран ба ҳомиёни калидии Украина бо лаҳни сахте гуфтааст, ки ба Русия ва муттаҳиди аслии он Чин фишори молии бештарро ворид кунанд, то Маскав ба хатми ҷанг дар Украина маҷбур шавад. Ӯ таъкид кардааст, ки Аврупо бояд хариди нафт аз Русияро, ки пули ҷангро таъмин мекунад, қатъ кунад, зеро Русия дар як сол 1.1 миллиард евро аз ҳисоби фурӯши маводи сӯхт аз Аврупо ба даст овардааст.
Пештар аз ин, 18-уми август, Трамп бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, Кир Стармер, нахуствазири Британияи Кабир, Ҷорҷа Мелонӣ, нахуствазири Италия, Александр Стубб, раисҷумҳури Финландия, Урсула фон дер Ляйен, роҳбари Комиссияи Аврупо ва Марк Рютте, дабири кулли НАТО мулоқоти бисёрҷониба доир карда буд. Дар он мулоқот низ роҳҳои хатми ҷанг дар Украина баррасӣ шуданд.




Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста