Оташбас миёни Исроил ва ҲАМОС рӯзи 10-уми октябр ба иҷро даромад. Артиши Исроил гуфтааст, пас аз оғози иҷрои марҳилаи аввали созиши оташбас, қисме аз нерӯҳои худро аз бахшҳое аз Навори Ғазза берун кардааст. Нерӯҳои Исроил гуфтаанд, агарчӣ нимае аз Навори Ғаззаро дар ишғоли худ доранд, ба хатти мувофиқашуда дар дохили Ғазза ақибнишинӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, аксу навори нашршуда дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки ҳазорон фаластинӣ дар ҳоли ҳаракат ба самти шимоли Ғазза ҳастанд. Шимоли ин минтақа дар моҳҳои ахир зери бомбборони шадиди нерӯҳои Исроил қарор дошт.

Оташбас дар Навори Ғазза пас аз он ба иҷро даромад, ки кобинаи давлати Исроил рӯзи 9-уми октябр марҳилаи аввали тавофуқи сулҳм пешниҳодкардаи Амрикоро, ки шомили ивази асирон, ақибнишинии Исроил ва ворид шудани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза аст, тасвиб кард. Дар мавриди марҳилаиҳои баъдии ин тарҳи сулҳ ҳоло миёни Исроил ва ҲАМОС музокирот ҷараён дорад.

Бар асоси марҳилаи аввали тарҳи сулҳ дар Ғазза, ҲАМОС то соати 12:00 (ба вақти маҳаллӣ)-и рӯзи душанбе, 13-уми октябр, бояд 20 гаравгони зиндаи исроилӣ ва ҷасади дигар гаравгонҳоро ба Исроил супорад.

Исроил дар навбати худ бояд 250 зиндонии фаластиниро, ки дар зиндонҳояш нигоҳдорӣ мекунад, озод созад. Исроил номи ин зиндониёни фаластиниро рӯзи ҷумъа эълон кард, вале дар миёни онҳо номи чанде аз раҳбарони аршади гурӯҳҳои фаластинӣ, ки ба унвони намоди муқовимат шинохта мешаванд ва озодии онҳо аз сӯи ҲАМОС дархост шуда буд, дида намешавад. Расонаҳо аз ҷумла гуфта буданд, ки ҲАМОС хостори озодии Марвон Барғусӣ, Ҳасан Саломаҳ ва Аҳмад Саадот аз раҳбарони гурӯҳҳои фаластинӣ, ки дар зиндонҳои Исроил ба ҳабси абад маҳкуманд, шудааст.

 

Акс аз Getty

Ҳамчунин, бар асоси марҳилаи аввали тарҳи сулҳ, бояд 1700 фаластиние, ки Исроил давоми ҷанг дар Ғаза онҳоро боздошт кардааст, раҳо шаванд.

Бар асоси созиш, рӯзи ҷумъа ҳудуди 600 мошини боркаши кумакҳои башардӯстона бояд вориди Ғазза мешуданд, вале маълум нест, ки ин кор анҷом шудааст ё не.  Коршиносони Созмони милали муттаҳид барои нахустин бор дар моҳи август дар бахше аз Навори Ғазза қаҳтӣ эълон карда буданд. Онҳо гуфта буданд, ки беш аз ним миллион нафар бо шароити фоҷиабор ба мисли "гуруснагӣ, фақр ва марг" рӯбарӯ ҳастанд.

Музокироти ғайримустақим миёни Исроил ва ҲАМОС бо миёнҷигарии Қатар ва Миср бар сари тарҳи сулҳи 20-бандии пешниҳодкардаи Амрико аз рӯзи 6-уми октябр дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Мирс оғоз шуд. Баъдан намояндаҳои Амрико - Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи ин кишвар дар умури Ховари Миёна ва Ҷаред Кушнер, домоди Доналд Трамп ба он ҳамроҳ шуданд.

Бояд гуфт, низоъи ахир дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023, баъди фишору ғасбкориҳои пайвастаи Исроил ба Фаластин ва бо ҳамлаи ҷангҷӯёни гурӯҳи ҲАМОС ба Исроил оғоз шуд. Дар ҳамлаи ҲАМОС ба Исроил 1200 нафар кушта шуданд ва 250 кас гаравгон афтоданд. Дар пайи ин артиши Исроил ба Ғазза ҳуҷум ва наворро бомбборон кард.

 

Акс аз AFP

Дар пайи ҳамлаи Исроил ба Ғазза, то кунун беш аз 67 ҳазор сокини ин минтақа кушта шудаанд, ки бештари онҳо занону кӯдакон мебошанд. Куштори сокинони осоишта ва махсусан занону кӯдакон, ҳуҷум ба марказҳои имдодрасонӣ ва тиббӣ, масоҷиду макотиб ва дар муҳосираи комил нигоҳ доштани сокинони навори Ғазза аз сӯйи Исроил борҳо мавриди интиқоти ҷомеаи балналмилал қарор гирифтааст, аммо ҳукумати Нетаняҳу ин ҳамаро нодида гирифтааст.

Дар ин миён бо миёнравии Қатару Миср чанд маротиба миёни Исроил ва ҲАМОС барои чанд муддат оташбас эълон шуд ва чанде аз асирон раҳо ва ҷасади чанд нафар баргардонида шуданд. Аммо дар ниҳоят ҳеҷ як оташбас пойдор намонд ва ҷанг идома кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.