Дар Тоҷикистон дар асоси қонун идгардакро барои кӯдакон манъ карданд, дар маъракаҳои тӯйю азодорӣ ҳам маҳдудияти нав ҷорӣ шуд, гуселу пешвози ҳоҷиён ва умракунандагон ва пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ҳам манъ гардид.

Дар як ҷаласаи парлумони кишвар лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба баррисӣ кашида шуда, дар он тағйиру иловаҳо ворид гардид. Дар ин бора “Садои мардум” - нашрияи парлумони кишвар хабар медиҳад.

Дар ин ҷаласа Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ҷузъиёти тағйиру иловаҳоро шарҳ дода, гуфтааст, таҳрири нав ҷавобгӯ ба талаботи замон аст.

Махсусан, дар лоиҳа мафҳуми “маросимҳо” ба “маросим”, ки худ шакли ҷамъ аст, иваз карда, мафҳуми “анъана” хориҷ карда шуд ва акнун номи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст.

 

Идгардак расман манъ шуд

Дар асоси моддаи 9-и лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон “исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд”.

Ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, ин тағйирот “бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо” гирифта шудааст.

Сулаймон Давлатзода
Asia-Plus

“Дар кишварҳои дигар низ идгардак дар шакли мавҷуда ба мушоҳида намерасад”, - таъкид кардааст раиси Кумитаи дин.

Маъмулан дар идҳои Рамазон ва Қурбон кӯдакон ба хонаҳои хешовандону ҳамсояҳо барои табрик мераванд ва ҳар гуна тӯҳфа мегиранд. Ин одат бештар дар марказ ва ҷануби Тоҷикистон маъмул буда, номи онро идгардак мегӯянд.

Идораҳои динии Тоҷикистон бори нахуст соли 2017 мухолифи исрофкорӣ ва идгардак изҳори назар карда буданд. Он замон Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон изҳор дошт, ки расми идгардак дар ҳадисҳои динӣ зикр нашуда, гузашта аз ин, барои кӯдакон хатарнок ҳам ҳаст: онҳо ба ҷойҳои ношинос мераванд, аз роҳҳои мошингард мегузаранду дар хонаҳои баландошёна равуо мекунанд.

Аммо ду соли ахир мавзӯи идгардак дар шабакаҳои иҷтимоӣ басо доғ гардидааст ва бештари сокинон зидди манъ кардани идгардак ҳастанд.

Аз ин пештар ҳам мақомоти кишвар дар ин замина маҳдудиятҳо ҷорӣ карда буданд. Аз ҷумла, моҳи апрел дар иди имсолаи моҳи Рамазон намояндагони додситонии кишвар аз волидоне, ки фарзандашон дар макотибу боғчаҳои кишвар таҳсилу тарбия мегиранд, хостаанд, ба фарзандашон иҷозаи идгардад надиҳанд. Дар баъзе муассисаҳои таълимӣ аз волидон бо ин мазмун ҳатто забонхат гирифтанд.

Бинои парлумони кишвар

 

Дар тӯйҳо ҳам маҳдудияти нав ҷорӣ шуд

Сулаймон Давлатзода дар парлумон гуфт, дар асоси моддаи 11 лоиҳаи қонуни мазкур, муҳлати ба таври ройгон гузаронидани хатна дар муассисаҳои тиббии дахлдор аз 20 рӯз ба 1 моҳ баъд аз таваллуд тамдид шуд.

Ғайр аз ин, меъёрҳои марбут ба хатнасури хайриявӣ хориҷ карда шудааст, зеро “хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак хусусияти оилавӣ касб намудаанд”.

Ҳамчунин, дар моддаи 12-и лоиҳаи қонуни мазкур илова ба муқаррароти мавҷуда оид ба тӯйи домодию арӯсӣ, гузаронидани на зиёда аз ду маърака дар тӯйҳо пешбинӣ гардида, ташкили маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд манъ карда шуданд.

Ба ҷойи додани зиёфат ё оши тӯй ба шаҳрвандон имкони сарф намудани маблағҳо барои корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, тибқи таҷриба шаҳрвандон ҳангоми бақайдгирии давлатии ақди никоҳ 4 автомашина истифода намоянд ҳам, ҳангоми гусели арӯсу домод муқаррароти мазкур дар баъзе ҳолатҳо вайрон мегардид”.

“Аз ин рӯ, дар лоиҳа истифодаи на бештар аз 4 автомашинаи сабукрав ҳангоми гусели арӯсу домод пешбинӣ гардид”, - афзудааст раиси Кумитаи дин.

Ҳамчунин, аз ин ба баъд сокинони кишвар метавонанд, ки барои ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ тариқи электронӣ иҷоза бигиранд.


 

Гуселу пешвози ҳоҷиён ҳам расман манъ шуд

Ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, “солҳои охир шумораи умракунандагон афзуда, аз ҷониби баъзе шаҳрвандон ҳангоми пешвози умракунандагон ба зиёдаравию исрофкориҳо роҳ дода мешавад”.

Аз ин рӯ, дар моддаи 13 лоиҳаи қонуни мазкур дар доираи оила гузарондани маъракаҳои гуселу пешвози ҳам ҳоҷиён ва ҳам умракунандагон пешбинӣ гардида, тақсими тӯҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ карда шудааст.

Ба ҳоҷиён ва умракунандагон ҷойи маъракаҳои манъшуда имкони анҷом додани корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо пешниҳод шудаанд.

 

Пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона низ манъ шуд

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар парлумон гуфтааст, ки тибқи лоиҳаи қонуни мазкур “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ гардид”.

Аммо ӯ мушаххас нагуфтааст, ки “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” чӣ гуна либосҳо мебошанд: барои занҳо ҳиҷоб ё юбка ва барои мардҳо қамис (либоси мардона, ки маъмулан ҳоҷиҳо мепӯшанд) ё костюму брюк?

Инчунин, дар лоиҳаи қонуни мазкур моддаҳои нав доир ба салоҳияти Ҳукумати Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот илова карда шудаанд.

Дар моддаи 18-и лоиҳаи қонуни мазкур меъёрҳои марбут ба уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузарондани ҷашну маросим такмил дода шуда, масъулияти сархатибон, имомхатибон, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои риояи талаботи қонуни мазкур дар ҳудуди деҳаю маҳали истиқомат ва ё фаъолият пешбинӣ карда шудааст.

Дар навбати худ, ба мақоми ваколатдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот имкон фароҳам оварда шуд, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ оид ба таъмини риояи талаботи қонуни мазкур, аз ҷумла пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, ақди никоҳи бармаҳалу ғайрирасмӣ ва қонунвайронкуниҳои дигар дар ин самт, ҷалб намоянд.

Дар парлумон лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро Парвиз Шодизода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Файзулло Баротзода, вакили Маҷлиси намояндагон дастгирӣ кардаанд.

Ҳамин тавр, лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба овоз монда шуда, қонун қабул гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.