Намояндагони додситонии кишвар аз волидоне, ки фарзандашон дар макотибу боғчаҳои кишвар таҳсилу тарбия мегиранд, хостаанд, ба фарзандашон иҷозаи идгардад надиҳанд. Дар баъзе муассисаҳои таълимӣ аз волидон бо ин мазмун ҳатто забонхат гирифтаанд.
Мавзуна, яке аз волидоне, ки фарзандаш дар Литсей барои хонандагони болаёқати пойтахт таҳсил мекунад, зимни суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, намояндагони додситонӣ аз онҳо хостаанд, ки дар рӯзи иди Рамазон фарзандашонро беназорат нагузоранд ва барои идгардак иҷозат надиҳанд.
“Дар ҷаласае, ки дар Литсей баргузор шуд, намояндагони додситонӣ гуфтанд, “агар фарзандатон ба идгардак равад ва дар рейд боздошт шавад, волидон тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷарима мешаванд”,-гуфт Мавзуна.
Яке аз волидони дигаре, ки фарзандаш дар мактаби №60-и пойтахт таҳсил мекунад, гуфт, бо онҳо муаллима сӯҳбат карда, барои беназорат нагузоштани фарзандаш дар рӯзи иди Рамазон, забонхат гирифтааст.
Ӯ мегӯяд, дар забонхати имзокарда мафҳуми “идгардак” зикр нагардида, мазмуни он чунин буд:
“Дар иди мубораки “Рамазон” фарзанди худро бе назорат нагузоред ва дар ҳолати риоя накардани ин талабот, тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба ҷавобгарӣ ҷалб мешавед”.
Ҳамчунин, волидони дигар ҳам тасдиқ карданд, ки дар боғча бо онҳо мулоқот доир шуда, барои пешгирӣ аз иштироки фарзанд дар идгардак, ҳушдор дода шудааст.
Мақомоти додситонӣ баргузории мулоқотҳо ва ҳушдор аз иштирок дар идгардакро шарҳ надодаанд. Кӯшишҳои мо ҳам барои дастрас кардани маълумот аз ин ниҳод бесамар анҷомид.
Аммо дар Раёсати мориф ва илми Вазорати маоориф ва илм дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” баргузории мулоқотҳо ва ҳушдор аз иштирок дар идгардакро рад карда, гуфтанд, дар ин замина ба онҳо ягон шикоят ё муроҷиат ворид нашудааст.
“Шояд мақсад танҳо беназорат нагузоштани фарзандон ва пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуб бошад”, - гуфтанд аз ин Раёсат.
Бояд гуфт, ки маъмулан дар идҳои Рамазон ва Қурбон кӯдакон аз субҳ ба хонаҳои хешовандону ҳамсояҳо барои табрик мераванд ва ҳар гуна тӯҳфа мегиранд. Ин одат бештар аз марказ ва ҷануби Тоҷикистон маъмул буда, номи онро идгардак мегӯянд.
Идораҳои динии Тоҷикистон бори нахуст соли 2017 мухолифи исрофкорӣ ва идгардак изҳори назар карданд.
Он замон Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон изҳор дошт, ки расми идгардак дар ҳадисҳои динӣ зикр нашуда, гузашта аз ин, барои кӯдакон хатарнок ҳам ҳаст: онҳо ба ҷойҳои ношинос мераванд, аз роҳҳои мошингард мегузаранду дар хонаҳои баландошёна равуо мекунанд.
Вале бархе аз сокинон бар ин боваранд, ки танзими маросими идгардак дар кишвар номумкин аст.





Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
“Нарх гарон мешавад”. Ҷанг дар Эрон тоҷирони тоҷикро нигарон кардааст
Эмомалӣ Раҳмон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати раҳбари олии Эрон интихоб шуданаш табрик гуфт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2026
Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста