Дар Рӯзи дониш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз камбудиҳои соҳаи маориф интиқод кард ва ба масъулин, аз ҷумла вазири маориф ва илм барои бартараф кардани он ду сол муҳлат дод.
Норасоии омӯзгорон, таъмирталаб будани мактабҳо, рақамикунонии соҳаи маориф, норасоии китобҳои дарсӣ, таъмин набудани мактабҳо бо синфхонаҳои фаннӣ, ҷамъоварии маблағ аз хонандагон, ҷалби хонандагон ба истиқболи мансабдорони давлатӣ аз муҳимтарин масоиле буд, ки раисҷумҳур зимни суханрониаш ишора кард.
“Азия‑Плюс” мушкилоти асосии соҳаи маорифро, ки бидуни ҳалли он намешавад пешравиеро дар ин самт интизор буд, гирдоварӣ намуд.
Норасоии омӯзгорон
Дар Тоҷикистон ба ҳолати нимсолаи аввали соли 2024 2 ҳазору 670 омӯзгор намерасад. Дар умум, тибқи иттилои ахири вазири маориф ва илми кишвар, ҳоло дар Тоҷикистон ба 4 ҳазору 301 кадри омӯзгорӣ эҳтиёҷ аст.
Масъулини вазорат мегӯянд, дар макотиби кишвар омӯзгорони фанҳои дақиқ, аз қабили математика, физика ва кимиё намерасанд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки беш аз 50 дарсади мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ баъди хатми донишкадаву донишгоҳ ба кор ҳозир нашудаанд.
Коршиносон яке аз сабабҳои асосии тарки соҳа кардани омӯзгоронро маоши кам медонанд. Ҳоло дар Тоҷикистон кормандони бахши маориф ба ҳисоби миёна каме бештар аз 2700 сомонӣ маош мегиранд. Аммо бояд дар назар дошт, ки ин ба ҳисоби миёна буда, маоши воқеии омӯзгорони макотиби миёнаи давлатӣ ба маротиб камтар аз ин рақам аст. Мутассифона мо маълумоти дақиқе дар бораи маоши кунунии омӯзгорон дар Тоҷикистон пайдо карда натавонистем.
Як таҳлили ду соли пеш нишон дода буд, ки маоши пасттаринро дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ омӯзгорони Тоҷикистон мегиранд.
Мутахасисон бар ин назаранд, ки ягона роҳи ҳалли мушкили норасоии омӯзгор баланд бардоштани музди маоши ӯ мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 130 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунад ва бештар аз 70 дарсади онҳо зан мебошад.
Нокифоягии мактабҳо, мизу курсӣ, синфхонаҳои таълимӣ...
Норасоии мактаб ва ҳолати ногувори баъзеи онҳо низ ташвишовар аст.
Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ахири худ гуфт, ки 314 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ, 378 бинои муассисаи таълимӣ таъмирталаб мебошад. Ба гуфтаи ӯ инчунин дар 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо сабаби камбуди синфхона, хонандагон дар се баст таълим мегиранд.
Бояд гуфт, ҳамасола дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 200 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ) сохта ё васеъ карда мешаванд, лекин сатҳи таваллуди баланд сохтмони ду баробар зиёди чунин муассисаҳоро тақозо мекунад. Барои ин, ба ҳисоби миёна бештар аз 1 млрд сомонии дигар лозим аст. Ва он ҳам дар сурати мақсаднок истифода кардани ин миқдор маблағ.
Норасоии китоби дарсӣ
Норасоии китоби дарсӣ аз мушкили дигар аст, ки дар соҳаи маориф ба мушоҳида мерасад ва то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханронии ахири худ гуфт, ки норасоии китобҳои дарсӣ мушкили ташвишовари соҳаи маориф аст, ки боиси паст гардидани сифати таҳсил мегардад.
“Вазорати маориф ва илм муассисаҳои таҳсилоти умумиро дар муддати ду сол бо китобҳои дарсӣ пурра таъмин карда, барои дар оянда бо адабиёти ёрирасони таълимӣ, илмӣ, дастурҳои методӣ, роҳнамои омӯзгор ва усули таълим аз ҳар як фанни таълимӣ таъмин намудани онҳо тадбирҳои фаврӣ андешад”,‑ таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ба ҳолати охири соли 2022 дар мактабҳои кишвар 44 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди тақрибан 500 ҳазор нусха намерасад.
Дар асоси натиҷаҳои назарпурсии “Asia-Plus”, ки соли 2022 гузаронида шудааст, 30 дарсади тоҷикон китобҳои дарсиро худ харида, 70 дарсади дигар онҳоро аз мактаб ба иҷора мегиранд.
Норасоии синфхонаи компютерӣ ва озмоишгоҳи муҷҷаҳаз
Бо вуҷуди қабули “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар мактабҳои ҷумҳурӣ то ҳол ба синфхонаҳои компютерӣ ниёз доранд. Дар нақша буд, ки давоми солҳои 2018-2022 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ компютерикунонии муассисаҳои кишвар амалӣ мегардад.
Он замон кормандони соҳаи молия, кам маблағгузорӣ шудани барномаи мазкурро ба иҷро нагардидани қисми даромади буҷет аз таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёт рабт дода буданд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, қабл аз пайдо шудани ин вирус (2018-2019) низ иҷрои барнома қаноатбахш набудааст.
Бояд гуфт, ки 20‑уми марти соли 2024 бори дуввум барномаи мазкур барои солҳои 2024‑2028 қабул гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз мушкилии мавҷуда интиқод кард ва гуфт, бо ин сабаб заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ба меъёрҳои аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ мутобиқат намекунад.
“Дарсҳои онлайнӣ”
Масъалаи дигар, ин дар вақтҳои изтирорӣ омода набудани мактабҳои кишвар ба дарсҳои онлайнӣ аст. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар замони пандемияи коронавирус дар низоми маориф “карантин” эълон кард ва Вазорати маориф ва илм он вақт изҳор дошт, ки хонандагони тоҷик дар “карантин” ба таълими онлайн ё дарсҳои телевизионӣ мегузаранд. Вале ба гуфтаи масъулини вазорат бо сабаби набудани интернет дар манотиқ ва ба вижа дар макотиби миёнаи Тоҷикистон, дарсҳои онлайн роҳандозӣ нагардид.
Соли гузашта дар моҳи январ бори дигар чунин зарурат пеш омад ва хонандагони мактабҳои миёна, бо сабаби сард омадани ҳаво, дар ин моҳ беш аз 10 рӯз истироҳат карданд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин маротиба ҳам дарсҳои онлайнро роҳандозӣ карда натавонист.
Коршиносон ҷорӣ нашудани дарси онлайн дар Тоҷикистонро ба ду мушкили асосӣ - суръати пасти интернет ва дастрас набудани он дар бархе аз шаҳру навоҳии сарҳадии кишвар ва маҳдудияти интиқоли барқ рабт медиҳанд.
Фасод дар соҳаи маориф
Як пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди Президенти Тоҷикистон маълум кардааст, ки сатҳи фасод дар соҳаи маориф дар ҳоли афзоиш аст.
Дар мактабҳои кишвар масъалаи аз ҳисоби хонандагон барои таъмири синфхонаҳо, лавозимоти дарсӣ, зодрӯзи омӯзгорон ва барои гузаронидани мулоқоту маросимҳои расмӣ маблағ ҷамъоварӣ мегардад.
Як назарсанҷии кӯтоҳи “Азия-Плюс” дар соли 2023 ҳам нишон дод, ки аксари падару модарон барои шаҳодатнома аз маблағи муайяншудаи давлатӣ, ки 8 сомонӣ аст, бештар то 50 сомонӣ ва барои таъмири синфхонаҳо то 250 сомонӣ додаанд.
Раисҷумҳури кишвар низ аз таҷрибаи беасос ситонидани маблағ аз хонандагон, аз ҷумла барои зодрӯзи омӯзгорон интиқод карда аз роҳбарони вазорати маориф ва шуъбаҳои маориф хост то “ба ин ҳолатҳо қатъӣ хотима бахшанд”.
“Зодрӯзи муаллим ба хонанда чӣ дахл дорад. Мо накардем дар вақташ, набуд ин хел чизҳо, нашунидем, ҳатто рӯзи таваллуди худамонро намедонистем”,‑ гуфт ӯ.
“Маршировка” ва пешвозгирии вазирону меҳмонон
Баҳси ҷалби донишҷӯён ба тамринҳои идона ё “маршировка” ва пешвозгирии раисҷумҳур, вазирону раисон чандин сол аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон баррасӣ мегардад. Донишҷӯёну хонандагон ҳар сол даъво мекунанд, ки онҳоро иҷборан ба тамрин мебаранд ва дар ҳолати саркашӣ кардан, бо хориҷ кардан аз донишгоҳу мушкил дар супоридани санҷишу имтиҳонот таҳдид мекунанд. Масъулини Вазорати маориф бошад, ҷалби донишҷӯён ба “маршировка”-ро амали маъмулӣ ва афзояндаи ҳисси ватандӯстии ҷавонон меҳисобанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз таҷрибаи бурдани мактаббачагон ба истиқболи мансабдорони давлатӣ шадидан интиқод кард.
“Дар шаҳру ноҳияҳо фалонча омадааст, тамоми мактабро бароварда қади роҳба рост кун. Ҳатто барои сафарҳои президент накунед ин корҳоро... Кӯдаконро мебароред дар сари роҳ рост мемонед, чӣ гуноҳ доранд бечораҳо. Чӣ, президент надидааст кӯдаку хонандаро. Соатҳои дароз, дар ҳавои хунук, шамол, барф, борон. Бо ҳамин зоҳирпарастӣ мекунед, ба чашми президент хок пошиданӣ мешавед. Ман ин корро манъ кардам, боз мебинам. Накунед ин корро!”, - таъкид кард раисҷумҳури кишвар.
Бояд зикр кард, ки барои ҳалли ин мушкилот то ин лаҳза ҳам кӯшишҳо сурат гирифтааст, аммо на ҳамеша муваффақ будааст. Барои ҳалли баъзе масоили зикршуда чандсолаҳо лоиҳаҳои алоҳида ҳам амалӣ шудааст, аммо натиҷаи дилхоҳ ҳосил нашудааст. Ҳамакнун, пас аз дастури раисҷумҳур, оё дар муддати ду сол метавон ин мушкилотро ҳал кард? Метавон гуфт “ҳа”, ба шарте, ки ирода ва хоҳиши воқеӣ бошад.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 22 декабря 2024 года
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Что будут показывать таджикские театры на Новый год
В сборную Таджикистана перебралась легкоатлетка из России
Как Душанбе встречает Новый год?
Лидеры e-commerce и их секреты успеха. Кто ведет Таджикистан в цифровое будущее?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста