Дар Русия ва ҷаҳон шӯриши нокоми Евгений Пригожин ва Ширкати хусусии ҳарбӣ (ШХҲ)-и Вагнер яке аз мавзӯъҳои асосии баҳси ҳафтаи гузашта боқӣ мондааст - асосан дар бораи ҷамъбаст ва хулосаҳо сухан меравад. Натанҳо ба сабабҳои шӯриш, балки ба оқибатҳои эҳтимолӣ ва таъсири имконпазири он ба рушди вазъият дар худи Русия ва ИДМ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Ошӯби Пригожин

Имрӯз аллакай ақидае ҳаст, ки шӯриш пешакӣ омода шудааст; ҳамчунин, дар расонаҳои русӣ ва хориҷӣ дар бораи эҳтимоли даст доштани намояндагони гурӯҳҳои алоҳидаи сиёсӣ ва низомӣ дар он, ки ҳадди ақалл аз нақшаҳои Пригожин пешакӣ огоҳ буданд, матолиби зиёде нашр мешаванд. Бинобар ин, бисёре аз нашрияҳои Русия дар бораи тасмимҳои эҳтимолии кадрӣ, поксозӣ дар артиш ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ менависанд.

Вазъият дар Ростови лаби Дон. 24 июни соли 2023
Сурат: ТАСС

Аммо дар масъалаи паёмадҳои шӯриш ва таъсири он ба рушди минбаъдаи вазъ дар Русия ва хориҷи наздик, назарҳои шореҳон ва коршиносон гуногунанд. Қисме аз расонаҳои Русия ва Ғарб ошӯбро як зуҳури буҳрони низоми сиёсӣ муаррифӣ мекунанд, ки бо мурури замон тавсеа ва амиқтар шуда, маънои дар оянда такрор шудани ба ин монанд ҳодисаро дар назар дорад.

Бархеи дигар, асосан расонаҳои тарафдори ҳукумат ва шореҳон, шӯришро забон як кардан (тавтеа)-и нерӯҳои беруна барои аз байн бурдани Русия медонанд.

Ба ин тариқ, нашрияи Блокнот аз суханони файласуф Александр Дугин истинод мекунад, ки шӯришро "садама дар давлатдории Русия" номид ва хостори поксозии куллӣ дар низоми сиёсии кишвар шуд, то ки он "аз тарсончак ва хоинон" пок шавад.

Ба иттилои нашрия, дар навбати худ вакилони Думаи давлатӣ аз ҳукумат хостори нашри феҳристи мансабдорони дар ҷараёни ошӯб Русияро тарккарда шуданд ва гӯиё мақомоти қудратӣ ба як идда губернаторону мансабдорон дар бораи рафтори онҳо дар ҷараёни ошӯбҳо саволҳо доштаанд.

Воқеан, ба назари ман, ҳақиқат куҷое дар байни онҳост. Аз як тараф, ба иттилои ВВС, Пригожин воқеан кӯшиш кард, ки ба эҳсосоти интиқодӣ дар артиш такя кунад ва аз норозигии як қисми низомиён аз раҳбарияти вазорати дифоъ, ки онҳоро барои кашол додани маъракаи низомӣ дар Украина айбдор медонистанд, истифода кунад.

Ба ибораи дигар, сабабҳои исён аз бисёр ҷиҳат хусусияти доимӣ доштанд.
Пригожин чандин бор вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгуро танқид карда буд
Сурат: Факти ICTV

Аз сӯйи дигар, ошӯби серӯза натавонист ба вазъияти сиёсӣ дар кишвар ва ҳамчунин ба мизони маҳбубияти мақомот ва президент таъсири ҷиддӣ дошта бошад.

Тибқи назарсанҷиҳои ахир, ба навиштаи Медуза бо истинод ба сиёсатмадорони минтақа, маҳбубияти Путин пас аз шӯриш 9-14% коҳиш ёфта, аммо, дар маҷмӯъ, ин дар доираи нишондиҳандаҳои қаблӣ боқӣ мемонад - масалан, ҳангоми ислоҳоти нафақа рейтинги ӯ 12% поин рафта буд, аммо баъдан ба нишондиҳандаи пешин баргашт.

Маъруфияти президенти Русия дар байни "мардуми одӣ" баланд боқӣ мемонад (78% тибқи маълумоти МУОАУ, ВЦИОМ), инчунин сатҳи умумии пуштибонӣ аз ҷанг дар ҷомеа, ки ба иттилои нашрияи “Настоящее время” ба 73% мерасад.

Ба ин далел, ба назари ман, дар моҳҳои наздик дар Русия дар ин ё он самт тағйироти ҷиддиеро интизор наметавон шуд - на аз нигоҳи вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва на аз лиҳози ҷараёни идомаи ҷанг ва бархӯрд бо Ғарб.

Одатан ошӯбҳои зуд бартарафшуда мавқеи ҳукумати ҳозираро мустаҳкам мекунанд.

Ба эҳтимоли зиёд, роҳбарияти Русия назоратро болои ҷомеа ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ пурзӯр карда, тағйироти кадрӣ анҷом медиҳад (ки аллакай рух дода истодааст) ва дар муддати кӯтоҳ танҳо мавқеи худро мустаҳкам мекунад.

Ин ба таъсири эҳтимолии шӯриши ШХҲ-и Вагнер ба кишварҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ низ дахл дорад. Албатта, агар ошӯб ё бетартибиҳо муддати тӯлонӣ идома меёфтанд, оқибаташ хеле вазнин мешуд.

Ҳамин тариқ, барои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ метавонист дар ду самт амалӣ шавад: аввалан, қурби рубл аллакай дар соатҳои аввали пас аз оғози исён якбора поин рафтан гирифт, ки ба мавқеи муҳоҷирони корӣ дар бозори меҳнати Русия таъсири ниҳоят манфӣ ба бор оварда метавонист.

Тавре ки Азаттык менависад, ошӯб аллакай дар рӯзи аввал ба поин рафтани қурби рубл дар баробари асъори дигар ва ҳамчунин афзоиши қимати билетҳои ҳавопаймо аз шаҳрҳои Русия дар хориҷи кишвар боис гардид.

Ба навиштаи нашрия, ки бо муҳоҷирон мусоҳиба кардааст, дар рӯзҳои аввал бисёре аз онҳо аз тарси мушкилоти эҳтимолӣ ва ба умеди мунтазири замони ноором дар хона, ба сафар омода шуданд. Ҳеҷ гуна муҳоҷирати оммавӣ сурат нагирифт, аммо агар исён боиси бесуботии бештари дарозмуддат мешуд, баъзе аз муҳоҷирон тарки ин кишварро афзалтар медонистанд.

Ба ин афзоиши кӯтоҳмуддати қимати билетҳо низ гувоҳӣ медиҳад, масалан, ба навиштаи нашрия, билетҳо ба Бишкек рӯзи 24 июн аз 10,6-16 ҳазор рубл ба 60 ва 77 ҳазор рубл расидааст.

Вазъият дар сарҳади байни Русия ва Гурҷистон. 24 июни соли 2023
Сурат: АР

Сониян, дар шароити ноустувор маъмулан фаъолият ва сатҳи шуғл дар бозори кор паст мешавад, ки ин ба коҳиши даромади муҳоҷирон ва мизони интиқоли маблағ ба кишварҳои онҳо боис мегардид.

Илова бар ин, Русия содиркунандаи асосии гандум ва озуқа ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад; мутаносибан, устувории содироти Русия омили асосии таъмини амнияти озуқавории минтақа мебошад.

Нелегал-2023

Зимнан, моҳи июн (19-25 июн) дар қаламрави кишварҳои узви СААД марҳилаи аввали амалиёти минтақавӣ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии «Нелегал-2023» баргузор шуд. Ба иттилои сомонаи СААД, нақшаи ин амалиёт рӯзи 28 марти соли 2023 дар ҷаласа таҳти раёсати котиби Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СААД оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мувофиқа карда шуда буд.

Санҷишҳо дар Русия дар доираи амалиёти "Нелегал-2023"
Сурат: navigato.ru

Амалиёти махсус оид ба ошкор намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар тамоми кишварҳои ИДМ гузаронида шуд; бахусус онҳо дар кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон, пеш аз ҳама Русия ва Қазоқистон хеле густурда сурат гирифтанд.

Дар маҷмӯъ, маҳз ҳамин кишварҳо бештар ба гузаронидани амалиёти махсуси солонаи «Нелегал» манфиатдоранд, зеро солҳои зиёд вазифаи стратегии онҳо ҳадди аксар қонунигардонии муҳоҷирати меҳнатӣ аз кишварҳои ИДМ маҳсуб меёбад.

Имсол, ба назари ман, дар расонаҳои Осиёи Марказӣ беш аз маъмул матолибе пайдо шуд, ки дар он аз амалкарди ниҳодҳои интизомии Русия дар ҷараёни рейдҳо интиқод шудааст. Шояд аз он сабаб бошад, ки имсол онҳо аз маъмулӣ бузургмиқёстар ба назар мерасанд ва ба шумораи бештари муҳоҷирон таъсир мерасонанд.

Ба гузориши Азаттык, дар ин муддат дар интернет наворҳое нашр шуд, ки дар он дида мешавад чӣ гуна пулиси Русия шаҳрвандони хориҷиро боздошт ва онҳоро ба мошин мешинонад.

Нашрия бо ишора ба як назарсанҷии муҳоҷирон менависад, ки боздоштҳо аксаран дағалона ва бо қонуншиканиҳо сурат гирифта, мавридҳои боздошти муҳоҷирон аз сӯи пулис сарфи назар аз доштан ё надоштанаи ҳуҷҷат кофист.

Чизи дигар ин аст, ки сарфи назар аз ҳама талошҳо, муҳоҷирати ғайриқонунӣ то ҳол як мушкили ҳалношуда боқӣ мемонад. Ба ин тариқ, дар соли 2021, ба навиштаи Sputnik, шумори муҳоҷирони ғайриқонунӣ танҳо аз Ӯзбекистон дар Русия ҳудуди 200 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Санҷиши муҳоҷирон дар шарқи Маскав. Моҳи июни соли 2023
Сурат: Хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар Маскав

Қисман сабаб дар он аст, ки аксари муҳоҷирони корӣ бо як қатор сабабҳои объективӣ маҷбуранд дар мақоми ғайриқонунӣ бошанд - аз қабили нархи баланди патент ва бақайдгирӣ, маоши паст, иҷораи қимати манзил, мушкилоти гузаштан аз расмиёти гуногун ва ғайра.

Илова бар ин, ба иттилои Азаттык, дар Маскав миёнаравҳои зиёде ҳастанд, ки хидматҳои худро барои сабти номи муваққатии муҳоҷират пешниҳод мекунанд ва аксар вақт 10-20 нафар муҳоҷиронро дар як хонаи якҳуҷрагӣ сабти ном мекунанд.

Аммо бо гузашти чанд вақт мақомоти давлатии бақайдгирӣ ин қайди муваққатиро бекор мекард. Аз ин лиҳоз, бисёре аз муҳоҷирон бехабар буданд, ки онҳо дар пойгоҳ (база) нестанд ва дар асл муҳоҷирони ғайриқонунӣ маҳсуб меёбанд.

Ба андешаи ман, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳамчун падида то замоне боқӣ мемонад, ки сабабҳои объективии дар боло зикргардида мавҷуд бошанд.

Ҳамон идораҳои миёнараве, ки муҳоҷиронро сабти ном мекунанд, рушд мекунанд, зеро қисмате аз муҳоҷирони корӣ ба пардохти қимати гарони иҷораи манзил дар шаҳрҳои бузург, арзиши патенту сабти ном ва ғайра имкон надоранд.

Нигоҳ доштани шумораи муайяни муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар бозори меҳнат барои баъзе намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Русия низ муфид аст, зеро ин воқеан барои онҳо як манбаи даромади иловагӣ ва ғайриқонунӣ мебошад.

Лираи туркӣ - беқурбшавӣ идома дорад

Ба гузориши нашрияи V1 Ru, коҳиши қурби лираи туркӣ ҳафтаи гузашта идома ёфта, ба 26 лира барои як доллар расид, ки нисбат ба як соли пеш тақрибан якуним баробар гаронтар аст.

Пас аз анҷоми интихобот, арзиши лираи туркӣ дар баробари доллари амрикоӣ алакай 14% поин рафта, тамоюли поинравӣ идома дорад.

Ин ҳолат таваҷҷуҳи ҷиддии расонаҳои ҷаҳониро ба худ ҷалб мекунад, ки тааҷҷубовар нест, зеро иқтисоди Туркия имрӯз яке аз босуръат рушдёбанда дар ҷаҳон ва минтақа ба шумор меравад. Туркия инчунин яке  аз шарикони аслии тиҷории кишварҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва тибқи гузориши Раванди Прага, дар бозори кори ин кишвар беш аз 6 миллион муҳоҷири меҳнатӣ, аз ҷумла садҳо ҳазор аз кишварҳои Осиёи Марказӣ машғули коранд.

Қаиқ бо муҳоҷирон, ки ба Туркия рафтанианд
Сурат: obzor.press

Пас аз интихоботи президентии моҳи майи соли ҷорӣ, бисёре аз нозирон тағйирот дар самти иқтисодии ҳукумати Туркияро пешгӯӣ карданд.

Тавре маълум аст, қурби қаблӣ ба он оварда расонд, ки лираи туркӣ тайи чанд соли охир аз 3,07 лира барои як доллар (соли 2015) то ба 26 лира поин рафт. Ба навиштаи Регнум, сабаби тӯлонӣ будани поинравии қурби лира дар назарҳои президент Эрдуғон ва иқтисоддонҳои ӯ дар бораи таваррум ва фоизҳо ифода меёбад.

Ба ақидаи онҳо, болоравии меъёри бонкҳо хилофи усулҳои иқтисоди исломӣ аст, ки рибо – ситонидани фоизи бонкиро манъ мекунад.

Бинобар ин, барои мубориза бо таваррум бояд меъёри бонкҳо поин бурда шавад. Ин ба назарияи иқтисодии ортодоксалӣӣ комилан мухолиф аст, ки мувофиқи он барои мубориза бо таваррум, баръакс, баланд бардоштани меъёри фоизҳо одат шудааст.

Президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон баъди дубора интихоб шуданаш, дарвоқеъ раҳбарияти бахши иқтисодро дар ҳукумат иваз карда, Меҳмет Шимшекро, ки дар Ғарб эътимод дорад, вазири молия ва Ҳафиз Гайе Эркан, зани туркро, ки таҷрибаи кор дар Амрикоиро дорад, роҳбари Бонки марказӣ таъин кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон пас аз пирӯзӣ дар интихобот
Сурат аз торнамои astanatv.kz

Бо вуҷуди ин, менависад РБК, аксари расонаҳои таҳлилии ҷаҳонӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ пешгӯӣ карда буданд, ки то охири моҳи июн қимати доллар хоҳ-нохоҳ то 23-25 ​​лира барои як доллар қимат мешавад.

Аввалан, зеро барои барқарор кардани эътимоди сармоягузорон вақт лозим аст; дуюм, аз афташ, дар доираҳои молиявии байнулмилалӣ ҳоло ҳам иқдомҳои аввалини хукуматро нокофӣ ва нимкора мешуморанд.

Ба ҳар ҳол, поин рафтани қурби лираи туркӣ ба вазъ ва даромади муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки шумори онҳо дар Туркия бахусус ба далели мушкилоти бозори кори Русия пайваста афзоиш меёбад, таъсири манфӣ мегузорад.

Ҳамин тариқ, Азатхабар аллакай дар соли 2021 гузориш дода буд, ки ба далели идомаи поин рафтани қурби лира, ҳаҷми интиқоли пуле, ки хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ дар Туркманистон мегиранд, башиддат коҳиш ёфтааст.

Нашрияи Настоящее время менависад, ки ба далели поин рафтани қурби лира даромади беш аз 70 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон башиддат коҳиш ёфта, аксари онҳо дигар ба пардохти пули иҷораи манзил имкон надоранд.

Биноҳои истиқоматӣ дар Измир
Сурат аз торнамои travelask.ru

Бо вуҷуди ин, бозори меҳнат дар Туркия барои муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ эҳтимолан ҷолиб боқӣ мемонад ва агар вазъи бахши асъори кишвар ба ин ҳол намебуд, шумораи онҳо хеле зудтар афзоиш меёфт.

Аз тарафи дигар, поин рафтани қурби лира ба бахшҳои иқтисод, ки дар онҳо пардохт то ҳол бо доллар сурат мегирад, таъсир намерасонад - ин, пеш аз ҳама, соҳаи тиҷорат ва сайёҳӣ аст.

Нархи истироҳат дар Туркия дар як сатҳ боқӣ мондааст ва поин рафтани қурби лира ба ҳаҷми амалиёти тиҷоратӣ таъсир намерасонад, ҳарчанд дар оянда арзиши як қатор молҳои туркӣ боло хоҳад рафт, зеро ашёи хоми истеҳсоли онҳо аз хориҷа бо асъор оварда мешаванд.

Ба эҳтимоли зиёд, поин рафтани қурби лираи туркӣ тадриҷан мӯътадил хоҳад шуд - ба шарте ки ҳукумат воқеан сиёсати худро дар робита ба меъёрҳои фоизӣ ва мубориза бо таваррум бозбинӣ кунад. Дар акси ҳол, ҳатто тасаввур кардан душвор аст, ки вазъи иқтисоди Туркия минбаъд чӣ гуна инкишоф меёбад.

Толибон – мақоми “одамони озод” барои занони афғон

Ба гузориши ТАСС, ҳафтаи гузашта раҳбари олии “Толибон” амир Ҳайбатуллоҳ Охундзода аз раҳоии занон аз “пойбандии суннатӣ” ва бозгашти мақоми онҳо ба унвони “одамони озод” хабар дод.

Ба гуфтаи Охундзода, Толибон барои ҳифзи ҳуқуқи шариатии занон ва наҷоти онҳо аз ситами суннатӣ, аз ҷумла издивоҷи иҷборӣ "тадбирҳои мушаххас" андешидаанд. Вай ҳамчунин зикр кард, ки дар кишвар мақоми занони афғон ҳамчун “мардуми озоду арзанда” барқарор шуда, тамоми ниҳодҳо муваззаф шудаанд, ки ба онҳо дар таъмини ҳуқуқи издивоҷ, меросгирӣ ва дигар ҳуқуқҳо кумак кунанд.

Занони афғон
Сурат: Robert Nickelsberg/Getty Images

Охундзода мушкилоти занони Афғонистонро аз ҷумла бо ҷанбаҳои ғасби 20-сола рабт дод.

Воқеан изҳороти раҳбарони ҳаракати “Толибон” як навъ посух ба тақозоҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои тағйири сиёсати ҳукумати Толибон нисбати занон, таъмини ҳуқуқи онҳо ба таҳсил, кор, омӯзиш ва шуғл мебошад.

Маънии изҳороти Охундзода ин аст, ки ҳукумати Толибон ҳатто дар зери таҳдиди таҳримҳо ва идомаи эътироф накардан ва инзивои байнулмилалӣ, дар ин масъала гузашт карданӣ нест.

Ин изҳорот боз як далели он аст, ки Толибон аз солҳои 90-ум тағйир наёфтаанд, амалгаротар (прагматиктар) нашудаанд ва то ҳол ба созиш ва гузаштҳо майл надоранд.

Аз ин рӯ, аз толибон набояд интизор шуд, ки дар дигар масъалаҳо, аз қабили ташкили ҳукумати фарогир, эҳтироми ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳои ҳамсоя ва ғайра гузашт кунанд ва ваъдаҳои қаблиро иҷро кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.